Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон дар Душанбе шурӯъ шуд


Ба барномаи ин бозиҳо ҳашт навъи варзиш шомил аст. Нахуст варзишгарони наврас дар риштаҳои бокс, волейбол, варзиши сабук, гуштии дзюдо ва гуштии миллӣ ба рақобатҳо оғоз карданд. Баъдан мусобиқоти наврасон дар риштаҳои гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ ва гуштии самбо то рӯзи 22-юми май идома хоҳад кард.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: "Ғолибони Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Брести Белорус доир мегардад, ширкат меварзанд."


Ба иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон паҳлавонони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 кило, Шералӣ Бозоров дар вазни 81 кило ва Неъматулло Асронқулов дар вазни 90 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувайт дар риштаи гуштии дзюдо соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.


Бо фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми майи соли 2007 дар кишвар Рӯзи дави миллӣ эълон шудааст.

Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ ширкати ҳудуди 150 ҳазор афроди синну сол ва касбу кори мухталиф дар назар аст. Ширкаткунандагони Рӯзи дави миллӣ дар давидан ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр рақобат мекунанд."


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни бозигарони зери 17-сола, ки дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ - шаҳри Сеул баргузор шуд, дар гурӯҳи «Е» бо тимҳои наврасони Белгия, Тунис ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақобат хоҳад кард.

Ин мусобиқот бо ширкати 24 дастаи мунтахаби наврасони ҷаҳон дар шаш гурӯҳ аз 18-уми август то 9-уми сентябри соли равон дар Куриёи Ҷанубӣ доир мегардад.


Бар пояи иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон бозиҳои нахустин марҳилаи мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати 11 дастаи лигаи олӣ ва 5 дастаи лигаи аввал рӯзҳои 19-ум ва 20-уми май баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG