Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ноомадагон бидонанд, ки мо...»: Коҳиши зоиш дар Бадахшон


Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мусоҳибае ба рӯзномаи «Asia-plus» кушта шудани 24 нафар дар ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990-ро инкор кардааст. Ӯ гуфтааст, дар ин ҳаводис ҳатто ҷасади як писарбачае, ки, ба гуфтаи ӯ, дар кадом кӯҳе кушта шуда буд, ба майдон оварда шуда ва боиси иғво гаштааст. Ӯ гуфтааст, ҳатто як нафар ҳам дар майдони «Шаҳидон»-и Душанбе ба зарби гулӯла кушта нашудааст. Аммо, дар айни ҳол, афзудааст нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷоддаҳои Душанбе ворид кардани нерӯҳоро ӯ аз вазири дифоъи вақти Иттиҳоди шуравӣ дархост карда будааст. Қаҳҳор Мақкамов ҳамчунин гуфтааст, ки Кумитаи ҳабдаҳ, ки дар баҳманмоҳ ба манзури миёнҷигарӣ миёни давлат ва тазоҳургарон ташкил шуда буд, ба истилоҳот ва меъёрҳои имрузӣ террорист номида мешаванд.Қаҳҳор Маҳкамов дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфтааст, ки дар соли 1991 аз кудатои моҳи август ҷонибдорӣ карда ва акнун шабҳо бо хаёли роҳат хоб меравад.





Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар матлаби аслии худ ба амалкарди ахири вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов пардохта, аз ӯ шадидан интиқод кардааст. Дар ин матлаб, ки гузорише аз сафари кории вазир ба вилояти Суғд аст, аз, ба қавли муаллифи матлаб, бадрафторӣ ва бо хушунат бархурд кардани вазири маорифи кишвар бо муалимон ва мактабиёни Суғд интиқод шудааст. Дар матлаб мехонем, ки Абдуҷаббор Азизович муаллими фанни информатика Темуровро дар ҳузури талабҳо истинтоқ кардааст. Вале санҷиш бо ин хотима наёфт ва вазир аз хонанда Воҳидзода пурсидааст, ки падар дорад ё не. Ва, вақте ки хонанда, падар надорам, гуфтааст, вазири маориф ба вай «Ту бадбахтӣ, туро худо чунин кардааст», гуфтаааст. Ҳафтанома суол гузоштааст, ки чунин рафтори вазири маориф оё боиси сабақ гирифтани хонангони суғдӣ мешавад?



Ҳафтаномаи «Миллат» дар матлабе зери унвони «Елтсин марде озодипараст, вале пуриштибоҳ» дар шумораи ҷадиди худ ба нақши Борис Елтсин, нахустин раисҷумҳури Русия, дар истиқлоли Тоҷикистон ва истиқрори сулҳ дар ин кишвар пардохта ва навиштааст, бо вуҷуди иштибоҳоташ муҳимтарин хидмати Елтсин анъана кардани озодии баён дар Русия буд, ки дар тӯли даҳ соли ҳукуматаш ҳатто як рӯзномаи ин кишварро набаст. Ин ҳол, навиштааст ҳафтанома, барои давлатмардони тоҷик низ бояд сабақ бошад.



Аммо нашрияи "Аргументи и факти" - и чопи Душанбе аз коҳиши мизони таваллуд дар вилояти Бадахшон дар тайи даҳ соли ахир хабар додааст. Ин нашрия навиштааст, ки шумори хонандагони макотиби миёна ахиран то 3100 нафар коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти идораи беҳдошти ин вилоят, навиштааст нашрия, аз соли 1996 то кунун раванди муттасили коҳиши таваллуд дар зоишгоҳҳо мушоҳида мешавад. Ҳамин нашрия ҳамчунин аз баргузории мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай хабар дода ва навиштааст, ки вазирони фарҳанг асосномаи чорабиниҳои фарҳангии миёни кишварҳои узвро баррасӣ кардаанд.



Ҳафтаномаи хабарӣ ва фарҳангии «Чархи гардун» аз оғози сохтмони ду бинои 5- ва 9-ошёна дар ҷои бозори «Роҳи абрешим», ки қаблан тахриб шуда буд, хабар додааст. Ин ҳафтанома ҳамчунин навиштааст: «Феълан шифохонаҳои Тоҷикистон ба 3000 духтур ва 5000 хоҳари шафқат ниёз доранд.




«Бизнес и политика», яке аз нашрияҳои русизабони Душанбе, дар шумораи ахири худ ба масооили амнияти минтақа пардохта, навиштааст, ки ба назар мерасад, Амрико дар Афғонистон ҷангро бохтааст. Ин нашрия фаъол шудани толибон ва хароб шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистонро, аз як ҷониб, ва, аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадани эътилофи нерӯҳои қудратманди мухолиф дар дохили низоми ин кишварро нишони эҳтимоли вахомати авзоъ дар ояндаи наздик донистааст.
XS
SM
MD
LG