Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои мухталифи аҳзоби сиёсӣ


Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки зимни таҳияи лоиҳаи қонун оид ба танзими анъанаву ҷашну маросимҳо функсияи баробарҳуқуқӣ риоя нашуда ва як идда иштибоҳҳо дар матни ин лоиҳа низ ҷой доранд. Оқои Собиров ақидашро чунин шарҳ медиҳад: «Ба танзим даровардани расму оин масъулияти ҳамаи мардум аст. Яъне вақте ки масъулият аст, қонун мантиқ надорад. Шояд ба назари бархе дуруст ҳам бошад ин қонунро қабул кардан, вале ба ҳар сурат ман ба тасвиби лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдор нестам. Аслан ба танзим даровардани расму оин кори раёсати ҷумҳур ҳам набуд. Аз қабули лоиҳаи қонуни мазкур бештар мардуми қаторӣ зарар мебинанд. Шаҳрвандони қаторӣ агар ба сад мушкил, масалан, ду ҳазор сомонӣ, қарз гирифта, тӯйи худро мегузаронанд, ду ҳазор сомонии дигар ҷарима баста шаванд, қарзи онҳо ба чаҳор ҳазор мерасад. Ҷаримаро мансабдорон метавонанд бипардозанд, аммо шаҳрвандони одӣ не. Беҳтар мешуд, ҷарима ё тамоман пешбинӣ нашавад, ё аз панҷ то даҳ маоши ҳадди ақалл муқаррар шавад».

Дар мулоқоти ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомиъа, ки масъалаи танзими расму оинҳо мавзӯъи аслии он буд, оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки мутобиқ ба илова дар Қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани қонуни танзимкунандаи расму оинҳо аз шаҳрвандони одӣ ду ҳазор сомонӣ, мансабдорон 5 ҳазор ва аз шахсони ҳуқуқӣ 10 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шавад. Ҳамзамон ходимони давлатие, ки талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон»-ро риъоя намекунанд, аз вазифаҳояшон барканор хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, дар маъмурияти раёсати ҷумҳур Идораи танзимкунандаи анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода шудааст.

Саидиброҳими Назар, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, аз таъсиси ниҳоди нави танзимкунандаи маросимҳо истиқбол кард, вале боз ҳам гуфт, то куҷо ин ниҳод метавонад кори муассире анҷом диҳад - барои ӯ суоли боз боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳол Саидиброҳими Назар, лоиҳаи ин қонунро ба ин шакл дархӯри вазъ намедонад: «Маълум аст, ки он чи хурофот мебошад, ба исми Ислом дер намепояд. Ва ман гумон мекунам, ки ин масъаларо матраҳ кардан дар усул хуб аст. Усулан, мо тарафдори ин масъала ҳастем, гарчи лоиҳаи қонуне, ки раиси ҷумҳур пешниҳод кардааст, ба масъалаҳои бисёр ҷузъӣ даст задааст ва ин масъалаҳоро бидуни мутобиқат ба Қонуни асосӣ ҳал намудааст».

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, гумон аст, ки давлати Тоҷикистон дар роҳи танзими расму маросимҳои миллӣ ба ҳадафи худ бирасад. Ба гуфти ӯ, ҳар кишваре, ки талош кардааст тавассути қонунгузорӣ урфу одат, анъана ва суннатҳои мардумашро ба як қолаби муайян дарорад, муваффақ нашудааст. Вай афзуд: «Тоҷикистон ҷомиъаи анъанавӣ дорад. Ва аксарияти анъанаву урфу одат ва суннатҳои мо таърихи беш аз ду-сеҳазорсола доранд. Гузашта аз ин, вақте ки мо ба муносибатҳои бозаргонӣ чархидем, ҷомиъа ба қишрҳои мухталифи иҷтимоӣ тақсим шуд. Ва агар заминаи иқтисодии ин масъала қонунӣ бошад, бояд дар ташкил ва гузаронидани урфу одат ва суннату анъанаҳои миллӣ ҳар як инсон мустақил бошад. Тавассути қонунҳо ба танзим даровандани расму оинҳо ва урфу одатҳоро аслан ман тарафдор нестам ва гумон намекунам, ки ин қонун воқиъан амалӣ мешавад».

Вале Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҳамзамон вакили парлумон, танзими расму оинҳои мардумиро як иқдоми ногузир донист ва пуштибонӣ аз ин андеша кард, ки ходимони масъули давлатӣ барои харҷи зиёд дар маросимҳо муҷозот шаванд ва танзими, ба гуфтаи ӯ, анъанаҳои «хурофотӣ»-ро бояд худи давлат ба уҳда бигирад: «Қонун анъанаро не, қонун хароҷотро танзим мекунад. Ин бисёр ногузир аст. Ҳатто як қисме аз манбаъи буҷет ҳам ғайриқонунӣ сарфи ҳамин анъанаву ҷашнҳо ва маъракаҳои хурофотӣ мешавад. Ин чиз воқиъан вуҷуд дорад ва сухан дар бораи садҳо миллион сомонӣ меравад. Чун Тоҷикистон давлати дунявист, он бояд худашро аз хурофот халос кунад. Шумо медонед, чизе, ки анъана несту онро ба тарзи сунъӣ анъанавӣ намудаанд, барои сарватҷамъкунӣ кардаанд. Ин вазифаи давлат аст ва танзими давлатӣ дар ин масъала ҷоиз аст».

Шодӣ Шабдолов афзуд, рӯзи чаҳоршанбеи 30-юми май Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро ба баррасӣ хоҳад гирифт ва, ба гумони ғолиб, лоиҳаи мазкур аз сӯи парлумони кишвар қабул хоҳад шуд.

Ва аммо намояндагони иддае аз аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, лоиҳаи қонуни мазкур ба такмилу таҳрир ниёз дорад ва набояд дар қабули он ба шитоб роҳ дод.
XS
SM
MD
LG