Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Шарифӣ ба феҳристи беҳтарин теннисбозони ҷаҳон дохил шуд


Ибод Шарифӣ, ноиби раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: "Дилшод дар бозии 1/32 ниҳоӣ бар теннисбози ҳинду Варун Валиа бо натоиҷи 6 : 3 ва 6 : 2 ғолиб омада, соҳиби аввалин имтиёз барои дохил шудан ба феҳристи беҳтарин теннисбозони ҷаҳон гардид. Вай аввалин теннисбози Тоҷикистон аст, ки тӯли даҳ соли ахир ба ин феҳрист шомил шудааст. Дилшод донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, аз синни шашсолагӣ ба теннис машғул аст. Ӯ ду сол аст, ки дар Академияи тенниси Ҳиндустон тамрин мекунад."

Дилшод Шарифӣ дар бозии 1/16 ниҳоӣ бо теннисбози Бритониёи Кабир Ҷонатан Тинселл рақобат мекунад.
Мусобиқаи интихобии ATP рӯзи 2-юми июн ба анҷом мерасад.


Рӯзи 30-юми май дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон байни дастаҳои мардона шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқа шаш даста - якдастаӣ аз вилоятҳои Суғду Бадахшони Кӯҳӣ ва дудастаӣ аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат доранд.

Мусобиқот дар толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар то рӯзи 3-юми июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG