Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вирҷиниё: хунбаҳои озодӣ?


Дар ҳоле, ки пулис ва мақомоти тафтишот посухи ин ва дигар "чаро"- ҳоро меҷӯстанд ва ҳамзамон аз мӯи сар то нохуни пойи қотил Чон Сонг Ҳуро зери заррабин тафтиш мекарданд, устодону донишҷӯёни донишгоҳи техникии Вирҷиниё миёни кушташудагон чеҳраҳои шиносро мекофтанд. Қурбониёни фоҷиа аз кишварҳои гуногун буданд - Канадо, Ҳиндустон, Лубнон, Индонезӣ, Перу, Исроил имрӯз ҳамроҳ бо Иёлоти Муттаҳида мотам доранд. Аслан дар ин донишгоҳ теъдоди хориҷиён зиёд нест - ҳамагӣ 1800 нафар, дар ҳоле, ки дар Донишгоҳ 26 ҳазор нафар фарогири таҳсиланд. Ва аммо фоҷиа дар хобгоҳ сурат гирифт, ки он ҷо асосан хориҷиён ба сар мебаранд. Даниэл Перес Куева - донишҷӯ аз Перу ҳангоми омӯзиши забони фаронсавӣ ба қатл расид. Ливиу Литреску - устоди 76 солаи донишгоҳ аз Ҳолокост ҷон ба саломат бурда буд ва ӯ дар ҳоле ҳадафи тир қарор гирифт, ки бо бадани худ дари синфхонаро мепӯшонд, то шогирдонаш худро аз тиреза ба берун афкананд. Рима Самоҳа - як духтари лубнонӣ як ҳафта пеш аз фоҷиа волидонашро ба як ҷашнвораи Донишгоҳ даъват карда буд ва кй медонист, ки ин вопасин дидори волидайну фарзанд хоҳад буд.

Илоҳо, бишканад дасти камонсоз!

Ба фикри ман, масъала сари амрикоиҳо не, балки сари сиёсати Амрико дар баробари силоҳ аст. Чанд таҳқиқоти қобили таваҷҷуҳ мавҷуд аст, ки тибқи онҳо мизони ҷинояткорӣ дар Аврупои Ғарбӣ ҳамвазни ҷинояткорӣ дар Амрикост. Фарқ фақат дар он аст, ки аксар ҷиноёти дар Амрико содиршуда бо ҳалокати одамон поён меёбад ва сабаби аслии ин - дастрасии осон ба силоҳ дар ин кишвар аст.

Ин назари Деннис Ҳениган аст, як вакили дифоъ аз Брэди Компейнг - гурӯҳи ҷилавгирӣ аз хушунат бо силоҳ. Мавзӯъи дастрасии осон ба силоҳ дар Иёлоти Муттаҳида, ба вижа, дар ёлати Вирҷиниё баъд аз куштори хунсардона дар Донишгоҳи техникӣ ба мавзӯъи аслии матолиби нашрияҳо ва садову симо табдил шуд. Нашрияи "Гардиан" чопи Лондон бо ақидаи Деннис Ҳениган мувофиқ аст ва менависад, ки Иёлоти Муттаҳида ягона кишваре нест, ки ҳодисаҳои куштор бо истифода аз силоҳ рух медиҳанд ва аммо Иёлоти Муттаҳида аз он кишварҳои ангуштшуморест, ки ба назар мерасад, ҷомеъа нисбати ин ҳаводис бетафовут аст ва сиёсатмадорон барои кор гирифтан аз чораҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз рух додани ин гуна фоҷиаҳо қодир нестанд. Нашрия меафзояд, дигар кишварҳо - Бритониё баъд аз куштор дар мактаби Данблейн дар соли 1996 ва Австралия баъд аз тирпарронӣ дар Тасмания дар ҳамон сол дастрасӣ ба силоҳро маҳдуд карданд ва аммо Иёлоти Муттаҳида даст ба ин гуна иқдом назад. "Гардиан" ҳадс мезанад, ки боз ҳам олам шоҳиди он хоҳад шуд, ки Амрико дар дифоъи шаҳрвандони худ аз ақлбохтагони мусаллаҳ оҷиз хоҳад монд.

Дар аксари ёлатҳои Иёлоти Муттаҳида силоҳро метавон бо нишон додани шиноснома ваё ягон асноди дигар, аз қабили ҳуҷҷати ронандагӣ харидорӣ кард. Дар ёлати Вирҷиниё бошад фурӯшандагони силоҳ аз харидорон ягон ҳуҷҷат талаб намекунанд. Тибқи қонун, бояд фурӯшанда аз тариқи Бюрои федеролии тафтишот то куҷо арҷгузори қонун будан ва дар кадом ҳоли равонӣ қарор доштани харидорро тафтиш кунад. Тибқи Қонуни федеролии назорат аз болои силоҳ фурӯши аслиҳа ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ, афроди бо шармандагӣ аз сафи неруҳои мусаллаҳ хориҷ ва ё барои хушунати хонаводагӣ муҷозотшуда қатъӣ манъ аст. Дар аксари ёлатҳо бо худ бурдани силоҳ ба мактабу донишгоҳҳо мамнӯъ эълон шудааст. Зимнан, дар ёлатҳои Юта ва Орегон ба устодон барои бо худ доштани силоҳ дар мактабу донишгоҳҳо иҷоза дода шудааст.

