Норвегия, ки қарор аст, рӯзҳои 26-27 апрел нишасти вазирони умури хориҷаи НАТО ва Русияро пазироӣ кунад, мухолифи истиқрори системҳои дифои мушакии Амрико дар Аврупои Шарқӣ мебошад.
Вазири хориҷаи ин кишвар Йонас Гаҳр Стоере бо шарҳи мавқеи худ аз оғози "сабқати нави мусаллаҳона" ҳушдор дод.
Алорағми мухолифатҳои Русия, ИМА мехоҳад то соли 2013 даҳ дастгоҳи боздорандаи худро дар Лаҳистон ва радари ба он вобастаро дар қаламрави Ҷумҳурии Чех мустақар кунад. Ин мавзӯъ қарор аст, ба яке аз масоили аслии мавриди баҳси нишасти НАТО дар Осло табдил шавад.
Дар ҳамин ҳол, Амрико гуфт, ки баррасиии барномаи истиқрори системаи дифои мушакии худро бо Русия идома хоҳад дод. Зимни гуфтугӯҳояш бо мақомоти Олмон дар Берлин Роберт Гейтс, вазири дифои ИМ гуфт, ки ба Русия даъватнома ирсол шудааст, то ки аз маҳалли истиқрори ин система дидан кунанд. Вай гуфт, ки чунин иқдом ба хотири боло бурдани мизони эътимод дар миёни Русияву Амрико гирифта шудааст.
"Ба фикри ман, хеле муҳим аст, ки мо барои оғози музокира оид ба дифои мушакӣ дар ҳафтаҳои ахир ибтикор нишон додем. Мо дар ин бора бо русҳо чандин сол сӯҳбатҳо кардаем. Ба назари манн, онҳо ин масъаларо чун як мавзӯи расмӣ қабул карданд. Умедворам, онҳо ҷараёни афзуншавии ин талошҳо ва кӯшишҳои ғанигардонии ҳамкориҳои воқеиро тавассути музокироте, ки мо дар Маскав доштем, дарк мекунанд"
Юрий Балуевский, раиси ситоди нирӯҳои ҳавоии Русия баъди музокирот бо Гейтс дар Маскав ҳафтаи ҷорӣ гуфта буд, ки ҳадафи аслии бунёди сипари мушакӣ ин ҳимоят аз потенсиали ҳастаии Русия ва Чин мебошад.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус рӯзи 26 апрел сафари чаҳоррӯзаи худ ба Русияро оғоз кард.
Қабл аз ин сафар Клаус телефонӣ бо раиси ҷумҳурии ИМ Ҷорҷ Буш сӯҳбат ва барномаҳои Амрико оид ба истиқрори радари системаи дифои мушакии худ дар хоки Ҷумҳурии Чехро баррасӣ карданд.

Яке аз Мағриб гирифтӣ, яке аз Шағрыб. 83 мавзуъра "палпечон кардӣ якбора. Кӣ аз хатти форсӣ маҳрум карда бошад? Ютубу Инстаграма "ба ҳавас" камтар тамошо кун, майнаат тоза меистад.
Савол ба "держава"-и низомии Путин Ба фикрам кам кам дарси иловагӣ мегири чи аз фолбинҳо?
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам