Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзо Зиёев: "Ман бо сулҳ омада будам ва бо сулҳ меравам"


Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи кулли Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ва собиқ вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон зимни як мусоҳибаи худ ба ҳафтаномаи «Миллат» гуфтааст, тасмим дорад, Душанберо ба қасди кӯҳистон тарк кунад. Ӯ гуфтааст, тарки Душанбе танҳо ба он ҳадаф аст, ки мехоҳад дар мавзеъи Бурхи Валӣ масҷид ва меҳмонхона бунёд кунад. Мирзо Зиёев дар посух ба суоли хабарнигор, ки оё аз Душанбе озурда бармегардад, гуфтааст «Ман бо сулҳ омада будам ва бо сулҳ меравам»

Нашрияи русизабони «Азия плюс» дар сармақолаи худ навиштааст, яке аз санадҳои муҳимме, ки зимни сафари мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб ба тасвиб расид, имзои созишномаи ҳамкории ин ду кишвар дар роҳи таҳвили гурӯҳҳои ҷинояткору қоҷоқбари одам будааст. Нашрия менависад, Имороти Араб, хусусан шаҳри Дубай солҳост, ки ба як саҳнаи қочоқи занону духтарони тоҷик табдил шудааст. Аммо бино ба набуди чунин як созишномаи ҳамкорӣ, баргардондани чунин занону духтарон, ки дар ин кишварҳо ба танфурӯшӣ ҷалб шуда манбаъи ба даст овардани маблағҳои калон барои қочоқбарон гаштаанд, кори чандон осон набудааст.

«Вчерний Душанбе» зери сарлавҳаи «Маҳмадсаид Убайдуллоев: татбиқи Генплан тибқи қонун амалӣ мешавад» навиштааст, ин тарҳ қарор аст, то соли 2015 дар маркази пойтахт ва то соли 2030 ҳалқаҳои дигари он ки атрофи шаҳрро дар бар мегирад, марҳила ба марҳила татбиқ шавад.

Нашрияи «Фараж» чашмандозе ба таҳаввулоти сиёсӣ дар Бишкек кардааст. Ин навишта бо сарлавҳаи «Ҳукумати бе ранги сурх» ба чоп расидааст, ки дар он соҳибназарон ва коршиносони масоили сиёсии тоҷик изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла, Суҳроб Шарифов, мудири маркази таҳқиқоти стротежии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ба фарқ аз ҳаводиси солҳои навадуми Тоҷикистон, ки бо ҷанги шаҳрвандӣ хатм шуд, дар Қирғизистон ин қазия чунин шакл нахоҳад гирифт ва бо роҳи сиёсӣ ҳал хоҳад шуд.

«Миллат» зери сарлавҳаи «Шиносномаи рақами як: Эмомалӣ Раҳмон» навиштааст, Тоҳири Абдуҷаббор, як аз шахсиятҳо, ки ба хотири ҳамин гуна иддаъоҳояш аз сӯйи гурӯҳҳои манфиатҷӯй барои ҳамеша тамғаи миллатгаро барчаспи исмаш шудааст, аз ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард.

«Зиндагӣ» мусоҳибае бо раиси Ҳизби ваҳдати Тоҷикистон Ҳикматулло Саидов анҷом додааст, ки дар он раиси ин ҳизб гуфтааст, Ҳизби ваҳдат панҷ сола шуд, вале то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Ҷаноби Саидов гуфтааст, ахиран Вазорати адлияи Тоҷикистон бино ба нодурустии ҳуҷҷатҳои ҳизб, онро бозпас гардондааст, вале ҳизбиён аз ин ноумед намешаванд ва ҳуҷҷатҳоро аз нав омода карда ба зудтарин фурсат ба Вазорати адлия мефиристанд.

Нашрияи русизабони «Собития» дар саҳифаи ахбори фарҳангии худ зери сарлавҳаи «Шоира Гулрухсор, қаҳрамони филми « Ҳафт зан» хабар медиҳад, ки дар қатори 7 нафар чеҳраҳои маъруф, бонувони саршиноси кишварҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагинома ва роҳи эҷодии Гулрухсори Сафӣ ба навор гирифта шудааст. Муаллифи мақолаи мазбур менависад, муаллифи ин филм Александр Липков мавқеъи Гулрухсорро дар пешрафти фарҳангу маърифати мардуми Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муаасир арёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG