Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Вазорати маориф бо донишгоҳҳои Русия


Аммо ин гуфтаро додгоҳи иқтисодии Суғд, ки ахиран бо даъвии Вазорати маориф ин қазиаро мавриди бозбинӣ қарор додааст, рад кард. Шаҳодат Холиқова, раиси додгоҳи иқтисодии Суғд дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи мазкур ҳеҷ гуна қарор дар бораи қатъи фаъолияти бахшҳои донишгоҳҳои Русия, мавсум ба Росноу, яъне, Донишгоҳи нави Русия ва Донишгоҳи муосири гуманитарӣ дар Суғд қабул накарда ва бозбинии ин масъала то як моҳ ба тавқиф гузошта шудааст. Аммо ба гуфтаи хонум Холиқова, бахши Донишгоҳи муосири гуманитарии Русия дар Хуҷанд, ки бо литсензияи Тоҷикистон фаъолият мебурд, ба сурати ихтиёрӣ аз литсензия даст кашида, қатъи фаъолияти худро эълон доштааст.

Илҳом Каримов - мудири шуъбаи таълими бахши Донишгоҳи нави Русия дар Хуҷанд низ қарори додгоҳ дар мавриди қатъи фаъолияти донишгоҳашро бепоя хонд : «Ҳоло додгоҳ ягон қарор набаровардааст. Гапҳои кӯча асос надорад. Дигар ин ки литсензияи мо, ки Тоҷикистон додааст, то моҳи июли соли равон нирӯи қонунӣ дорад.»

Зимнан, вақте ки вориди толори марказии Росноу дар Хуҷанд шудам, донишҷӯён саргарми имтиҳон ва муаллимон омодаи қабули ҳуҷҷатҳои студентшавандаҳо буданд. Оқои Каримов дар ҷавоб ба ин савол, ки оё дар сурати тамдид нашудани литсензия аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон Донишгоҳи нави Русия - Росноу дар Хуҷанд метавонад идомаи фаъолият кунад, гуфт, ки ҳаққи фаъолият ба ин донишгоҳ дар асоси литсензияи ҷониби Русия бар пояи қарордоди байни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Вазорати ҳамсони Русия аз соли 2002 фароҳам сохта шудааст.

Аммо дар навбати худ Вазорати маорифи Тоҷикистон даъвӣ дорад, ки бахши Донишгоҳи Русия дар Хуҷанд бе литсензияи ҷониби Тоҷикистон ҳаққи фаъолият дар қаламрави ин кишварро надорад.

Дар ҳамин ҳол, талош миёни Вазорати маориф ва Донишгоҳи Русия дар маҳфилҳои илмиву сиёсии Хуҷанд баҳсҳои доманадорро ба думбол овардааст. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, тасмими бастани макотиби олии Русия дар Суғд аз ба сардӣ гароидани муносиботи байни Русияву Тоҷикистон маншаъ мегирад. Ба назари бархе дигар, ин иқдом ба муносиботи байни Тоҷикистону Русия тирагии дигар ворид хоҳад кард. Аммо Бобоҷони Икром - сардабири ҳафтавори «Вароруд» сарчашмаи ин муноқишаро дар вуҷуди зиддият байни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва бахши Донишгоҳи нави Русия мебинад.

Бахшҳои ду Донишгоҳи Русия: Донишгоҳи нав ва Донишгоҳи муосири гуманитарӣ дар Хуҷанд - маркази устони Суғд дар панҷ соли қабл, дар соли 2002 таъсис шудааст. Дар ҳар кадоми ин Донишгоҳҳо 800 нафарӣ ҷавонони тоҷик дар се бахш : молия ва қарз, информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, хадамоти иҷтимоӣ - фарҳангӣ таълим мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG