Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент дар паёми солонааш чӣ гуфт?


Паёми солонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ба парлумон дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи кишвар вокунишҳои мухталиф ба бор овардааст. Ва аммо ин дар ҳолест, ки чун замони ироаи паём ва пахши он аз тариқи телевизион ва родиёҳо номувофиқ ва ё дар соати корӣ сурат мегирифт, ағлаби мардум дар шунидани ин паём таъхир карданд. Вале ба ҳар сурат он нафароне, ки фурсати шунидани ин паёмро доштанд, назари худ ба нуктаҳои аслии онро иброз доштанд.


Алихон Одинаев, омӯзгори донишгоҳи омӯзгории Душанбе мегӯяд, аслан таваҷҷӯҳи дубораи раиси ҷумҳур дар ин паёми худ ба коҳиш додани харҷу сарфи барзиёд дар баргузории маросиму маъракаҳо бар ин маънист, ки феълан ин мушкил дар сари ҷомеаи кишвар ҷиддӣ қарор дорад. Аммо чун ин суханон дубора дар сӯҳбат дар парлумони кишвар садо дод, боясти, ки ин мақоми олии қонунгузор дар танзими қавонуни кишвар бо таваҷҷӯҳ ба инчунин масъалагузорӣ амал кунанд. Ӯ ҳамчунин мегӯяд зарурати таъсиси як ниҳоди мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро таъкид кардани раиси ҷумҳур бар ин маънист, ки Тоҷикистон тасмим дорад бо риояти созишномаҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳаққи шаҳрвадони худро пуштибонӣ кунад.



Ва аммо ба назари сиёсатмадорон ва коршиносони дохилӣ паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар чаҳорчубаи паёмҳои солҳои қаблии ӯ ба ин мақоми олии қонунгузор сурат гирифтааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, раиси ҷумҳур дар паёми тозаи худ ба парлумон ба чанд нуктаи тоза таъкид кард ва ба мисли солҳои қаблӣ чанд пешниҳодро дар миён гузошт, аммо дар баъзан маворид ҷузъиёти он норӯшан боқӣ монд.




Вале чун раиси ҷумҳур дар ин паёми худ ҳамчунин ба рӯи даст гирифтани тарҳҳои бузурги иқтисодӣ аз тариқи сармояи дохилӣ сӯҳбат кард, бархе коршиносон чунин имконро номумкин арзёбӣ карданд. Зеро ба эътиқоди онҳо ҳукумат чанд сол қабл, барои мисол дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 аз чунин иқдом кор гирифта буд, аммо таври маълум ин иқдом номуваффақ анҷом ёфт ва натанҳо бо инчунин сармоя нирӯгоҳ бунёд нашуд, балки мардум ҳатто маблағҳои сармоягузорикардаи худро бозпас гирифта натавонист. Аммо ин дар ҳолест, бархе аз мансабдорони кишвар чунин тарзи кор, яъне аз сӯи сармояи дохилӣ бунёд кардани тарҳҳои бузурги иқтисодиро дар шароити феълӣ имконпазир медонанд.



Ба эътиқоди Матлубхон Давлатов, мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ дар ҳоли ҳозир кафолати бозпас баргардони маблағҳои сармоягузори мешудаи мардум ва ҳамчунин фоидаи ин сармояҳо вуҷуд дорад ва ҷомеаи кишвар дар ин маврид бояд ташаббуси ҷиддӣ нишон диҳад. Аммо нуктаи муҳими дигаре аз паёми тозаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони кишвар таваҷҷӯҳи коршиносони дохилиро ба худ ҷалб кардааст, тақвияти ҳамкориҳои кишвараш бо Амрико, Чин ва Ирон мебошад. Ва чунин ҳадс мезананд, ки ин суханони раиси ҷумҳур вазъи феълӣ ва дурнамои муносибот бо ин кишварҳоро бозгӯӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG