Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Елсин. Қиссаи деҳқонбачаи сибирӣ


Ҷереми Бранштейн

Борис Николаевич Елсин, деҳқонбачаи сибирӣ, фаъолияти кории худро аз мошинсозӣ оғоз карда, дар ниҳояти умр исми худро дар китоби таърих чун як шахси табдилдиҳандаи сохтори давлатӣ навишта кард. Елсин 1 феврали соли 1931 дар деҳаи Буткаи вилояти Свердловск дар нодориву гуруснагии шадид ба дунё омадааст. Аммо ба шарофати ҷоҳталабиҳояш вай ба гуруснагиву ниёзмандиҳои даврони ҷанги дуюми ҷаҳон пирӯз омада муҳассили риштаи муҳандисии донишгоҳи политехникии Урал мешавад. Донишҳои хуб ва хусусиёти пешвоии вай баъди муддате ӯро то вазифаи сармуҳандиси корхонаи Ужгорстрой мебарад. Вай дар сисолагӣ ба узвияти ҳизби коммунист қабул мешавад ва дар тӯли бист соли фаъолияти ҳизбиаш то ба мақоми котиби аввали ҳизби коммунисти вилояти Свердловск баланд мешавад.

Соли 1985 бо сари қудрат омадани Михаил Горбачев, Елсин ба Маскав, ба узвияти Кумитаи марказии ҳизби коммунист пазируфта мешавад. Вай котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Маскав ва узви бюрои сиёсӣ мешавад. Аммо бо ин ҳама, Елсинро мардумсолориву хоксорӣ хос буд ва ин хислатҳои вай бо сиёсати демократикунонии Горбачев мувофиқ меояд.

Соли 1990, ки Русия дар ҳайати Иттифоқи Советӣ истиқлолияти худро эълон мекунад, Елсин узвияти худро дар ҳайати ҳизби коммунист бозмедорад ва соли дигар, дар интихобот раиси ҷумҳурии мунтахаби Русия мешавад.

Яке аз марҳилаҳои муҳими раҳбарии Елсин ба рӯйдодҳои соли 1991 мувофиқ омад, вақте моҳи август наздиктарин ёварони он замон президенти советӣ Михаил Горбачев бо кӯшиши анҷоми як кудато, талоши аз қудрат дур кардани ӯро мекунанд. Елсин назорати вазъро ба дасти худ мегирад. Елсин он вақт гуфта буд:

"Шаби 18-ум ба 19-уми августи соли 1991 раиси ҷумҳурии қонунан интихобшуда аз қудрат барканор шуд. Новобаста ба ин ки сабаби ба чунин иқдом даст задани онҳо чӣ буд, мо бо кудатои воқеан ҳам иртиҷоиву ғайриконститутсионӣ сару кор мегирем. Бо вуҷуди тамоми сахтиҳову азобҳое, ки мардуми мо мекашад, равандҳои демократӣ дар кишвар ҳар чӣ васеътар доман паҳн ва хусусияти баргаштнопазирро касб мекунад. Мардуми Русия худ соҳиби сарнавишти худ мешаванд"

Кудато пахш мешавад ва Горбачеви шармсоршуда ба Кремл барои эълони тасмими пош шудани Шӯравӣ бармегардад. Елсин нафари аввал буд, ки бо пирӯзӣ дар ин бора суханронӣ кард:

"Дирӯз, имшаб ва субҳи имрӯз аксар раҳбарони ҷаҳонӣ телефон карда гуфтанд, ки ташаккури зиёд ба мардуми Русия ва худи Русия барио он ки русия демократия, ваҳдат ва сулҳро наҷот дод"


