Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони акробатикаи Тоҷикистон


Ин мусобиқот бо ширкати 140 варзишгар дар толори мактаби варзишии захоири олимпӣ оид ба акробатика баргузор шуд.
Дар ҳамаи навъҳои рақобатҳо варзишгарони шаҳри Душанбе ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Умеда Қутфиддинова дар сабқати занон ва Роман Халитов дар сабқати мардон мақоми аввалро касб карданд. Диана Ёрмаҳмадова ва Зарина Наимова дар сабқати ҷуфти занона, Фаррух Маҳмудов ва Дмитрий Шапоров дар сабқати ҷуфти мардона, Екатерина Яшкина ва Абумуслим Шоев дар сабқати ҷуфти омехта пирӯз шуданд. Дилноза Аҳмадзода, Людмила Сафарова ва Наталя Кушкова дар сабқати сегонаи занона, Ғаффор Ёқубов, Сӯҳроб Азизбеков, Баҳодур Эргашев ва Алимаҳмад Ибодуллоев дар сабқати чаҳоргонаи мардона ғолиб омаданд.

Михаил Шапоров, сармураббии дастаи мунтахаби акробатикаи варзишии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: "Акробатҳои мо моҳи август дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳри Новгороди Русия ширкат хоҳанд кард ва ҳоло мо ба ин мусобиқот омодагӣ мебинем.»
XS
SM
MD
LG