Лэрри Пратт, раиси созмони "Соҳибони силоҳ дар Амрико" - як гурӯҳи пуштибон аз ҳаққи дастрасӣ ба силоҳи оташфишон мамнӯъ будани силоҳ дар мактабу донишгоҳҳоро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиаи донишгоҳи Вирҷиниё медонад. Ба гуфтаи ӯ, агар донишҷӯён бо худ силоҳ медоштанд, аз куштори теъдоди бузурги одамон ҷилавгирӣ мешуд.
Ва аммо пурсиши афкори умум намоишгари он аст, ки мардум ҷонибдори ташдиди қавонини федеролӣ оид ба фурӯши силоҳанд. Садоҳое дар ин робита ҳар дафъа баъд аз фоҷиаҳои бузург дар кишвар баландтар мешаванд. Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, раҳбарони Иёлоти Муттаҳида аз иқдоми ҷиддӣ дар ин маврид худдорӣ мекунанд - Ассосиатсияи миллии силоҳ - созмони пуштибони фурӯши озоди аслиҳа - аз бонуфузтарин созмонҳои амрикоист, ки на Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва на Ҳизби демократ ҷуръати бо он вориди баҳс шуданро надоранд.
Бештари кишварҳои Аврупо низ ба фурӯши силоҳ ба шаҳрвандон иҷоза додаанд. Ва аммо дастрасӣ ба аслиҳа чандон осон нест - барои дарёфти иҷоза шаҳрванд бояд ба пулис чанд санад, аз ҷумла, санади тиббӣ дар бораи вазъи равонияшро пешниҳод кунад. Бидуни шиноснома ва иҷозаномаи пулис харидории силоҳ ғайримумкин аст.
Пешниҳодҳо дар мавриди иҷозаи фурӯши озоди силоҳ ба шаҳрвандон дар Русия низ ироа мешаванд. Павел Фелгенгуаер - коршиноси умури низомӣ мегӯяд, дар Русия низ пуштибонҳои неруманди фурӯши силоҳ мехоҳанд, ки шаҳрвандон иҷозаи харидории Калашников ваё ҳадди аққал туфангчаи Макаровро дошта бошанд. Аз ин пешниҳод бархе аз вакилони Думаи давлатии Русия низ пуштибонӣ мекунанд. Ва аммо мақомоти ҳифзи тартиботи Русия бо далели имкони ба карат афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ дар кишвар ба ин иқдом мухолифат доранд. Аз Павел Фелгенгауэр суол кардем, вазъ дар дигар кишварҳои собиқ шуравӣ чӣ гуна аст, бигирем, оё сокинони ҷамоҳири соҳили Балтик иҷозаи харидории озоди силоҳро доранд?

Бале, шаҳрвандони кишварҳои соҳили Балтик ҳаққи харидории туфангчаро доранд. Дар дигар кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ, тавре ман медонам, барои ин иҷозаи расмӣ дода нашудааст. Албатта, бозори сиёҳ мавҷуд аст ва агар кас хоҳиш дошта бошад, метавонад онро аз он ҷой харидорӣ кунад. Имрӯз дар Русия на фақат силоҳ, балки ҳатто тирро нигаҳ доштан мумкин нест. Ҳагоми тафтишот пайдо кардани тир - маънии ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва маҳрумият аз озодиро дорад. Зимнан, мақомоти ҳифзи тартибот бисёр вақт ба ин кор даст мезананд ва агар касеро бояд ба маҳкама кашанд, ба ҷайбаш як-ду тир меандозанд. Ман ҳам замоне чанд тир доштам, ки онҳоро ҳамчун армуғон аз Чеченистон оварда будам, ман ман онҳоро дар вақташ берун андохтам. Зеро, хатто агар барои ин тир силоҳ ҳам надошта бошӣ, ё он тири ягон силоҳи нодир, аз ҷумла, силоҳи неруҳои таъиноти махсус ҳам бошад, ки онро харидорӣ кардан ғайримумкин аст, бо вуҷуди ин ҳатто як дона тир метавонад боиси маҳрумият аз озодӣ гардад.

