Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либоси донишҷӯдухтарон


Дар паси дарвозаи Донишгоҳи давлатии забонҳои кишвар як гурӯҳ духтарони сатрпӯш дида мешуд, ки иҷозаи ба саҳни донишгоҳ ворид шуданро надоштанд. Ба қавли ин духтарон, шурӯъ аз шашуми апрел онҳоро маъмурияти донишгоҳ аз ҳаққи ширкат дар дарсҳо маҳрум кардааст:

«Аз шашуми апрели соли 2006 моро ба дарс роҳ намедиҳанд ва бо баҳонаи он ки мо ғоиб мегирем, мехоҳанд моро аз донишкада хориҷ кунанд.»

«Аз рӯзи шашуми апрел аст, ки моро ба дарс намемонанд. Ман ду рӯз аст, ки барвақт меоям ва дар дарсҳо иштирок мекунам, аммо ба садорат бурда, дар дафтари давомот нест мемонанд.»

«Пеш аз ин амрҳо ҳам медаромаданд ва ба раванди дарс халал мерасониданд, ки шумо рӯймол мебандед. Ин тамоман мумкин нест, ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Моро дигар аз дари донишгоҳ даромадан намемонанд, духтарон дар паси дарвозаанд, ин чӣ бедодист.»


Мувофиқи муқаррароти мактабҳои олӣ, дар сурати тӯли аз 36 то 50 соат бе сабаби узрнок ба дарс наомадан донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад. Ба гуфти донишҷӯёни Донишгоҳи забонҳо Рухшона ва Давлатмоҳ, чанд рӯз аст, ки агар ҳатто ба дарс ворид шаванд ҳам, дар дафтари давомот иштироки онҳоро қайд намекардаанд. Ин донишҷӯёни сатрпӯш мегӯянд, садорат ҳушдор додааст, ки дар сурати тағйир надодани намуди зоҳириашон аз донишгоҳ хориҷ хоҳанд шуд:

«Гуфтанд, амрҳои вазирро дар назди ман хон, хондам, аммо дар ягон мисрааш набуд, ки бо сатр ба донишгоҳ наоед. Дар ҳолате, ки ман ягон ғоиб надорам, бо баҳои аъло мехонам, маро аз дарс меронанд ва мегӯянд, ки инҳо набуданд ва нест мемонанд.»

«Ҳар рӯз мегӯянд, ки рӯймолатонро пушти сар бандед, наход ба хотири як рӯймол шумо ҳаётатонро сӯзонед, ки 3 сол ин ҷо хондед. Тибқи қонун ва қоида мо шуморо пеш мекунем, чун ки шумо ғоиби зиёд доред. »

Шаҳбоз Норов, раиси Шӯрои ҷавонони Донишгоҳи забонҳо мегӯяд, онҳо тибқи фармони вазири маориф амал мекунанд ва фармони вазир набояд мавриди муҳокима қарор бигирад.

Саидаҳмад Одинаев, раиси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар як вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони ҳиҷобпӯш ва волидайни онҳо гуфт, пӯшидани ҳиҷоб ва либосҳои урёни аврупоӣ дар дарсҳо хилофи қавонини кишвар ва муғойир ба фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Аз ин рӯ, бинобар фармони вазири маорифи Тоҷикистон бо ҳиҷоб ба дарс ҳозир шудан мамнӯъ аст.

Саидаҳмад Одинаев аз ҷумла гуфт, донишҷӯён бояд бо либоси ягона, ки аз ҷониби Вазорати маорифи кишвар муайян карда мешавад, ба дарс оянд ва ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини вазорат то ҳанӯз либоси ягонаро қабул накардаанд. Бояд гуфт, манзур аз либоси мазҳабӣ ин пӯшиши сатр ва ё ҳиҷоб мебошад, гоҳо ин духтарҳо шим ва ё домани дароз ба бар карда рӯймоли худро зери манаҳ мебанданд.

