Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи бидуни интихоб?


Вале масъулони аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ба баргузории интихоботи миёнадавраии озод бовар надоранд. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфт, таҷрибаи ширкати Ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи миёнадавраии моҳи апрел баёнгари он буд, ки ҳанӯз бархӯрд ва мавқеъгирии мақомоти давлатӣ ба интихоботҳо тағйир нахӯрдааст. Оқои Зоиров гуфт, чунин интихоботҳо, ки зери фишору назорати мақомоти давлатӣ сурат мегиранд, имкони пирӯзии аҳзоби мухолифро зери суол мегузоранд:

«Масъалаи интихоботи миёндавраӣ кайҳо ҳалли худро ёфтааст. Бубинед, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як бор дар чунин интихобот иштирок карду бовар ҳосил намуд, ки интихоботҳо дар асоси қонун ва иродаи интихобкунандаҳо намегузаранд».

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон номзади худ: Неъматулло Холмуродовро аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ пешбарӣ кардааст, ки вай бо Сафар Сафаров, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия ва ҳоло номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ рақобат мекунад. Рустам Латифов, муовини раиси Ҳизби кишоварзӣ гуфт:

«Ҳар як ҳизб мақсад дорад, ки пирӯз биёяд. Мо низ ҳоло корҳои тарғиботӣ мебарем ва ба ғалаби номзади худ бовар дорем. Аллакай ситоди мо созмон ёфтааст ва номзади ҳизб бо интихобкунандагони худ дар саҳро ва дигар муассисаҳо вохӯрӣ гузаронид».

Бархе аз коршиносон ширкати Ҳизби кишоварзӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро ғайривоқеӣ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, чунин аҳзоб дар байни ҷомеа мавқеи хос надоранд, вале ҳукумат онҳоро ба манфиати худ истифода мебарад. Тоҳири Абдуҷаббор, таҳлилгари сиёсӣ ишора мекунад, ки интихоботи миёнадавраӣ дар ҳавзаҳои Ҷомӣ ва Ёвон идомаи интихоботҳое хоҳад буд, ки ба гуфтаи ӯ пур аз тақаллубкорию фишорҳо буданд:

«Интихоботи озоду шарофатмандона сурат намегирад. Дар интихоботе, ки дар пеш аст, ҳамон манзареро хоҳем дид, ки дар интихоботҳои гузашта шоҳиди он будем».

Маҳмадшариф Нозимов, муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ таъкид кард, ки Рустам Назаров, узви раёсати ин ҳизб ҳарифи ягонаи номзад ба мақоми вакилии Порлумон аз Ҳизби халқӣ - демократӣ Ҳисориев хоҳад буд. Вай гуфт, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар ноҳияи Ёвон тақрибан панҷоҳ нафар аъзо дорад, аммо онҳо бештар ба раъйи ҷонибдорони худ такя мекардаанд:

«Дар вохӯрӣ бо мардум ҳис мекунем, ки таваҷҷӯҳи мардум нисбат ба номзад ва ҳизби мо хеле зиёд аст. Ҳамчунин дар интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ тақрибан ҳашт дарсад раъй гирифта будем».

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои сиёсии худ, пас аз баргузории интихоботи миёнадавраӣ барои курсии вакили Порлумон дар моҳи апрел изҳор дошта буд, ки дар интихоботи бистуми май ширкат нахоҳад кард.

Ҳамин тавр, аҳзоби сиёсӣ бо мавқеъҳои мухталиф ба интихоботи миёндавраӣ наздик мешаванд. Коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон ба ин назаранд, ки омодагӣ барои баргузории интихобот нишон медиҳад, ки интихоботи бистуми май чун интихоботҳои миёндавраии қаблӣ бидуни рақобати амалии ҳизбҳо ва бидуни ширкати фаъоли раъйдиҳандаҳо хоҳад гузашт.
XS
SM
MD
LG