Зимнан, дар Тоҷикистон низ вазъ ҳамсон бо вазъи Русия аст - фӯрӯши силоҳ мамнӯъ аст ва ҳатто пайдо кардани як-ду дона тир метавонад боиси ба маҳкама кашидани шаҳрванд бигардад.
Ва аммо Павел Фелгенгауер мегӯяд, дар Русия ва кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ пайдо кардани силоҳу тир кори сангин нест. Дар ин кишварҳо солҳост "бозори сиёҳ"-и фурӯши силоҳ фаъол аст. Ӯ меафзояд, ки силоҳ ба Русия асосан аз Қафқози шимолӣ интиқол меёбад. "Албатта, як бахши ин силоҳ аз қисмҳои низомӣ ба яғмо меравад ва аммо манбаъи асосӣ - Қафқози шимолист, ки он ҷо бар асари амалиётҳои низомии чандинсола силоҳи зиёд захира шудааст. Ба вижа дар Чеченистон дар давраи истиқлоли ғайрирасмияш бозори фурӯши силоҳ амал мекард ва аслиҳаву тир озод хариду фурӯш мешуд", - мегӯяд таҳлилгари рус. Ва аммо, меафзояд ӯ, роҳи бидуни қонуншиканӣ ба даст овардани силоҳ низ мавҷуд аст:

Албатта, афроде, ки бо ҳукумат наздиканд ваё каму беш наздиканд, метавонад расман соҳиби туфангча шаванд ва он ҳамроҳ бо иҷозанома дода мешавад. Ин бархе аз тоҷиронанд ва одамони наздик ба мақомот. Яъне, дастрасии расмӣ ба силоҳ имконпазир аст, ба шарте, ки кас шиноси хуб дошта бошад.


Ларри Крофт? Олдбой?


Коршиносон мегӯянд, ки дастёбии осон ба силоҳ ягона сабаби рух додани фоҷиа дар Донишгоҳи техникии Вирҷиниё нест. Онҳо ба он далел ишора мекунанд, ки дар аксҳои рӯзи фоҷиа ба ширкати телевизионии NBC фиристодааш Чо Сонг Ҳу бо ду туфангча дар даст ба Ларри Крофт - қаҳрамони яке аз бозиҳои машҳури компутарӣ тақлид кардааст. Дар акси дигар - бо болғача дар даст Чо яке аз қаҳрамонҳои филми кореягии "Олдбой" ("Oldboy") -ро мемонад.
Гулрухсор - шоираи тоҷик дар як сӯҳбате, ки ҳафтаҳо қабл аз фоҷиаи Вирҷиниё доштем, гуфта буд, бозиҳои компутарӣ ва саҳнаҳои куштор дар бархе филмҳо метавонад ба рӯҳи чун шиша нозуки ҷавонон зарба задад:

Ман дар Амрико дарс гуфтам, дар донишгоҳи Сиэтл. Чандин бор дар дигар донишгоҳҳо ҳам будам. Ман дар ягон мавзеъи Амрико ин филмҳоро надидам - ин филмҳое ҳастанд, ки махсус сохта мешаванд барои бад кардани ахлоқи мардуми ҳамон маҳалле, ки филмро мефиристонанд. Ва албатта инҳо бетаъсир намемонанд, хоса ба рӯҳи бачаҳои ҷавон, хоса ба наврасҳо. Аммо бояд он кишваре, ки ин гуна филмҳоро ба бачаҳои худаш таҳмил мекунад, намоиш медиҳад, бояд фикр кунад, ки ин - ҳамон силоҳи қотили кушанда аст, ки ҷавононро бештар ба ҳалокат мерасонад. Ман бо он кишварҳое, ки дар сатҳи давлатӣ ин гуна филмҳоро манъ мекунанд, мувофиқам. Бубинед, рӯҳи ҷавонон чун шиша аст. Шиша аз як даст задан, бо як садои баланд метавонд бишканад.

Ҳаводиси бар асари бозиҳои компутарӣ ва тамошои филмҳои даҳшатзо даст ба ҷиноёт задани ҷавонон зиёд рух медиҳад. Авоили ҳамин сол Александр Коптсев - як сокини Маскав баъди бозии компутарӣ бо корд вориди синагога - ибодатгоҳи яҳудиҳо гардид ва чандин нафарро захмӣ кард. Равоншиносон мегӯянд, аксар вақт ҷавонон он қадар ба бозиҳои компутарӣ ворид мешаванд, ки барои онҳо миёни бозӣ ва воқеият тафовуте боқӣ намемонад.
Коршиносон мегӯянд, фоҷиа дар донишгоҳи техникии Вирҷиниё на танҳо сабақ, балки ҳушдорест барои ҳамагон - то замоне, ки хушунату зуроварӣ ва қатлу одамрабоӣ дар симову синамо тарғиб мешавад, то замоне, ки таҳқири қавму нажоди дигар як рукни рӯзгори мост ва ҳамзамон бо он тиру силоҳро метавон аз мағоза ба осонӣ харидорӣ кард - ахлбохтае, ранҷидае, таҳқиршудае ҳатман аслиҳа дар даст вориди дигар мактабу тарабхонаву ибодатгоҳҳо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG