Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав Амрикоро ба мудохила дар умури дохилии Русия айбдор кард


Дар изҳороти шадидуллаҳни Шӯрои Федерасиюни Русия Амрико ба он айбдор мешавад, ки гӯё мехоҳад, ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии моҳи декабри соли равон ва президентии моҳи марти соли ояндаи Русия таъсир гузорад.

Раиси кумитаи мудофиъа ва амнияти Шӯрои Федерасиюни Русия Виктор Озеров пас аз тасвиби изҳороти палатаи болоии порлумон чунин гуфт: "Изҳороти мо даъватест аз Амрико ба арзишёбии муносиби рушди ҳаёти сиёсӣ дар Русияи муъосир. Бад набуд, агар онҳо бо таҳлили вазъи ҳуқуқи инсон ва демократия дар худи Амрико низ машғул мешуданд."

Дар ҳамин ҳол Думаи давлатӣ низ айни мавзеъро эълон карда, Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Додситонии кулли Русияро ба қадамҳои ҷиддӣ дар баробари мудохилаи Иёлоти Муттаҳида даъват мекунад.

Ҳарду палатаи порлумони Русия баёнияҳои худро дар посух ба гузориши ахири Амрико роҷеъ ба ҳуқуқи инсон ва демократия нашр кардаанд. Қонунгузорони рус мегӯянд, Амрико бо кӯмакҳои молӣ ва маънавӣ ба созмонҳои ғайридавлатии Русия мехоҳад, Маскавро барои думбол накардан аз сиёсати берунаи Иёлоти Муттаҳида ҷазо диҳад.

Гузориши ахири Иёлоти Муттаҳида, ки ҳафтаи пеш нашр шуда буд, низоми Русияро демократӣ нашумурда, онро як бисёрҳизбии заъиф бо президентии қавӣ унвон кардааст. Дар гузориш ҳамчунин нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон ва дигар манотиқи Русия, густариши коррупсия, фишори афзояндаи сиёсӣ ба додгоҳ, маҳдудиятҳои зидди созмонҳои ғайридавлатӣ ва матбуот интиқод шудаанд.

Дар посух порлумони Русия ҳамаи инҳоро баҳонае шумурдааст, барои дахолати Вошингтон дар умури дохилии Русия. Раиси кумитаи созмонҳои ҷамъиятӣ ва динии Русия Сергей Попов гуфт, вай гузориши нави Иёлоти Муттаҳидаро як навъи фишори сиёсӣ медонад: "Ба эътиқоди мо, шиъорҳои Амрико дар бобати ҳуқуқи инсон ва демократия ниқобе ҳастанд барои талошҳои фишор ба Русия дар ростои интихоботҳо."

На танҳо гузориши ахири Амрико, балки гузориши солонаи моҳи январи Фридом Ҳаус ё Хонаи Озодӣ низ Русияро дар робита ба маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳо танқид карда буд. Ва низ ҳамчунон мақомоти Русия онро бепоя номида буданд.
XS
SM
MD
LG