Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони сабқати гуштии озод


Ин мусобиқот бо ширкати 122 гуштигири ҷавон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва вилояти мухтори Ёқутистони Русия дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ тӯли ду рӯз идома кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар шаш вазн паҳлавонони шаҳри Душанбе - шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Аслиддин Шарифов дар вазни 55 кило, Манучеҳр Мирборонов дар вазни 66 кило, Манучеҳр Маллаев дар вазни 74 кило, Назар Муродбеков дар вазни 84 кило, Эраҷ Азизов дар вазни 96 кило ва Азиз Шарифов дар вазни 120 кило мақоми аввалро касб карданд. Дар сабқати гуштигирони вазни 50 кило Орзу Эмомов, аз ноҳияи Данғара ғолиб шуд. Танҳо як нафар - Сиёвуш Навконов, аз тими меҳмон - Ёқутистони Русия дар вазни 60 кило пирӯзӣ ба даст овард.

Сардовари ин мусобиқот Абдурозиқ Олимов ба радиои Озодӣ гуфт: «Дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон моҳи май дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, рақобат хоҳад кард. Гуштигирони навраси тоҷик бошанд, барои ширкат дар мусобиқоти бози байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Самарқанд, ки рӯзи 24 апрел шурӯъ мешавад, даъват шудаанд.»

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG