Алиакбар Алимуродов, як масъули Оҷонси мубориза бо коррупсия, ба радиои "Озодӣ" гуфт, дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ мақомоти он беш аз 129 ҳазор сомониро ба нафъи шахсӣ истифода кардаанд. Вай инчунин гуфт, ки таҳқиқоти оҷонсӣ ба фаъолияти сиёсии Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирорӣ, ва Саид Зувайдов, вазири мухобиротӣ, рабте надоранд: «Дар ин кор ягон оҳанги сиёсӣ нест. Мо танҳо фаъолияти худро пиёда мекунему халос. Дар вақти корҳои ҷустуҷӯии оҷонсӣ маблағҳои азхудкардаи мансабдорони собиқи ин вазоратхонаҳо ошкор шуд. Кӣ онро аз худ кардааст, номи онҳоро гуфта наметавонам. Ҳоло парванда боз шудааст ва баъд аз анҷоми он номи айбдорҳоро додгоҳ ошкор хоҳад кард».
Ин дар ҳолест, ки Дӯстмуҳаммад Забиров, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (собиқ Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ), аз санҷиш ва хулосаи ин оҷонсӣ изҳори бехабарӣ мекунад. Вай мегӯяд, дар Кумитаи онҳо аз ришвахории собиқ мансабдорони он огаҳӣ надоранд.
Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирорӣ, яке аз фармондеҳони мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди оппозитсиюн буд, ки бо саҳми сидарсада дар ҳукумати Тоҷикистон ҷой гирифт ва ахиран дар оғози соли 2007 аз вазифаи худ барканор шуд.
Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамчунин аз фасодкорӣ дар Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ иттилоъ додааст. Ба қавли масъулини оҷонсӣ роҳбарони собиқи ин кумитаи беш аз 114 ҳазор сомонӣ маблағи давлатиро аз худ кардаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақил, мегӯяд, оҷонсӣ замоне мавориди аз худ кардани маблағҳои давлатиро ошкор кард, ки мансабдорони пешин аз мансабҳои давлатии худ барканор шудаанд ва, гузашта аз ин, корҳои ҷустуҷӯии оҷонсӣ нисбат ба мансабдорони собиқ наҳваи сиёсӣ доштааст. Ӯ гуфт: "То замони таъсисёбии сохтори нави мубориза алайҳи коррупсия мақомоти амниятдар мо Вазорати умури дохилӣ ва додситонӣ буд. Чаро ҳангоми дар сари мансаб будани ин шахсиятҳо ин масъала мавриди баррасӣ қарор нагирифт?"
Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки ришваву фасод дар тамоми қишрҳои ҷомиъаи ин кишвар вуҷуд дорад. Як рӯз пеш Созмони Шафофияти Байнулмилалӣ ва ё "Транспаренсӣ Интернешнл" дар гузориши тозаи худ имсол низ Тоҷикистонро қабили аз кишварҳои фасодзадаи ҷаҳон ном бурдааст.

Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда