Кайрат Кожамжаров, муовини раиси Бунгоҳи мубориза алайҳи фасод ва ҷиноёти иқтисодии Қазоқистон дар як нишасти хабарӣ дар Остона аз мавориди нави боздошти мансабдорони қазоқ бо иттиҳоми олудагӣ ба фасод зикр кард. Ҷаноби Кожамжаров чанд мисол овард:
• Канат Айменов, ки қаблан сарвари бахши дафтари нахуствазири кишвар буд, бо ҳамдастии шахси дигаре чанд амали қаллобӣ карда, роҳбарони ширкатҳои сохтмониро водор сохтааст, ки гӯё барои ҷудо кардани замин ба ҳокимияти Алмаато ришва диҳанд ва бо ин роҳ 75 ҳазор доллари амрикоиро соҳиби намудааст.
• Мансабдори дигар, Булот Палимбетов, ки қаблан ҳокими вилояти Мангистав буд, ҳангоми дар сари мансаб буданаш ба шахсе дар ҷои хушобу ҳавои шаҳри Актав замин дода, бар подошаш дар вилояти Қизилурда, дар маҳалли зисти падараш соҳиби иморати барҳаво ба маблағи анқариб 190 ҳазор доллар аст.
• Канатов, муовини раиси Кумитаи молиёти Қазоқистон дар ришвахорӣ ришвахорони дигарро ба истилоҳ ба як нӯл задааст. Канатов як силсила ширкатҳоро аз молиёт озод карда 10 дарсади он маблағро ба ҷайбаш задааст. Дар натиҷа, ӯ ба давлат ба маблағи 144 миллион доллар зарар расонидааст.
Сергей Злотников, раиси иҷроияи Бунёди ҷамъиятии «Транспаренси Казахстан» мегӯяд, ҳарчанд ниҳодҳои қудратӣ алайҳи фасод назар ба пештара ба андозае муборизаро шиддат бахшидаанд, вале ҳамоно фасод дар ҷомеа дар ҳоли бештар реша давонидан аст. Вай мегӯяд, бештар фасод дар ниҳодҳои нозир ба мушоҳида мерасад.
Аз сӯи дигар, ба андешаи оқои Злотников, ҷиҳати коҳиш додани фасод ва соири ҷиноёти иқтисодӣ муборизаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ кам аст, дар ин роҳ иродаи сиёсӣ ва фаъолнокии аҳли ҷомеа лозим аст.
Аммо дар феҳраси кишварҳои фасодзада, ки онро созмони Транспаренси Интернешнл тартиб додааст, Қазоқистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавғеъи беҳтар буда дар байни 165 кишвари дунё дар ҷойҳои 111 -113 аст.

Мардум Киргизистонро демократи мегуянд аммо банда ин кишварро бехокимияти мехисобад.
Дар ДМТ мора дарс додагияяя...Худо умрша дароз кна малими хоксор бд
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон