Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликияти дуздӣ ё шубҳанок қонунӣ мешавад


Ҳафтаномаи «Факти и комментари» бо нашри як матлаби муфассал дар сафҳаи аввали худ расмӣ кардани молу мулки аз роҳҳои ғайримашрӯъ ба дастомадаро идомаи мантиқии қонунӣ кардани пулҳои бо роҳҳои мухталиф андӯхта дар соли 2003 арзёбӣ кардааст. Ба эътиқоди муаллиф ин иқдом бар суди он идда аз афродест, ки солҳои зиёд бидуни пардохти ҳар навъи молиёт ва бо шеваҳои ҳатто номашрӯъ сарват гирд овардаанд. Муаллиф эзоҳ додааст, ки аслан ин қишри ҷомеаянд, ки амвол ва сарвати худро ё дар пайи тиҷорати маводи мухаддир ё бо роҳи фасод ва ришват ғун қардаанд. Бо қабули қонуни мазкур илова кардааст муаллифи «Факти и коментари» порлумони Тоҷикистон мушкилоти ниҳодҳои муборизакунанда бо фасодро бо ин афрод осон кардааст.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо нашри матлабе таҳти унвони «Иттиҳоди иқтисодӣ ё иқтисоди туркӣ» пешниҳоди Нурсултон Назарбоев - Раиси ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ташкили Иттиҳоди кишварҳои Осиёи марказиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Ба эътиқоди муаллифи ин матлаб таъсис ёфтани як чунин созмони минтақаӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба он аз лиҳози иқтисодӣ барои ин кишвар муҳим мебошад. Зеро агар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон бихоҳад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ аз манбаи ашёи хом раҳо ёбанд, бидуни ҳамкории хуб ва таҳкими ин равобит ба тавфиқ даст нахоҳанд ёфт.

Ҳафтаномаи «Миллат» таҳти унвони «Ба сӯиқасд ба ҷонам бовар надорам» мусоҳибаеро бо Муҳамадшариф Ҳимматзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбари маънавиии ин ҳизб, нашр кардааст, ки зимни он оғои Ҳимматзода шоеъоти заҳролудшавии худро рад кардааст. Муҳамадшариф Ҳимматзода дар идомаи сӯҳбатҳои худ ба бурду бохти даҳсолагии имзои Созишномаи сулҳ пардохта ва аз кишварҳое, ки Маҳмуд Худойбердиевро, ба гуфтаи ӯ, дар оғӯш гирифтаанд ва тақвият мекунанд, ба унвони омилони хатар барои сулҳи Тоҷикстон ном бурдааст. Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамчунин дар мавриди шахсиятҳои маъруфи Ҳизби наҳзат, ки ҳоло дар сафҳои ин ҳизб фаъолият намекунанд изҳори назар карда ва гуфтааст Давлати Усмон гоҳо мегӯяд, ки ман аз раёсати ҳизб рафтаам на аз ҳизб, гоҳи дигар кӯшиши таъсиси ҳизби дигареро мекунад, вале барои бозгашти ӯ ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеҷ монеъа вуҷуд надорад.

Ҳафтаномаи «Фараж» мавзӯи ширкати аҳзоб дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагонро ба баррасӣ гирифтааст, ҳузури камранги аҳзоб дар ин маъракаро мавриди интиқод қарор додааст. Нашрия гуфтааст, ки аз миёни ҳашт ҳизби сиёсӣ ширкат кардани танҳо ду ё се ҳизб дар интихоботи миёндавраӣ далели заъфи созмонҳои сиёсии кишвар, баргузории интихоботҳои ғайришаффоф ва нобо варии масъулони аҳзоби мухолиф аз ҷамъбасти мунсифонаи интихоботҳо мебошад.
Тибқи иттилои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Раҷаб Пиров дар шаҳри Хасавюрти Доғистон тавассути нируҳои амниятии Русия боздошт шуда аст, ки гуфта мешавад, узви гурӯҳҳои ҷудоиталаби чечен ва аз наздикони Хаттоб будааст.
Ва дар охир як хабари фарҳангӣ аз нашрияи «Нигоҳ». Ин ҳафтанома дар ростои рӯзи "Шашмақом", ки ҳамасола 12 май дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, назарпурсӣ доир карда ин суоро матраҳ кардааст, ки оё «Шашмақом»-ро гӯш мекунед, 32 дар сад аз пурсидашудаҳо посухи мусбат додаанд. Вале дар айни ҳол ҳашт дар сад гуфтаанд «Шашмақом»ро гӯш намеку нанд.
XS
SM
MD
LG