Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳову рақсҳои касифи кайҳонӣ


Сегонаи "Ҷангҳои кайҳонӣ" беҳтар аз сегонаи "Кадхудои ангуштарҳо"?

«Ҷангҳои кайҳонӣ» ва «Рақсҳои касиф» дӯстдоштатарин филмҳо дар Бритониё будаанд. «Ҷангҳо»-ро бештар мардон меписандидаанд ва «Рақсҳо» филми дӯстдоштаи занон будааст. Чунин аст натоиҷи як пурсиши шабакаи телевизионии бритониёвии Sky Movies.

Бино бар ин пурсиш, мардон ҳамчунин «Терминатор-2» ва «Бегонаҳо»-ро низ дӯст медоштаанд. Занон бошанд, аз тамошои «Бонуи зебо» ва «Бриолин» хаста намешудаанд. Воқеан, барои занон «Ҷангҳои кайҳонӣ» пас аз «Рақсҳои касиф» дар ҷои дуввум меистодааст.

Қобили қайд аст, ки аз миёни филмҳои дар Тоҷикистон маъруф, «Кадхудои ангуштарҳо» ва «Титаник» ба панҷгонаи беҳтаринҳо ворид нашудаанд.

Мардон «Ҷангҳо»-ро ба ҳисоби миёна беш аз бист бор тамошо кардаанд. Ва аммо занҳо «Рақсҳои касиф»-ро ками кам ба ҳисоби миёна 15 борӣ тамошо карда будаанд.

Панҷгонаи дӯстдоштатарин филмҳои мардон:

1) Ҷангҳои кайҳонӣ (Star Wars, Звездные войны)
2) Бегонаҳо (Aliens, Чужие)
3) Терминатор
4) Давандаи рӯи теғ (Blade Runner, Бегущий по лезвию бритвы)
5) Сарпараст (ё Падари таъмидӣ) (The Godfather, Крестный отец)

Панҷгонаи дӯстдоштатарин филмҳои занон:

1) Рақсҳои касиф (Dirty Dancing, Грязные танцы)
2) Ҷангҳои кайҳонӣ
3) Бриолин
4) Садои мусиқӣ (The Sound of Music, Звуки музыки)
5) Бонуи зебо (Pretty Woman, Красотка)
XS
SM
MD
LG