Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дави миллӣ дар Душанбе


Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ширкаткунандагони Рӯзи дави миллӣ, ки синнашон аз 8 то 80-сола буд, ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр давиданд.


Пойгаи давандаҳо аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт шурӯъ шуда, баъди замони муайян дар ҳамин ҷо ба анҷом расид.

Дар давидан ба масофаи 10 километр байни мардон Соҳибҷон Шарифов, узви бошгоҳи варзишии «Перевал»-и шаҳри Турсунзода, мақоми аввалро касб кард. Ин масофаро Надежда Риоева, хонандаи синфи 11-и мактаби шумораи 92-и шаҳри Душанбе аввалин шуда байни занон тай намуд.

Бино ба гуфтаи оқои Бобоҷонов, чунин маъракаҳои варзишӣ дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон доир гардид.

Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти Рӯзи дави миллӣ ва сертификати Кумитаи байнулмилалии олимпӣ супурда шуданд.


Эрон - қаҳрамони футзали Осиё

Дар бозии ниҳоии мусобиқоти имсолаи футзали Осиё дастаи мунтахаби Ҷумҳурии исломии Эрон дастаи Ҷопонро шикаст дода, дар ин навъи варзиш қаҳрамони имсолаи қитъа гардид.

Эрониҳо ба дарвозаи соҳибони майдон чаҳор гол зада (Маҷид Латифӣ, дақиқаи 15-ум, Муҳаммад Тоҳирӣ, 26, Воҳид Шамсоӣ, 31 ва Козим Муҳаммади Тирободӣ, 37), ба дарвозаи худ танҳо як тӯб сар доданд (Рикарудо Хига, 37).

Лозим ба тазаккур аст, ки дастаи Эрон унвони қаҳрамони футзали Осиёро барои ҳаштумин бор ба даст овардааст.

Дастаи футзали Узбакистон, ки бар тими Қирғизистон бо натиҷаи 5:3 пирӯз гардид, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.
XS
SM
MD
LG