Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналисти тоҷик ва ҳамлаи ҷавобӣ


Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуъот (International Press Institute) гузоришҳои наверо дар бобати вазъи ҳуқуқи журналистон ва озодии матбуъот дар Тоҷикистон ба нашр расонданд.

НАНСМИТ бори дигар ба монеъаҳои кори журналистон ишора карда, Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуъот мегӯяд, рӯйдодҳои зиёде далели инанд, ки мақомоти Тоҷикистон аз дастрасии мардум ба манобеъи мустақили иттилоъ ҷилавгирӣ мекунанд.

Дар гузориши Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфта мешавад, дар моҳи март 9 ҳодисаи нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон китобат шудааст ва дар ҳоле ки дар маркази кишвар як беҳбуди нисбие дар ин пайванд ба мушоҳида мерасад, дар вилоят ва ноҳияҳо шумори чунин воқеъаҳо бетағйир боқӣ мемонад.

Дианo Орлово, мушовири аршади Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуъот дар сӯҳбати телефонӣ ба мо вазъи матбуот дар Тоҷикистонро ингуна шарҳ дод: "Вазъият ингуна аст, ки дар Тоҷикистон як миқдор озодии матбуот вуҷуд дорад, вале на ба он андоза ки битавон гуфт, матбуоти Тоҷикистон озод аст. Ҳолат ва маҳдудиятҳое мавҷуд аст, ки журналистон наметавонанд, ба монанди фаразан, ҳамкасбони худ дар дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ монанди Латвия ё Эстония амал кунанд. Баъзан журналистон аз дастрасӣ ба маълумоти барои мардум муҳим маҳруманд, гоҳе намояндагони давлат чунин монеъаҳоро ба миён меоранд ва гоҳе дар нишастҳои хабарӣ низ маҳдудиятҳое эҷод мекунанд."

Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуъот аз се ҳодисаи ҳабси хабарнигорон ҳангоми иҷрои вазифа иттилоъ додааст. 23-юми январи соли гузашта, мухбири "Кулябская правда" Зафар Муродов, ки мехост, бо гурӯҳи тазоҳуркунандагон дар маркази ноҳияи Восеъ ҳамсӯҳбат шавад, аз тарафи полис боздошт шуд ва ин воқеъа сабаб гашт, ки Зафар натавонист, роҷеъ ба намоиши эътирозӣ гузориш диҳад. Айни чунин воқеъа бо хабарнигорони радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода ва хабаргузории Авесто Ҷамолиддин Сайфиддинов дар Қӯрғонтеппа, ҳангоми сӯҳбати онҳо бо донишҷӯёне, ки ба пахтачинӣ маҷбур карда шудаанд, ба амал омад.

Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз рӯйдодҳои имсол, мумониати мақомоти давлатро дар чанд ноҳия зикр карда, аз ҷумла менависад, хабарнигори Азия Плюс Саидраҳмон Назриев ба иҷлосияи вакилони шӯрои вилоят роҳ дода нашуд. Ба хабарнигори дигари ин расона Турко Дикаев дар шаҳри Кӯлоб, аккоси нашрияи ноҳиявии "Вахш" Акбаралӣ Умаров, низ имкон дода нашуд, вазифаи худро иҷро кунанд. Намояндаи идораи сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда ба муҳаррири нашрияи "Трибуна Таджикистана" Валентина Қосимбекова ошкоро гуфтааст, бо журналистон ҳеч гуна сӯҳбат намехоҳад. Сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик" Нозир Ёдгорӣ аз посух додан ба суолҳои хабарнигори радиои Хуросон Қосими Бекмуҳаммад саркашӣ кардааст.

Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуъот менависад, қонунҳои Тоҷикистон ба онҳое ки аз додани иттилоъ ба хабарнигорон саркашӣ мекунанд, ҷазои ҷиддӣ пешбинӣ кардааст. Биноъан аз раиси Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мепурсам, оё боре чунин ҳодиса шудааст, ки масъуле барои саркашӣ аз додани иттилоъ дар додгоҳ муҳокима шуда бошад? Гуфт: "Мутаассифона, дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи барои надодани маълумот ба додгоҳ кашида шудани шахси масъул ба назар нарасидааст. Шояд ин ҳолат ду сабаб дорад. Аввалан, маърифати ҳуқуқии журналистон дар сатҳи зарур нест ва сониян, онҳо медонанд, ки боз бояд ба ҳамин манобеьи иттилоъ муроҷиат ва бо он ҳамкорӣ кунанд."

Аз қаҳрамони яке аз чунин ҳодисаҳо, хабарнигори Азия Плюс дар Қӯрғонтеппа Саидраҳмон Назриев пурсидам, вақте шуморо ба ҷаласаи вакилони халқ роҳ надоданд ва ҳам маълум шуд, ки ба ягон сабаби воқеъӣ, оё беҳтар набуд, ин афродро тибқи қонуни матбуот ба додгоҳ бикашед?

"На, зарур надонистам, зеро баъд аз он намояндаи мақомоти расмӣ аз ман бахшиш пурсид ва бо ҳамин масъаларо ҳалшуда ҳисобидем."

Ҳарду ҳамсӯҳбати мо бар инанд, ки дер ё зуд чунин ҳодиса бояд иттифоқ афтад ва чашми мансабдорону масъулонро боз кунад. Саидраҳмон Назриев аз ҳамлаи лафзии як мақоми баландпояи давлат ба сардабири яке аз ҳафтаномаҳои кишвар изҳори нороҳатӣ кард ва гуфт, шояд ин ҳам яке аз фурсатҳоест, ки журналистон бояд аз ҳуқуқ ва шарафи худ дифоъ кунанд.
XS
SM
MD
LG