Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нигоҳ": Чаро ҷавонон ба сиёсат гароиш надоранд?


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии ин кишвар, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони собиқ мухолифини тоҷик, дар суҳбат бо ҳафтаномаи «Миллат» эътироф намудааст, ки дар равандаи татбиқи сулҳи тоҷикон камбудиҳои зиёде ҷой доштаанд. Аммо ӯ аз баршумурдани ин нуқсонҳо худдорӣ намуда, гуфтааст, ки 15 сол баъд ба муносибати 25-солагии ҷашни ваҳдат, яъне сулҳи тоҷикон, афкору ақидаи худро дар ин маврид баён хоҳад дошт.

Оқои Тӯраҷонзода дар матлаби дигар бо изҳори ноқаноатмандӣ гуфтааст, пас аз бозгашти мухолифони ҳукумат ба ватан, хусусан дар соли 2000-ум, ҷониби ҳукумат ба оппозисюн, яъне ба яке аз ҷонибҳои сулҳкунанда, чандон эътиборе намедодааст. Кор ба ҷое расидааст, ки соли гузашта дар нуҳумин солгарди сулҳ дар шаҳраки Ғарм дар суханронии расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳатто аз Иттиҳодияи оппозисюн ном бурда нашуд ва ба саҳми раъиси мухолифини собиқ устоди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар дарёфти сулҳ ишорае ҳам нашудааст. Ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои таҷлили даҳумин солгарди сулҳи тоҷикон омодагӣ мебинад.

Евгений Ройзман, намояндаи Думаи давлатии Русия, дар суҳбат бо ин ҳафтанома гуфтааст, ки маводи мухаддира дар иқтисоди Тоҷикистон нақши умдаеро дорост. Сиёсатмадори рус дар суҳбати худ аз Ғаффор Мирзоев, собиқ раъиси Бунгоҳи мубориза алайҳи маводи мухаддираи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон мебошад, ёдоварӣ карда, ишора мекунад ки: «Хайрият, раъиси собиқи Бунгоҳи мубориза бо маводи мухаддир Ғаффор Мирзоевро зиндонӣ карданд, вагарна ӯ ин қадар ба Дума фишор ворид намуда буд, ки, ба қавле, дар ҷои корам рӯзу ҳол надоштам».

Ҳафтаномаи русизабони «Вечерний Душанбе» дар як матлаби худ навиштааст, ки Ожонси давлатии мубориза бо коррупсия масъулони собиқи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва Вазорати мухобиротии Тоҷикистонро барои суистифода аз мансабу мақом ва тасарруфи амволи давлатӣ айбдор донистааст. Дар ин матлаби ҳафтанома номи кадом масъули ин ниҳодҳо мушаххасан оварда нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Нигоҳ» аз ҷавонон суол кардааст, ки чаро онҳо ба сиёсат гароиш надоранд. Аксари пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо саргарми дарёфти маблағ барои зиндагии беҳтар мебошанд ва аз ин рӯ имкони машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсиро надоштаанд.

Нашрияи «Фараж» масъалаи танзими расму ойинҳоро мавзӯъи шумораи 1-и расонаҳои давлатӣ унвон кардааст. Ин нашрия менависад, ки рӯзи 24-уми май президенти Тоҷикистон дар дидору мулоқоташ бо қишрҳои мухталифи ҷомиъаи Тоҷикистон ин мавзӯъро дигарбора баррасӣ хоҳад кард.

Бӯрӣ Бачабеки Карим дар суҳбати худ бо ин нашрия аз танзиму расму ойин истиқбол карда, гуфтааст, ки «танзими расму ойин ва анъанаҳои маросимҳои миллӣ заруранд». Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил дар замони Шӯравӣ ҳам вуҷуд дошту ҳалли худро наёфта буд ва ба ин наздикӣ ҳалли худро нахоҳад ёфт.

Дар маҷмӯъ, нашрияҳои «Факти и комментарии», «Азия-плюс» ва «Наҷот» ба ҳам омадани Аваз Назаров ва Олег Дерипаска, мушкили таҷлили «Занги ахир» дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва интихоботи миёндавраии Маҷлиси намояндагонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG