Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20-уми май - Рӯзи дави миллӣ


Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Рӯзи дави миллӣ ҳамасола бо мақсади тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим дар саросари кишвар баргузор мегардад. Пойга ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр сурат мегирад. Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ соли гузашта беш аз 100 ҳазор нафар одамони синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда буданд. Имсол ширкати ҳудуди 150 ҳазор нафар дар назар аст. »

Ба гуфтаи ҷаноби Бобоҷонов, тибқи фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, дар Рӯзи дави миллӣ фаъолона ширкат варзида, ба ҷалби аҳолӣ барои ширкат дар чорабинии мазкур мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG