«Дар Бадахшон фаҳмидем, ки Кумитаи ҷавонон мо барин одамони бекорро ба Русия мефиристад. Омадем, ки ақаллан муддати шаш моҳ кор кунем ва маблағе ба даст орем. Мутаассифона, тавре гуфтанд, мо дар Русия ҳоло на ба кори сохтмонӣ, балки ба ҳосилғундорӣ машғул хоҳем шуд...»
Акбаршоҳи Савлоншоҳ, як ҷавони бадахшонӣ, буд, ки ҳамакнун бо пуштибонии Кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиши назди раёсати ҷумҳурӣ барои кор ба шаҳри Волгогради Русия меравад. Вай мегӯяд, аз панҷ сол бад-ин сӯ аз бекорӣ ранҷ мекашад. Аз ин рӯ, ноилоҷ ба пешниҳоди Кумитаи ҷавонон розӣ шудааст, то дар Русия ба тарбузчинӣ ва ғундоштани ҳосили зироатҳои полезӣ машғул шавад. Аммо ҳеч ниҳоде то ҳол ба ӯ ва коралабони дигар нагуфтааст, ки кафолати сиҳҳати онҳоро кӣ медиҳад. Вай изҳори нигаронӣ мекунад: «Ростӣ, ҷои хобамон ҳам он қадар хуб набудааст. Ба мо гуфтанд, ки аз ин пас дар хаймаҳо зиндагӣ хоҳем кард».
Вале Носир Бӯриев, сардори раёсати Кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш ба барномаи «Ояндасоз» гуфт, ки ҳамин моҳ беш аз сесад нафар ҷавонони корҷӯй ба Русия фиристода мешаванд. Ба қавли ӯ, ин кор ҳанӯз соли гузашта таҷриба шуда буд ва ҷавонони бекор дар муддати шаш моҳ барои корашон маблағҳои ҳазору дусаддолларӣ дарёфт карданд: «Ҷавононе, ки ба биржаи меҳнати Кумита муроҷиат мекунанд, аз тасмими мо розиянд. Аллакай як қисмати онҳо соли гузашта кор карда омадаанд ва дар ин росто таҷрибаи хуби корӣ ҳам доранд. Бояд бигӯям, ки рафтуомад, ғизо ва ҷои хоби онҳо ройгон таъмин карда мешавад».
Дар ҳамин ҳол, бархе аз ҳамсуҳбатони ҷавонам дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ин тасмими Кумитаи ҷавононро ҳанӯз роҳи ҳалли мушкили бекории ҷавонон намедонанд. Як ҳамсуҳбатам мегӯяд, маблағе, ки Кумита дар ҳамроҳӣ бо биржаҳои меҳнати Русия ва Беларус барои кори шашмоҳаи онҳо муайян кардааст, барои пеш бурдани рӯзгор дар кишвар кифоят намекунад: «Бар иловаи ҷои хобу хӯроки бепул, агар чорсад долларӣ ҳақмузд медоданд, хеле хуб мебуд. Мутаассифона, яксаду бист ё дусад долларе, ки инҳо бароямон муайян кардаанд, барои рӯзгор намерасад».
Аммо гурӯҳе аз ҷавонони дигар, тасмими Кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиши ҷумҳуриро як амри саривақтӣ медонанд. Онҳо бар ин боваранд, ки ин тасмим дар роҳи аз миён бурдани сатҳи бекорӣ як андоза кумак хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои наздик иддае аз ҷавонони тоҷик ҷиҳати кор ба шаҳрҳои Волгограду Тюмени Русия ва Мински Беларус сафар мекунанд.
Оё ин корҳои мавсимиии панҷ-шашмоҳа, ки эшон фаро гирифта мешаванд, метавонад сатҳи бекорӣ миёни ҷавонони кишвари моро поин барад? Ва оё чи теъдод аз ҷавонони тоҷик ва ба кадом муддат метавонанд ба ин таҷриба умед банданд?
oyandasoz@rferl.org

Саломат бошед ман як хонандаи синфи хаштум вакте муаллима гиря дошт хамин хел навиштам лекин хондам бечора муаллимара суханхои бад навиштанд худо нигох бон бошад муаллимаи азазам..
Ингуна беадолатиро дар хурдиям дар филмҳои ҳиндӣ дида будам. Имрӯз бошад дар ҳаёти воқеӣ.
Хонандагони гиромӣ! Маъзарат, ки андешаҳоямро пурра баён карда натавонистам. Бо вуҷуди он ки сӯҳбаторо пофишорӣ мекарданд нафаре ё ниҳодеро гунаҳкор хонам, масъала фарогир асту ин роҳи ҳал нест. Ҳамин сӯҳбат сабаб шуд, ки андешаҳоямро сари ин мушкилӣ нависам. Аз ин рӯ миннатдорам аз акаи Мирзонабӣ ва Радиои Озодӣ барои имкони баррасии ҳамин мушкилӣ. Шакли пурраи андешаҳоямро ин ҷо овардаам: https://www.facebook.com/asomiddin/posts/10158623081473153?__cft__[0]=AZX-vq_4I2xprkGNMmpyeBhNbQULnGwfggqtRRqYRv-Ol44w6-GTtiVE4KRF_pHWy0ySqh_Djw6oV-LKES-kv8oNMb06kFSO6F8nCKUtm85QAHLeZ1eSPCwWDSRkV26adOg&__tn__=-UK-R]-R
Рафиқ Афсар хела дили пуралам дори ба фикрм. Мефаҳмам. Ҳамихели хдт се чор каси дига мондагияй да армия, шморам партоен брен Россия кор. Бад диг Пешво тамоман Амир, Султон, Шоҳ мешава.
Ин артиши камбағалон аст. Дар артиши Британия шоҳзода Гаррӣ дар артиш хидмат карда буд. Кадом писар ё духтари президент ё поёнтараш дар артиш ҳамчун сарбоз хидмат кардааст. Баччаҳои онҳо хидмат нокарда рутбаи генералӣ мегиранд, ё тавба.... Генерал бояд хидмати ҳарбиро аз рутбаи сарбози оддӣ сар кна!!!!