Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозеф Блаттер барои севвумин бор раҳбари FIFA интихоб шуд


- Ҷозеф Блаттер барои севвумин бор раиси Федеросиюни байнулмилалии футбол интихоб гардид.

Ба тарафдории ӯ ҳамаи 207 нафар аъзои Кунгураи 57-уми FIFA, ки дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор шуд, раъй доданд.

Блаттер нахустин бор моҳи июни соли 1998 сарвари созмони ҷаҳонии футбол ва ҷойгузини Жоао Авеланжи бразилиягӣ гардида буд.

Ҷозеф Блаттери 71-сола то соли 2011 раҳбарии FIFA-ро ба ӯҳда хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG