Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири СУЛҲ (Гуфтори аввал)


27- уми июни соли 1997, баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ҷанги бародаркушӣ як иштибоҳ буд:

"Таърихи башар гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳаргиз теғи хусумат набардоштаанд. Эҳтимол нури офтоби озодӣ ва истиқлолият чашмони моро кӯр кард ва мо раҳгум задему нафаҳмидем, ки ба партгоҳи ҷанги бародаркушона фурӯ афтодем."

Ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзои асноди сулҳро поёни як роҳи дарозу сахте номид: "Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба сулҳ роҳи пуршебу фарози сесолаи музокиротро тай карда, мушкилоти зиёдеро пушти сар гузоштанд."

Имрӯз, ки пас аз даҳ соли он рӯзи офтобӣ ба ёдбудаш мепардозем, ҳадаф ин аст, бубинем, оё бо ин миллат чи иттифоқе афтод? Оё барномаи сулҳ ба ҳадафи худ расид? Оштии миллӣ оё як мафҳуми муҷаррад аст ё омехта бо мафҳуму падидаҳои дигар ва вобаста ба онҳо? Омилҳои таҳкими мудорои иҷтимоӣ ва душманони сулҳу осоиши ҷомеа кадоманд? Кӯтоҳи сухан, оё тоҷикон ҶАНГ ва СУЛҲИ худро дарк кардаанд? Оё медонанд, ки дар ивази нархи хунину гарон Тоҷикистон чи чизе ба даст овард?

Ин масъалаҳои мушкилро ҳамзамон бо нигоҳе ба саҳнаҳои гуногуни гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Матни пурраи ин гуфтор пас аз чанд рӯзи дигар ин ҷо нашр хоҳад шуд. Вале ин барнома бештар шуниданист ва камтар хонданӣ.

Биноан, метавонед, бо "ангушт" задан ба ин ҷумлаи сабз ҳамаи барномаро, бо садоҳои гуногун ва ороиши мусиқӣ, бишнавед.
XS
SM
MD
LG