Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон кишвари боз мешавад?


Искандар Алиев Дар ҳоле, ки собиқ президенти Туркманистон Сапармурод Ниёзов узвияти комили ин кишварро дар Иттиҳод маҳдуд намуда буд ва дар аксари нишастҳои сарони ИДМ Туркманистон ҳамчун нозир ширкат меварзид, президенти тозаинтихоби кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мехоҳад кишварашро аз инзивоъ берун барорад ва нақши созандаи Туркманистонро дар Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ барқарор созад.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз ҳамтои туркмании худ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов фарқи зиёд дорад, Ӯ сиёсатмадори собиқадор аст, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ зимоми қудратро дар дасташ нигаҳ дошт. Бердимуҳаммадов бошад, собиқ дандонпизишк асту ҳамчун раҳбари сиёсӣ ҳамагӣ чанд моҳ зуҳур намуд. Бо вуҷуди ин возеҳ аст, ки ин ду президент ҳамоно саъй доранд, равобити байниҳамдигарии ду кишвари дорои нефту газро таҳким бахшанд.

Рӯзи душанбе, 28-уми май, дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Остона президенти Назарбоев бар ин нукта таъкид кард: "Туркманистону Қазоқистон дорои захираҳои бузурги нефту газ мебошанд ва ҳамкории миёни ин ду кишвар фоидаи бузурги дуҷониба хоҳад дошт".

Ба қавли Назарбоев, ӯ ва ҷаноби Бердимуҳаммадов ҳамчунин нақши ширкатҳои қазоқӣ дар коркарди захоири зерзаминии Туркманистонро мавриди баҳс қарор додаанд.

Президенти тозаинтихоби Туркманистон ҳам бо таъйиди ин нукта изҳор намуд, дар ҳоле, ки Собиқ президенти Туркманистон Сапармурод Ниёзов узвияти комили ин кишвар дар Иттиҳодро маҳдуд намуда буд ва дар аксари нишастҳои сарони ИДМ Туркманистон ҳамчун нозир ширкат меварзид, ӯ мехоҳад кишварашро аз инзивоъ берун барорад ва нақши созандаи Туркманистонро дар ин Иттиҳод барқарор созад.

Ба назари бархе аз коршиносони сиёсӣ, барандозии ахири муҷассамаи Сапармурод Ниёзов аз шаҳри Туркманобод ва ба тарзи назаррас кам шудани аксҳои ӯ дар шаҳрҳои кишвар гувоҳе қотеъ бар ин тасмими Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мебошад. Фарид Тухбатулин, корманди созмони "Ташаббуси Туркманистон", ки қароргоҳаш дар шаҳри Вена мебошад, дар ин робита мегӯяд: "Фармони барканорсозии муҷассама аз симатҳои баланди ҳукумат меояд, зеро як мансабдори маҳаллӣ наметавонад мустақилона ба чунин қарор ояд. Ман тахмин мекунам, ки акнун ҳайкалҳои зиёди Ниёзов нопадид мешавад".

Баъзе иқдомҳои дигари раҳбарияти нави Туркманистон низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ ба олам бозтар хоҳад шуд. Мисол, ахиран Туркманистон чандин парвози ҳавопаймои мусофирбар дар хатти сайри Русияву Туркманистонро аз сар гирифт. Ҳамчунин, дар ҳоле ки баҳс рӯи тақсими захоири табиъии баҳри Каспий равобити миёни Туркманистон ва Озарбойҷонро ба қадри кофӣ сард намуда буд, ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамадёров аз ин кишвари ҳамсояи худ дидори расмӣ ба амал овард, ки дар даҳ соли ахир нахустин боздиди мансабдори воломақоми Озарбойҷон аз Туркманистон мебошад.
XS
SM
MD
LG