Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазор тӯби Ромарио


Ромарио аз пайи Пеле медавад

Ромарио, муҳоҷими брозилиёвӣ, ки дар соли 1994 тими миллии кишвари худро ба унвони қаҳрамони ҷаҳон бурда буд, голи ҳазорумини худро ба ҳадаф расонид.

Ин ҳодисаи барои таърихи футболи ҷаҳон нодир ахиран дар бозии миёни «Васко да Гама» ва «Спортинг» (Ресифе) дар мусобиқоти қаҳрамонии Брозил рӯй дод. Тӯби ҳазорумини Ромарио дар дақиқаи 47 аз пеналти вориди дарвозаи рақиб гардид.

Ҳамин тариқ, баъд аз Пеле, Ромарио дуввумин футболбози ҷаҳон аст, ки ҳазор тӯб задааст.
Баъд аз ин гол, мухлисони футболбоз ва журналистон ба майдон давида баромаданд. Бозӣ танҳо баъд аз бист дақиқа аз сар гирифта шуд.

Ромарио, бар иловаи ҳазор тӯб, боз се унвони қаҳрамонии Ҳолланд, як унвонии қаҳрамонии Испониё ва Брозил, қаҳрамни ҷаҳон, Ҷоми Конфедератсияҳо, ва ду бор Ҷоми Амрико ва ҷоми Меркосур ва чаҳор унвони қаҳрамони иёлати Рио де Жанейроро соҳиб аст.

Ҳамакнун, ба истилоҳи хабарнигорон, ин тӯби ҳазорумин барои Ромарио чун алмосе дар тоҷи дастовардҳои футболияш мебошад. Ромарио кайҳо мехост, ки бозӣ карданро бас кунад, аммо хоҳиши задани тӯби ҳазорумин ӯро ором намегузошт.
XS
SM
MD
LG