Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Нашри гузориши нави НАНСМИТ

кю

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориши навбатии худро дар мавриди ҳуқуқи рӯзноманигорон дар моҳи марти соли равон нашр кард. Дар ин гузориш аз нӯҳ мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар моҳи марти соли равон ёдоварӣ мешавад.


Ҳарчанд ин гузориш баёнгари мавориди зиёди риоят нашудани ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳдудсозии фаъолияти онҳост, аммо тибқи навиштаи Анҷуман, мавридҳои нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар қиёс бо моҳи феврали ҳамин сол нисбатан поён рафтааст. Тибқи гузориши мазкур, моҳи март бештари мавридҳои нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳдудияти онҳо барои дастрасӣ ба манобеъ дар минтақаҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудаанд.


Ҳамчунин, дар гузориш ба касбияти рӯзноманигорон баҳо дода шуда таъкид мешавад, ки ҳанӯз ҳам аз лиҳози ҳирфаӣ хабарнигорони тоҷик дар сатҳи пас қарор доранд. Умед Бобохонов, раиси оҷонсии «Азия-плюс» гуфтааст, ки «касбияти пасти рӯзноманигорони мо ба рушди расонаҳои хабарӣ дар кишвар монеа эҷод мекунад».


Масъалаи танқидҳои ҳукумат аз риоя нашудани забони давлатии кишвар дар расонаҳо дигар мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар моҳи март шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо, нашрияҳое, ки ба забони давлатӣ чоп мешавад, ҳанӯз ҳам аз лиҳози баён ва тасаллути забонӣ мушкилоти зиёд доранд.
Каюмарси Ато, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Таркиши маргбор дар Кобул баъд аз озодии раҳбарони Толибон

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфтанд, дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Кобул дастикам 7 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорат, ба расонаҳои хориҷӣ гуфтааст, таркиш субҳи 13-уми ноябр дар минтақаи Қасаба, дар шимоли фурудгоҳи Кобул, рух дод.

То кунун масъулияти ҳамларо касе ба уҳда нагирифтааст. Ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Кобул фаъоланд.

Нусрат Раҳимӣ гуфт, ҳамаи қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд ва афзуд, "эҳтимол шумори кушташудаҳо афзоиш ёбад".

Ин таркиш як рӯз баъд аз он рух дод, ки ҳукумати Афғонистон се раҳбари Толибон, бо шумули Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии раҳбари шабакаи Ҳаққониро бо шарти раҳоии ду профессори Донишгоҳи амрикоӣ дар Афғонистон озод кард.

Раҳоии онҳоро Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон эълон кард, аммо дар бораи сарнавишти асирони ғарбӣ маълумот надод. Мушаххас нест, онҳо кай ва дар куҷо озод хоҳанд шуд.

Кевин Кинг аз Амрико ва Тимоти Викс аз Австралия моҳи августи соли 2016 дар маркази Кобул рабуда шуданд.

Баъзе аз таҳлилгарон умедвор буданд, ки тасмими ахир метавонад хушунатҳоро дар Афғонистон коҳиш дода, роҳро барои музокироти сулҳ ҳамвор кунад. Аммо на Толибон ва на шабакаи Ҳаққонӣ то кунун дар бораи табодули зиндониён изҳори назар накардаанд.

Бархурди сарди Кремл ба пешниҳод дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод кард, ки раҳбарони Украина ва Русия Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонанд, ки дар кишвараш гуфтугӯи мустақимеро анҷом диҳад.

Назарбоев 12-уми ноябр дар як ҳамоиш дар шаҳри Нурсултон гуфт, Зеленский барои иштирок дар чунин мулоқот розӣ шудааст. Вале зоҳиран, Кремл он қадар ҷонибдори ин пешниҳод нест.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи сешанбе ба рӯзноманигорон гуфт, Москва ҷонибдори баргаштани муносибатҳои Русияву Украина ба "ҳолати оддӣ" аст, вале ин бидуни "ҳамкории Украина имкон надорад".

"Бешубҳа, Путин бар ин аст, ки мулоқот барои мулоқот камтар суд меорад. Барои он бояд омодагӣ дид. Мо ба омодагиҳо барои "шакли нормандӣ" тамаркуз мекунем",-изҳор дошт Песков бо ишора ба шакли вохӯрие, ки раҳбарони Украина, Русия, Фаронса ва Олмонро ба ҳам меорад.

Муносибатҳои Москва ва Киев пас аз он бад шуданд, ки Русия дар соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол ва аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷонибдорӣ кард. "Агар ба онҳо (Путину Зеленский) минбари бетараф лозим бошад, ман пешниҳод кардам",-гуфт Назарбоев.

Гумонбарон дар қатли тоҷири қирғиз боздошт шуданд

Гумонбарони қатли тоҷир Айеркен Саймаитӣ ангезаҳои ҷинояти содиркардаашонро ошкор карданд. Дар ин бора аз мақомоти пулиси Туркия хабар доданд.

"Шаҳрванди Сурия Алӣ Исбеҳ ва ду шаҳрванди Қирғизистон - Ҳусейн Акматалиев ва Абдуллоҳ Энвер боздошт шуданд. Шаҳрванди Сурия шиносномаи ҷаълӣ дошт. Онҳо дар Сурия бо ҳам ошно шудаанд. Қирғизистониҳо моҳе пеш ба Туркия омаданд. Боздоштшудаҳо дар бозпурсӣ гуфтанд, ки тоҷирро ба хотири мусалмон набуданаш куштаанд", - гуфт Атилла Килич, намояндаи пулиси Туркия.

Айеркен Саймаитӣ шоми 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Саймаитиро замоне куштанд, ки вай дар наздикии қаҳвахонае дар минтақаи Фотеҳи Истамбул нишаста буд. Қотил аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони "Аз пайи миллионҳо доллари аз Қирғизистон бурдашуда" нашр кард, ки бар асоси он, тайи солҳои 2011- 2017 ҳудуди 700 млн доллар ба воситаи бонкҳои гуногун ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ИМА ва Ҳонгконг интиқол дода шудааст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкор Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки бо гумони қатли Айеркен Саймаитӣ ду шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Сурия боздошт шудааст.

Захмӣ шудани 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон

Дар як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар вилояти Қарағанда рух додааст. Дар сомонаи "Каzakhstan today" омадааст, шаби 11-уми ноябр бинобар яхбандии роҳҳо ронандаи автобуси Ван Ҳул, ки шаҳрванди Қазоқистон будааст, ҳангоми ҳаракат ба самти Алмаато аз ӯҳдаи идораи мусофирбар набаромада, ба як мошини дигар бармехӯрад.

Дар натиҷа 7 мусофири автобус, ки 5 нафарашон зодагони Тоҷикистон буданд, маҷрӯҳ мешаванд. Шумораи умумии мусофирони автобус 15 нафар будааст. Маҷрӯҳон феълан дар бемористон қарор доранд. Садамаи мазкур аз сӯи мақомоти интизомӣ таҳқиқ мешавад.

Ҷудо кардани $300 млн барои таъмири маҷмааи мушакии ба номи Назарбоев

Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон дар ҷаласае дар шаҳри Нурсултони он кишвар гуфт, барои рушди маҷмааи мушакии муштараки Русияву Қазоқистон "Байтерек" 300 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд. Моҳи сентябри имсол расонаҳои Русия хабар доданд, ки маҷмааи мазкур ба номи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузошта шудааст.

"Моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи мулоқоти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои русаш Владимир Путин ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки амалисозии тарҳи густарда дар Байконур - маҷмааи мушакии "Байтерек" муштаракан ба роҳ монда шавад",-нақли қавл кардааст хабаргузории "Интерфакс" аз Аскар Мамин.

Мамин муҳлати амалисозии тарҳро ошкор накард, аммо ба гуфтаи вай, корҳои сохтмонӣ ба зудӣ шуруъ мешаванд. Ба навиштаи "Интерфакс", бо ташаббуси Русия тарҳ номи "Оғози Назарбоев"-ро хоҳад гирифт.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин розӣ шуд, ки маҷмааи мушакии "Байтерек" ба "Назарбоев" табдили ном кунад.

Назарбоев ҳанӯз дар замони побарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ - дар соли 1991 - сари қудрат омада, танҳо баҳори имсол аз мақоми президентӣ истеъфо дод. Ҳомиёни ҳуқуқ ва мунаққидон борҳо изҳор доштанд, ки Назарбоев дигарандешонро таҳаммул надорад ва озодиҳову ҳуқуқҳои сокинонро маҳдуд мекунад.

Корея бемористонҳои Узбекистонро бо таҷҳизоти нав таъмин мекунад

"Эскимбонк"-и Кореяи Ҷанубӣ барои харидории таҷҳизоти нави тиббӣ дар бемористонҳои Узбекистон 74 миллион доллар ҷудо мекунад.

Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон 11 ноябр хабар дод, ки дар поёни мулоқот бо намояндагони "Эскимбонк" дар шаҳри Тошканд санади ҳамкорӣ измо шудааст.

Тарҳи мазкур муҷаҳҳаз сохтани бештар аз 150 муассисаи тиббиро дар навоҳии дурдаст ва деҳоти Узбекистон бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пешбинӣ мекунад.

Интиқоди Клинтон аз Лондон барои расонаӣ накардани натиҷаи санҷиши дахолати Русия

Номзади пешин ба мақоми президентии ИМА тасмими ҳукумати Бритониёро барои расонаӣ накардани гузориши порлумон дар бораи таъсири Русия ба сиёсати ин кишвар "шарҳнопазир" ва "шармовар" номид.

Клинтон, ки Русияро дар дахолат ба интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 айбдор мекунад, 12 ноябр гуфт, шаҳрвандони Бритониё ҳақ доранд, пеш аз рафтан ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ дар рӯзи 12 декабр бо гузориши кумитаи иктишофӣ ва амнияти порлумони худ шинос шаванд.

"Аз ин ки ҳукумат ба расонаӣ шудани гузориш иҷозат намедиҳад, ҳайронам. Ҳар як интихобкунанда ҳақ дорад, ки пеш аз интихоботи шумо бо гузориш шинос шавад",-гуфт ӯ дар суҳбат бо Бӣ-Бӣ-Сӣ.

Гузориши Кумитаи иктишофӣ ва амнияти Бритониёро хадамоти махсуси ин кишвар санҷид, вале ҳукумати сарвазир Борис Ҷонсон ба расонаӣ шудани он иҷозат надод. Ҳукуматдорон гуфтанд, ба онҳо вақт лозим аст, то пайомади расонаӣ шудани гузоришро ба амнияти миллии ин кишвар биомӯзанд. Кумитаи мазкури порлумони Бритониё изҳорот дар бораи амалҳоеро аз сӯи Русия тафтиш кард, ки зидди Лондон равона шудаанд.

Туркия квотаи табобати ройгонро барои қирғизистониҳо афзоиш дод

Туркия квотаи табобати ройгонро дар ин кишвар барои шаҳрвандони Қирғизистон афзоиш дод. Бар асоси қароре, ки дар нашрияи расмии Туркия "Resmi Gazete" нашр шуд, шумори квотаҳо аз 50 адад - то 180 кас дар сол афзоиёш ёфтааст.

Аз имкони табобати ройгон дар Туркия қирғизистониҳое бархурдоранд, ки табобати ҳамсонро наметавонанд дар кишвари худ бигиранд. Квота барои беморони вазнин, аз ҷумла гирифтор ба саратон ё пайванди узв аст. Як қисми беморонро Вазорати тандурустии Қирғизистон ва як қисмро сафорати Туркия дар Бишкек мефиристад. Табобати ройгони қирғизистониҳо дар Туркия дар доираи созишномае сурат мегирад, ки соли 2014 имзо шудааст. Танҳо харҷи роҳ аз ҳисоби бемор хоҳад буд.

Табибони турк низ чандин бор барои анҷоми ҷарроҳиҳои вазнин ба шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон рафтаанд. Туркия ҳамчунин пешниҳод карда буд, ки дар Қирғизистон озмоишгоҳи худро таъсис диҳад.

Reuters: Зеленский розӣ шуд, бо Путин дар Қазоқистон мулоқот кунад

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон пешниҳод кард, ки омода аст, мулоқоти роҳбарони Русияву Украинаро ташкил кунад.

Назарбоев мегӯяд, вай то кунун розигии Владимир Зеленский, президенти Украинаро барои мулоқот дарёфт ва дар ин бора ба Владимир Путин, президенти Русия хабар додааст. Киеву Москва ин иттилоъро шарҳ надодаанд.

"Ман ризоияти Зеленскийро барои мулоқоти як ба як дарёфт кардам ва дар ин бора ба президенти Русия хабар додам. Агар майдони бетарафе зарур бошад, ман Қазоқистонро пешниҳод кардам", - менависад Reuters аз қавли Назарбоев.

Вадим Пристайко, вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, Зеленский дар талоши сохтани муносибатҳое бо Русия аст, ки баъди он дар хоки Украина дигар одамон кушта нашаванд.

Қатъи ҷанг дар Донбасс яке аз ваъдаҳои интихоботии Владимир Зеленский буд. Моҳҳои охир Киев дар талоши баргузории "Нишасти Нормандӣ" аст. Украина бо ташкили нишасти Нормандӣ мехоҳад, низоъро танзим кунад, аммо санаи баргузории нишасти эҳтимолӣ то кунун дақиқ нашудааст.

Ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Душанбе ва Данғара

Нишасти хабарии вазирони фарҳанги Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе. 12-уми ноябри соли 2019

Дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Узбекистон баргузор мешавад. Ба ин муносибат ҳайати 57-нафарии ҳунармандони узбек ба кишвар омадаанд.

Маросим рӯзи 13-уми ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуруъ шуда, 14-уми ноябр бо “Шоми дӯстӣ” дар Душанбе ба поён хоҳад расид.

Қабл аз оғози ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши аксҳо дар мавзӯи "Узбекистони муосир" ва нишасти хабарии вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор шуд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, "дар Тоҷикистон ҳудуди 30 дарсади аҳолиро бародарони узбек ташкил медиҳанд. Ба онҳо ҳеч маҳдудият вуҷуд надорад. Онҳо дорои дастаҳои ҳунарӣ ҳастанд ва дар ҳар маросими давлатӣ иштирок мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик шумораи узбекҳоро дар Тоҷикистон ҳудуди 10-15 дарсад ҳисоб карда буданд.

Бахтиёр Сайфуллоев, вазири фарҳанги Узбекистон гуфт, дар кишвари онҳо низ “тоҷикон андак нестанд”, аммо шумораи дақиқеро ба забон наовард. Вай танҳо гуфт, "дар ҳамаи вилоятҳои Узбекистон мактабҳои тоҷикӣ фаъол аст. Ҳамчунин дар бештаре аз донишгоҳҳо шӯъбаҳои таълим ба забони тоҷикӣ вуҷуд доранд."

Зимнан, эълон шуд, ки Шералӣ Ҷӯраев, Абдуҳошим Исмоилов ва Оқобек Собиров, овозхонони саршиноси узбек шомили ҳайати ҳунарии Узбекистон ҳастанд. Аз соли 2017 ба ин тараф бори дувум аст, ки рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар Турқузободи Эрон "зарраҳои ураниюм"-ро ёфтаанд

Акс аз бойгонӣ

Дидбони ҳастаии Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, нозирони он дар як маҳалли эълоннашуда дар Эрон “зарраҳои табиии урани пайдошуда аз антропоген”-ро ёфтаанд.

Хабаргузориҳои ғарбӣ рӯзи 11-уми ноябр дидаанд, ки Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ин маҳалро дар гузориши пинҳонии семоҳаи худ, ки ба кишварҳои узв мефиристад, нишон надодааст.

Исроил Эронро айбдор кардааст, ки дар макони эълоннашуда, ноҳияи Турқузобод дар канораи Теҳрон, фаъолиятҳои ҳастаӣ мекунад.

Дар гузориши Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки захираҳои урани камғанишуда бо вуҷуди вайрон кардани созишномаи ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфта ва тасдиқ мекунад, кишвар ҳоло уранро дар коргоҳи ҳастаии худ Фордов бой мекунад. Он ҳам аз рӯи шартномаи ҳастаӣ манъ карда шудааст.

Тибқи гузориш, Эрон ҳар моҳ баровардани уранро то 100 кило афзоиш медиҳад ва ин нишондод аз соли пеш дида 4 кило зиёдтар аст.

Теҳрон оҳиста-оҳиста баъзе аз ӯҳдадориҳои худро аз рӯи созишномаи ҳастаӣ кам кард, зеро Иёлоти Муттаҳида моҳи майи 2018 аз созишномае, ки ба Эрон дастрасиро ба тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҷойи пешгирӣ аз барномаи ҳастаиаш фароҳам оварда буд, берун шуд ва ба Эрон таҳримҳои сахт ҷорӣ кард.

Президенти Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис бо дабири кулли СММ вохӯрд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Порис иштирок кардааст. Форуми Порис, ки рӯзи 12-уми ноябр оғоз шуд, иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Ин форум ҳамасола баргузор мешавад ва ҳадафи он дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷҳо, таҳкими сулҳ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва муқовимат бо қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳо мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ин ҳамоиш, оқои Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш, президенти Форуми сулҳи Порис Паскал Ламӣ, раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, президенти Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйн мулоқот кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 9 рӯз ба ин тараф дар сафари аврупоӣ қарор дорад. Сафари ӯ рӯз 4-уми ноябр аз Швейтсария оғоз шуд ва баъдан дар Фаронса идома кард.

Дар остонаи дидори раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, дастикам ду созмони муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хоста буданд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон "чашм напӯшад".

Ҳамчунин гуруҳе аз мухолифони тоҷик, бо шумули намояндагони "Паймони Миллӣ", ки дар Тоҷикистон бар асоси қарори додгоҳ мамнуъ ва ифротӣ эълон шудаанд, рӯзи 8-уми ноябр дар Париж таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд. Онҳо озодии маҳбусони сиёсӣ, хатми шиканҷа дар зиндонҳо ва баргузории интихоботҳои озоду шаффофро талаб карданд.

Сарони кишварҳои узви СПАД дар Қирғизистон ҷамъ меоянд

Президентҳои кишварҳои узви СПАД - Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 28 ноябр дар Қирғизистон гирди ҳам меоянд. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар доданд.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон бо вазири корҳои хориҷиаш Чингиз Айдарбеков омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои СПАД-ро баррасӣ кард.

Қарор аст, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 27 ноябр ба Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Рӯзи 28 ноябр ҷаласаи Шӯрои СПАД баргузор ва дар он роҳбарони Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва сарвазири Арманистон ширкат хоҳанд кард.

СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст".

Пулҷамъкунӣ аз буҷавиҳои Туркманистон барои Рӯзи бетарафӣ

Кормандони муассисаҳои давлатии Туркманистонро вазифадор карданд, ки барои ҷашни Бетарафии Давлатӣ маблағ ҷамъ оваранд.

"Дар муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо, боғчаҳо пулҷамъкунӣ шуруъ шудааст. Фаразан маоши ҳамшираҳои шавқат 1000 манат бошад, аз онҳо талаб мешавад, ки 2000 манат ҷамъ оранд. Кормандони боғча, ки маошашон 600 манат аст, аз онҳо талаб шудааст, ки 1000 манат пардохт кунанд. Ҳама ҷо ҳар гуна аст",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Бонки марказии Туркманистон арзиши 1 доллари ИМА-ро 3,5 манат муқаррар кардааст. Маоши миёна дар он кишвар аз рӯи қурби расмӣ 228 долларро ташкил медиҳад.

Кормандони муассисаҳои давлатӣ хабар доданд, ки бахшида ба рӯзи ҷашн дар кишвар мусобиқаи дучархаронӣ баргузор мешавад. "Мегӯянд, бояд дучархаҳои нав харида шавад ва ҷашн дар сатҳи зарурӣ баргузор гардад",-гуфт як корманди муассисаи давлатӣ дар суҳбат бо хабарнигор.

Дар Туркманистон Рӯзи бетарафӣ 12 декабр таҷлил мешавад. Аммо барои ҷашнҳо, аз ҷумла харидани дучарха дар он кишвар дар сол чанд маротиба аз кормандони буҷавӣ маблағ ҷамъ меоранд.

Бори охир дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар вилоятҳои Марӣ ва Лебап аз кормандони буҷавӣ барои харидани дучарха маблағ ҷамъ оварда буданд.

Эрон ғанисозии уранро дар корхонаи зеризаминӣ оғоз кард

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) гуфт, оғози ғанисозии уран дар корхонаи зеризаминии Фордуи Эрон бар хилофи созишномаи Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳон аст. Дар қароргоҳи созмон дар Вена гуфтанд, ки захираи урани ғанишудаи Эрон меафзояд.

Хабаргузории Reuters гуфт, мавқеи Эрон хилофи маҳдудиятҳое аст, ки дар доираи созишномаи байналмилалии соли 2015 ҷорӣ шуда буд.

Мақомоти Эрон ғанӣ сохтани уранро дар посух ба бурунрафти ИМА аз созишномаи ҳастаӣ дубора оғоз карданд. Ин созишномаро панҷ узви доимии СММ - Русия, ИМА, Чин, Бритониё, Фаронса ва ҳамчунин Олмон имзо карда буданд. Мақомоти Теҳрон мегӯянд, омодаанд, ба иҷрои уҳдадориҳои худ баргарданд, агар Вашингтон таҳримҳоеро бекор кунад, ки пас аз бурунрафти ИМА аз созишнома ҷорӣ шудаанд.

Миллей: "Сарбозони Амрико чанд соли дигар дар Афғонистон мемонанд"

Марк Миллей.

Генерал Марк Миллей, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, шояд сарбозони кишвараш то чанд соли дигар дар Афғонистон бимонанд. Нерӯҳои Амрико 18 сол аст, ки дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳузур доранд.

Дар мусоҳибае бо телевизиони ABC, ки рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд, Марк Миллей гуфт, баъди ҳамлаҳои террористии соли 2001, ҳадафи аслии рафтани сарбозони Амрико ба Афғонистон, тазмин додани он буд, ки ин кишвар дигар ба пойгоҳи террористоне табдил наёбад, ки мехоҳанд, ба Амрико ҳамла кунанд. Вай афзуд: “Ин маъмурияти мо ҳанӯз поён наёфтааст. Маъмурияти мо замоне муввафақ мешавад, ки ҳукумати Афғонистон, нерӯҳои амниятии афғон тавоноии онро дошта бошанд, ки имкон надиҳанд, террористони қаламрави онҳоро барои ҳамла ба дигар кишварҳо ва бахусус Иёлоти Муттаҳида истифода баранд.”

Айни замон дар Афғонистон 14 ҳазор сарбози амрикоӣ ва ҳазорон низомӣ аз кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ки зери раҳбарии НАТО дар таъмини амният ва тақвияти артиши Афғонистон кумак мекунанд. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфтааст, фурсати он расидааст, ки нерӯҳояшро аз кишварҳои гирифтори муноқиша дар саросари ҷаҳон берун кашад.

Дар як рӯз дар Панҷоб 9 нафарро куштанд

Панҷоб дар гузашта ҳам шоҳиди ҳамлаву бомбгузорӣ шудааст. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳамлаи ғофилгирона ба як мошини пулис дар вилояти Панҷоби Покистон 5 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки ҳамла рӯзи 10-уми ноябр дар ноҳияи Раҷанпур сурат гирифтааст. Ба қавли онҳо, маъмурони амниятӣ ва пулис ҳангоми талош барои боздошти гурӯҳе аз тундравон дар маҳаллаи Арбӣ Тибба мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтаанд.

Калим Қурайшӣ, сухангӯи пулис ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” гуфтааст, ки дар байни қурбониён ду афсари пулис, ду маъмури амниятӣ ва як ҳамкорашон буданд. То кунун касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар як ҳамлаи дигари афроди мотосиклсавор дар посгоҳе дар шаҳри Дараи Ғозихон дар вилояти Панҷоб чаҳор нафар аз ҷумла як афсари пулис кушта шудаанд.

FT: Хешу наздикони Башор Асад дар Маскав 20 хона харидаанд

Маркази тиҷоратии байнулмилалии "Москва-Сити"

Хешу наздикони президенти Сурия Башор Асад дар маҷмаъҳои маскунии маркази тиҷоратии "Москва-Сити" на камтар аз 19 хонаро харидаанд. Дар ин бора нашрияи Financial Times бо такия ба ҳуҷҷатҳое хабар додааст, ки созмони ғайридавлатии зидди фасод Global Witness ба даст овардааст. Моликияти авлодии раҳбари Сурия дар Маскав ба сурати умум 40 миллион доллар баровард шудааст.

Бино бар ин аснод, аҳли хонадони тағо ё бародари модари Башор Асад – Муҳаммад Махлуф - аз соли 2013 ба харидани хонаҳо дар Маскав машғуланд. 13 воҳиди маскунӣ моликияти писартағои президенти Сурия Ҳафиз Махлуф ё ширкатҳои зери назорати ӯст. Ду манзили гаронбаҳо ба ҳамсари писартағои дувумии Асад — тоҷири бонуфузи Сурия Рами Махлуф тааллуқ доранд. Боз се иншооти дигар дар осмонхарошҳои Маскав аз тарафи бародарони Махлуф харида шудаанд. Ба қавли нашрия, ба камияш чаҳор воҳид ҳамчун хонаҳои истиқоматӣ истифода мешаванд.

Ҳама онҳо, ки соҳиби моликият дар Маскаванд, таҳти таҳримҳои байнулмилалӣ қарор доранд. Аммо барои ин муомилаҳо аз ширкатҳои офшор истифода шудааст. Ба навиштаи Financial Times, расман ин моликият ба чанд ширкати офшории лубнонӣ тааллуқ доранд. Намояндагони ин ширкатҳо аз посух додан ба хабарнигор худдорӣ намуданд.

Ба огаҳии Global Witness, ба камияш яке аз ширкатҳо бо кумаки Сбербанки Русия ин додуситадҳоро анҷом додааст. Гумон меравад, ин танҳо бахши кучаке аз ҳамкории бонкҳои Русия бо хонадони Асад бошад. Дар солҳои 2012 ва 2013 Reuters ва Wall Street Journal хабар дода буданд, ки режими Асад дар ду бонки асосии Русия- Газпромбонк ва ВТБ ҳисоб боз кардааст.

Лаҳистон дархости истирдоди Мазурро баррасӣ мекунад

Игор Мазур

Дар Лаҳистон муҳокимаи Игор Мазур як шаҳрванди Украина оғоз меёбад, ки бо дархости Русия ва бо иттиҳоми терроризм дастгир шудааст. Дар ин бора Артём Валах, консули Украина дар шаҳри Люблин рӯзи 10-уми ноябр ба расонаҳои украинӣ хабар додааст.

Игор Мазур, яке аз раҳбарони баландпояи гуруҳи миллатгарои УНА-УНСО аст ва Русия мегӯяд, ки ӯ дар ҷангҳои солҳои 90-ум дар Чеченистон ба зидди нерӯҳои Русия ҷангидааст. Мақомоти интизомии Маскав ӯро ба терроризм муттаҳам кардаанд ва аз Интерпол ҳам хостаанд, ки дар дастгир кардани Игор Мазур мусоидат кунад. Ӯро бар асоси ҳамин дархост рӯзи 9-уми ноябр дар гузаргоҳи Дороҳуск-Ягодин дар марзи Украинаву Лаҳистон дастгир карданд.

Мазур узви ду гурӯҳи украинӣ аст, ки Русия онҳоро гуруҳҳои ифротӣ мешуморад. Ӯ барои ширкат дар як конфронс ба Варшава мерафт, вале ӯро ба шаҳри Холм бурданд. Додситонҳои Лаҳистон ӯро се соат бозпурсӣ карда ва дар ивази васиқа ба консулгарии Украина дар шаҳри Люблин супоридаанд. Артём Валах гуфтааст, азбаски 11-уми ноябр дар Лаҳистон рӯзи истироҳат аст, муҳокимаи Игор Мазур ва баррасии дархост барои истирдоди ӯ ба Русия рӯзи 12-уми ноябр баргузор мешавад.

Раиси ҷумҳури феълии Руминия пешсафи интихобот

Клаус Ёҳаннис дар байн

Клаус Ёҳаннис, раиси ҷумҳури феълии Руминия, дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ раъйи бештари мардумро ба даст овардааст. Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ, ки Кумиссиёни Марказии Интихоботи Руминия эълон кард, Клаус Ёҳаннис, сиёсатмадори ғарбгаро ва раиси Ҳизби Миллии Либералӣ тақрибан 38 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст.

Ба тарафдории рақиби ӯ Виорика Данчила, нахуствазири барканоршуда фақат 23 дар сад раъй додаанд. Ҳарду дар даври дуввуми интихобот бо ҳам рақобат мекунанд. Дар интихобот аз миёни 18 миллион мардуми дорои ҳаққи раъй фақат 48 дар сад ширкат кардаанд. Дан Барна, раиси саввумин ҳизби бузурги Руминия бо номи Ҳифзи Ваҳдати Руминия дар интихобот фақат 15 дар сади мардум раъй додаанд, ки натиҷаҳои маъюскунандае барои ҳизб ҳисоб мешавад.

Дар интихоботи вакилон барои Порлумони Аврупо ин ҳизб 22 дар сади мардум раъй дода буданд. Баръакси раъйдиҳандагон дар дохили кишвар, шаҳрвандони муқими хориҷ дар интихобот ширкати фаъол доштаанд ва 675 ҳазор нафар раъй додаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот то чанд рӯзи дигар эълон мешавад.

Мақоми нави домоди хурдии президенти Узбекистон

Отабек Умаров, домоди хурдии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехта (ММА) таъйин шуд. Худи федератсия 8 ноябри соли равон таъсис ёфт.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Умаров бо варзишгарон мулоқот карда, ҳамроҳашон тамринеро низ анҷом додааст.

Ёдрас мешавем, ибтидои соли равон варзишгари маъруфи доғистонӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагомедов иттилоъ дод, ки мехоҳад, дар Узбекистон академияи ин навъи варзишро боз кунад.

Домоди хурдии Мирзиёев ҳамзамон муовини аввали раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон низ ҳаст.

Комиссия бе барқ мондани шаҳри Нурсултонро тафтиш мекунад

Баъди садамаи шоми якшанбе дар хатҳои барқи шаҳри Нурсултони Қазоқистон қисме аз манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурии ин шаҳр бе барқ монданд. Субҳи рӯзи 11 ноябр ҳукумати шаҳри Нурсултон хабар дод, ки дар манзили сокинон ва биноҳои маъмурӣ барқ дубора барқарор шудааст.

Шоми якшанбе сокинони Нурсултон аз бебарқии қисме аз шаҳр ва фаъол набудани чароғакҳои роҳнамо шикоят карданд. Алтай Кулгинов, шаҳрдори Нурсултон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки бартарафсозии оқибати садама идома дорад.

Берик Курмангулӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон субҳи рӯзи душанбе хабар дод, ки дар робита ба садама дар хатҳои барқ президенти Қазоқистон дастур додааст, ки комиссияи махсус ин ҳолатро санҷад.

"Санҷиши ҷиддӣ бояд анҷом ва гунаҳкорон пайдо шаванд ва дар сурати зарурат парванда бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шавад",-хабар дод Курмангулӣ аз қавли Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон.

Миёнаҳои моҳи июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон низ чанде аз ноҳияҳои шаҳр давоми чанд соат бе барқ монда буданд. Бебарқӣ дар шаҳри Алмато боиси танбашавии роҳҳо гардид ва метро низ аз кор монда буд.

Дар Туркия соҳибкори қирғиз Айэркен Саймаитиро куштанд

Соҳибкор Айэркен Саймаитӣ, ки номаш дар таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи берун бурдани миллионҳо доллар аз Қирғизистон зикр гашта буд, дар Туркия кушта шуд.

Ба иттилои нашрияи туркии "Hürriyet", шахси номаълуме 10 ноябр соҳибкори қирғизро дар меҳмонсарое дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истамбул парондааст. Соҳибкор дар беморхона ҷон додааст. Додситонии Туркия тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони "Аз пайи миллионҳо доллари аз Қирғизистон бурдашуда" нашр кард, ки бар асоси он, тайи солҳои 2011- 2017 ҳудуди 700 млн доллар ба воситаи бонкҳои гуногун ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ИМА ва Ҳонгконг интиқол дода шудааст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкор Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст. Худи ӯ дар суҳбат бо радио гуфт, ки Саймаитӣ ва ҳамсарашро намешиносад ва аз онҳо пуле ҳам дарёфт накардааст. Бунёди "Исмоил Матраимов" солҳои ахир чорабиниҳои варзишиеро бо иштироки мансабдорони баландпоя баргузор мекунад.

Панҷ эронӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шудаанд

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки панҷ шаҳрванди ин кишвар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод ва ба Эрон бозгаштаанд. Тибқи иттилои ИРНА -хабагузории расмии Эрон, ин афрод бо пайгирии сафорати Эрон дар Душанбе озод шуда ва рӯзҳои ахир ба Теҳрон бозгаштанд. Ин афрод дар пайи эълони афв дар Тоҷикистон, раҳо шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи гузашта ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни асосӣ афв эълон кард, ки тибқи онҳо ҳазорон нафар зиндонӣ, аз ҷумла хориҷиён мавриди афв қарор гирифтанд.

Маълум нест, ин шаҳрвандони Эрон ба кадом гуноҳ дар зиндонҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешуданд. Дар соли 2015 ҳудуди 10 тан аз маҳбусони эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ки асари онҳо барои қаллобӣ ва авбошӣ муҷрим шинохта шуда буданд.

Дар Ишқобод тандиси алабай қомат меафрозад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки дар пойтахти кишвараш тандис ё ҳайкали саги навъи алабай гузошта шавад.

Бердимуҳаммадов дар ҳоле ин дастурро дод, ки рӯзи 6 ноябр аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Ишқобод ошно мешуд. Ба навиштаи расонаҳо, баландии тандис 15 метрро ташкил хоҳад дод.

Дар Туркманистон сагҳои навъи алабай ҳамчун дастоварди миллӣ эътироф шудаанд. Бердимуҳаммадов моҳи сентябр китоберо бахшида ба алабай таълиф ва интишор кард. 13 сентябр вай шеъреро низ бахшида ба алайб дар ҷаласаи ҳукуматӣ қироат кард.

Расонаҳои расмии Туркманистон мегӯянд, тандиси алайб моҳи июли соли 2020 такмил хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳри Ишқобод як тандиси алабай мавҷуд аст. Тандиси саги алабай бо номи "Бовафо" моҳи декабри соли 2017 пардабардорӣ шуда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ҳамлаи маргбор як рӯз пас аз табодули асирон дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00
XS
SM
MD
LG