Моҳи июни соли 1967 дар ҳамин шабу рузҳо артиши Исроил бар нируҳои Мисру Урдун ва Сурия дар ҷанги мавсум ба шашрӯза пирӯзӣ ба даст овард ва Моше Даён, яке аз размандагони якчашмаи исроилӣ пешниҳод кард, ки ин ҷанг дар китоби Гиннес сабт шавад.
Аммо дар даҳсолаҳои баъдӣ ҷангҳо барои сарзаминҳои ишғолӣ миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо идома ёфт. Мишел Орен, таърихнависи исроилӣ гуфтааст, ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ба истилоҳ, Ховари Миёнаи навро ба вуҷуд овардааст.
Мухолифатҳо моҳи маи соли 1967 замоне шуруъ шуд, ки Ҷамол Абдулносир, раҳбари Миср нирӯҳои худро ба шибҳаҷазираи Сино фиристод ва хост назорат бар ин шибҳаҷазираро аз нирӯҳои посдори сулҳи СММ дар ихтиёри худ бигирад. Ба ин тартиб, Миср канали Суетсро бар руи киштиҳои Исроил баст. Урдуну Сурия бо Миср ҳамроҳ шуданд. Ироқ ва кишварҳои дигари арабӣ нируҳои маҳдуди худро фиристоданд. Исроил ҳамаи захираҳои худро ба ин ҷанг сафарбар кард. Нируҳои ҳавоии Исроил ба пойгоҳҳои ҳавоии Мисру Урдун ва Сурияву Ироқ ҳамла бурданд ва нируҳои ҳавоии онҳоро нобуд карданд.
Дар зарфи камтар аз як ҳафта Исроил аз шибҳаҷазираи Синои Миср ва Борикаи Ғазза то Каронаи Ғарбии руди Урдун ва баландиҳои Ҷавлони Сурияро зери контроли худ даровард. Шаҳри куҳнаи Байт-ул- Муқаддас, Байт-ул-Лаҳм, Шарм-уш-Шайхи Миср дар халиҷи Ақаба ба дасти исроилиҳо даромад ва бад-ин тариқ ҳалқаи муҳосира аз ҳам шикаст.
Баъд аз як ҳафтаи оғози ҷанг, яъне 10-уми июн Мисру Урдун ва Сурия ба оташбас розӣ шуданд. Танҳо бо гузашти 12 сол, яъне соли 1979 бо Миср сулҳ баста шуд ва шибҳаҷазираи Синоро Исроил ба Миср баргардонд. Бо Урдун соли 1994 сулҳ имзо шуд, вале каронаи ғарбии Руди Урдун дар дасти исроилиҳо монд ва дар он ҷо маҳаллоти ҷадиди яҳудинишин пайдо шуд.
Баъд аз ин пирузӣ дар маҳаллоти яҳудинишин гурӯҳҳои фанатики яҳудӣ созмон ёфтанд. Ҳамзамон, дар ин муддат бо раҳбарии Ҷамол Абдулносир - раҳбари Миср барои муттаҳид сохтани кишварҳои арабӣ кушишҳое барои сиёсӣ кардани ислом низ оғоз шуд, то Ҷамол Абдулносир бохти соли 1967-и худро аз Исроил биситонад. Зери роҳбарии Ёсир Арафот соли 1976 Ҷунбиши Раҳоибахши Фаластин созмон ёфт. Вале дар соли 1993 дар бораи сулҳи Ховари Миёна Аҳдномаи Осло ба имзо расид. Бо вуҷуди ин, то ҳол масоили калидӣ, аз қабили мақоми ҳуқуқии шаҳри Байт-ул-Муқаддас ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳал нашудааст, марзҳо дақиқ нашудаанд ва овораҳои фаластинӣ барнагаштаанд.

Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?