Борис Елсин: Нигоҳ аз Тоҷикистон


Аммо Елсине, ки барои расидан ба қудрат аз нирӯи демократия истифода кардааст, базудӣ ба як раҳбари "мутлақи хайрхоҳ" табдил мешавад. Чандин барномаҳои иқтисодии вай Русияро бо шикастҳои иқтисодӣ рӯбарӯ кард. Гурӯҳи иқтисодшиносони ҷавоне, ки дар ҳукумат қарор гирифтанд, дар пайи ислоҳоти иқтисодӣ сиёсати нархҳои озод, манъи маҳдудиятҳоро барои сармоягузорони хориҷӣ ва хусусигардонии тадриҷиро дар тӯли чанд моҳ ба роҳ монданд. Дар мӯҳлати анҷомёбии ваколати раёсатҷумҳурии Елтсин дар кишвар эътидоли бесобиқаи иқтисодиро мушоҳида кардан мумкин буд, ва аммо Елсин буд, ки бо ирсоли нирӯҳо ба ҷумҳурии ҷудоихоҳи Чеченистон ба оғози даври аввали ҷанги Қафқоз амр медиҳад. Бо шурӯъи даргириҳои Чеченистон, Кремл ҳар чи амиқтар ба ҷанги ғайри қобили пирузӣ фурӯ меравад ва обурӯи байналмилаливу захоири молии худро тадриҷан аз даст медиҳад. Дар ин солҳо Елсинро дар Кремл ҳар чи камтар дидан мумкин буд. Дар дохил ва беруни кишвар оид ба майли вай ба машрубот ва бемориҳои мухталиф, аз ҷумла дарди қалб бештар сӯҳбат мекунанд.

Дар остонаи соли 1998 Русия ба марҳилаи даҳшатноктарини бӯҳрони иқтисодӣ дар ҳафт соли баъди пошхӯрии шӯравӣ ғӯтавар мешавад. Дар ҳоле, ки мардуми сарсону ваҳшатзада ба табдили пули беқурбшудаи худ мешитофтанд, даъватҳои мухолифин барои истеъфои Елтсин ҳар чи баландтар садо медиҳад.

Мероси Елсин баҳсбарангез будааст. Вай дар лаҳзаҳои ҳассос ба мардум шуҷоату хунсардӣ бахшидааст. Аммо мисли Горбачев, ки қабл аз ӯ рабҳарӣ мекард, бо одатҳои як аппаратчикӣ маъмулӣ, дар атрофи худ танҳо нафарони наздикро нигоҳ дошта, ақрабову хешовандонаш сармояҳои Русияро ба фоидаи худ истифода кардаанд. Дар ниҳоят ин ҳама кишварро дар ҳолати варшикастагӣ қарор дод. Дар таърихи 31 декабри соли 1999 Елтсин дар муроҷиати солинавии худ ба мардуми кишвар тасмими истеъфои худро эълон мекунад:

"Имрӯз ман бори охир ба шумо чун раиси ҷумҳурии Русия муроҷиат мекунам. Ман тасмими худро гирифтам, дар ин бора хеле зиёд ва бо дард андеша кардам. Имрӯз, дар рӯзи охирини қарн, ман ба истеъфо меравам"

Зимоми қудрат ба дастпарвардаи ӯ Владимир Путин интиқол ёфт. Елсин изҳороти охирини худро барои узрхоҳӣ аз даҳҳо миллион шаҳрвандони Русия истифода кард, ки натавонист хостҳои онҳоро барои зиндагии шоиста бароварда созад.

"Мехоҳам аз шумо маъзаратхоҳӣ кунам, ки орзуҳои зиёди мо ҷомаи амал напӯшид, барои он чи ки дар назар оддӣ буд ва аммо дар амал сахту дарднок баромад. Маъзарат мехоҳам, ки баъзе умедҳои онҳоеро бароварда насохтам, ки бовар доштанд, мо дар як он, бо як ишора метавонем гузаштаи торику касод ва яккатозро убур карда ба ояндаи рӯшану ғанӣ ва мутамаддин қадам хоҳем гузошт"

Оё Елсин барои эҷоди як ҷомеаи демокративу аз лиҳози иқтисодӣ собит мусоидат кард ё на, инро акнун таърих баҳо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG