Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ду ҷиноҳи Ҳизби демократ


fr

Ҷиноҳҳои алоҳидаи Ҳизби демократи Тоҷикистон ҷараёни муттаҳидшавии худ дар дохили ин ҳизбро оғоз карданд. Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲД Искандаров ин хабарро дар як нишасти матбуотӣ эълом кард ва гуфт, дар нахустин нишасти муштараки тарафдорони ҷиноҳҳои Сайидҷаъфар Исмонов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров тасмим бар ин шудааст, ки Масъуд Собиров -раиси эътирофшудаи Ҳизби демократ аз сӯи Вазорати адлия аз сафи ин ҳизб хориҷ карда шавад.


Ва аммо Масъуд Собиров, раиси аз сӯи Вазорати адлия эътирофшудаи ҲДТ иқдоми якҷошавии ҷиноҳҳои Исмонов ва Искандаровро як иштибоҳи навбатии онҳо арзёбӣ кард. Оқои Собиров гуфт, Сайидҷаъфар Исмонов, ки ноиби ӯ дар ин созмон буд, баъди ташкили як ҷиноҳи дигар дар дохили ин ҳизб дар моҳи феврали соли равон аз сафи ҳизб ронда шудаааст.


Дар моҳи августи соли гузашта, дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократ, ки фраксиюнеро бо номи Ватан ташкил карда буданд, бо баргузории анҷумани фавқуллода Масъуд Собировро барои ин ҳизб раис интихоб карданд. Раёсати оқои Собировро Вазорати адлияи Тоҷикистон эътироф кард ва ин боис шуд, ки намояндаи онҳо ба ҳайси яке аз довталабони курсии раёсати ҷумҳурӣ аз сӯи Комиссиюни марказии интихобот сабти ном шавад. Вале баъдтар чанде аз аъзои раёсати ин ҳизб бо роҳбарии Сайидҷаъфар Исмонов як анҷумани дигар баргузор карда Собировро аз симмати раёсат барканор карданд. Аммо Вазорати адлияи Тоҷикистон гурӯҳи Исмоновро эътироф накард.


Дар ин миён додгоҳи яке аз навоҳии Душанбе даъвои Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҷиҳати бекор кардани қарори Вазорати адлия барои эътирофи Масъуд Собировро қонеъ накард. Ҳамакнун, Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲД-и Искандаров мегӯяд, ҳамоиши ин ду ҷиноҳ, ки ба бовари ӯ Собировро дар ин миён танҳо гузоштааст, идомаи мурофиаи додгоҳиро бар ба суди ӯ ва тарафдорнаш ҳал хоҳад кард. Зеро оқои Валиев қарори додгоҳи ноҳияро напазируфта ва расидагии онро дар Додгоҳи таҷдиди назар тақозо кардааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG