Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милан 3 - 0 Манчестер


Дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо Ливерпул бо Милан бозӣ мекунад.

Милан дар бозии ниманиҳоӣ дар майдони худ бо ҳисоби калони се бар сифр бар Манчестер пирӯз омада роҳхати дуввум ба бозии ниҳоиро соҳиб шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 11 Кака боз намуд. Баъд аз бист дақиқа Зеедорф ҳисобро бештар намуд ва дар қисми дуввуми бозӣ Ҷилардино голи саввуми Миланро ба нишон расонд.

Бозии якуми ин дастаҳо бо ҳисоби се бар ду ба нафъи Манчестер анҷом ёфта буд.

Бозии ниҳоӣ байни Ливерпул ва Милан рӯзи 23 май дар пойтахти Юнон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG