Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқадорони ҶБВ: Қаноатҳо ва шикоятҳо, хушҳолиҳо ва норизоиятҳо


Ҷумъа Усмонов, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, ҳукумати кишвар ва ноҳияаш ҳамеша дар пайи ҳалли мушкилоти собиқадорони ҷанг мебошанд.

Иззат Хушвахтов, маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини ноҳияи Қалъаи Хум, ки дар тантанаҳои ҷашнӣ дар пойтахти кишвар ширкат дошт, мегӯяд, аз муносибати ҳукумат дар баробари худаш шикояте надорад.

Тибқи иттилооти расмӣ, аз 290 ҳазор иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 220 ҳазор нафари онҳо ба Ватан баргаштаанд. Ва аммо 62 сол баъд, яъне имрӯз теъдоди онҳо ба 5 ҳазор нафар мерасад. Тайи як соли ахир ҳудуди 600 нафар иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон бо ҳаёт падруд гуфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чандин маротиба таъкид дошт, ки то ӯ ҳаст, намегузорад, ки собиқадорони ҷанг хорӣ кашанд.

Дар ҳамин ҳол, мӯйсафеде аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нахост худро муаррифӣ кунад, гуфт, нафақае, ки ӯ мегирад, барои рӯзгузарониаш кифоят намекунад.

Ва Абдулло Бобоев, иштирокдори ҶБВ, сокини 83-солаи шаҳри Душанбе гуфт, аз зиндагие, ки дорад, розӣ нест, зеро барои ӯ як хонум намерасад ва ин ҳам бо ҷурми фарзандонаш.

Ҳукумати Тоҷикистон имтиёзи зиёдеро дар ихтиёри собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузоштааст. Ҳоло онҳо ҳуқуқи ройгон истифода бурдан аз нақлиёт, барқ ва дигар хизматрасониҳои маиширо доро мебошанд. Тибқи иттилооти расмӣ, ҳадди миёнаи нафақаи собиқадорони ҷанг 300 сомониро ташкил медиҳад. Ва ду сол ба ин сӯ дар 9 май, Рӯзи Ғалаба сари ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 сомонӣ тахсис медиҳад.
XS
SM
MD
LG