Масъулини Донишгоҳи забонҳо низ бо волидони донишҷӯён дар ин хусус сӯҳбат кардаанд ва гуфтаанд, ки донишгоҳ тобеъи Вазорати маориф аст ва аз ин рӯ, ҳама қоидаҳои ҷорӣ намудаи онро бояд иҷро шавад, аз ҷумла, манъи пӯшиши либосҳои мазҳабӣ, куртаҳои нимбараҳна ва истифодаи телефони мобил. Шаҳбоз Нуров мегӯяд:

«Се бор мо огоҳ мекунем ва баъд аз се бор аз донишгоҳ хориҷ мекунем. Ҳоло ҳар рӯз мо онҳое, ки бо сатр ва ё нимбараҳна меоянд ба донишгоҳ роҳ намедиҳем. Гуфтан мумкин аст, ки нест дар донишгоҳи мо, аллакай бартараф шудаанд ва телефони мобилӣ ҳам дар донишҷӯён нест. Теъдоди ин духтарон аз даҳ кас зиёд буданд ва ҳоло онҳо дар дарс нестанд ва онҳоро як ду рӯз аз дарс бароварда пеш карданд, ки ҳоло онҳо сатрашонро гирифта бе сатр дарсашонро мехонанд."

Дар ҳамин радиф, Абдулло Асозода, ҳуқуқшинос мегӯяд, ҳеҷ як аз қавонини кишвар пӯшидани ҳиҷобро манъ накардааст. Зиёда аз ин оғои Абдулло чунин рафтори масъулини Вазорати маориф ва раҳбарияти донишгоҳҳоро як навъ нақзи ҳуқуқи донишҷӯён медонад.

Донишҷӯён низ бар ин назаранд, ки бо чунин иқдом мақомот ба нақзи ҳуқуқи конститутсионии онҳо роҳ додаанд. Аммо Шаҳбоз Норов мегӯяд, ҳар як таълимгоҳ қоидаҳои худро дорад, ки мувофиқи қонуни асосии кишвар ба амал бароварда мешаванд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки бо маъмурияти донишгоҳ ва духтарҳо мулоқот кард, бо такя ба моддаи шашуми Қонуни маорифи кишвар гуфт, ба шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз миллат, нажод, забон ва мавқеи сиёсӣ ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад.

Воқеъан, Муҳиддин Кабирӣ як вохӯрии вижа низ бо гурӯҳи донишҷӯдухтарони ҳиҷобпӯше, ки аз тарафи раёсати донишгоҳҳои Тоҷикистон ба дарс роҳ дода нашуданд, доир намуд. Дар ин сӯҳбат ин духтарон гуфтанд:

«Муаллимон кушоду равшан ба мо гуфтанд, ки мо ғоибҳои шуморо ҳисоб карда бар асоси ба дарсҳо ҳозир нашудан, шуморо аз донишгоҳ хориҷ мекунем.»

«Моро ба дарс роҳ намедиҳанд, мо ҳар субҳ меоем, моро намегузоранд вориди дарсҳо шавем, аммо мо аз роҳамон намегардем. Барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебарем. Дар куҷо гуфта шудааст, ки ҳиҷоб пӯшидан манъ аст?»

«Моро мегӯянд, ки ба арабҳо ва ирониҳо тақлид мекунед. Шахсан ман ба ҳеҷ кас тақлид намекунам. Балки дини ман мазҳаби ман таълим додааст, ки тани ман аз чашми номаҳрам бояд пӯшида бошад.»


Духтарони ҳиҷобпӯш мегӯянд, онҳо ҳаргиз ба хотири донишгоҳ аз рӯсарии худ даст намекашанд ва ҳатто ҳозиранд барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба раиси ҷумҳур шикоят бибаранд. Донишҷӯён мехоҳанд, инчунин барои ҳалли мушкили худ созмонҳои байналмилалӣ, расонаҳои хабарӣ ва аҳзоби сиёсии кишварро ҷалб кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумони Тоҷикистон ба дунболи мулоқоташ бо донишҷӯдухтарон ба радиои Озодӣ гуфт:

«Мо кӯшиш мекунем, ки ин қазияро бо роҳи гуфтушунид ҳал намоем, то боиси нооромӣ ва нофаҳмӣ дар ҷомеъа нашавад.»

Саидаҳмад Одинаев, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт:

«Мо бояд коре кунем, ки ба ягон қонун муқобил набошад. Ва ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунандае, ки дар мо ҳаст, онро бояд иҷро кунем. Ҳуқуқ надорем, ки иҷро накунем.»

Дар ҳамин ҳол, дар саҳни Донишгоҳи миллӣ як гурӯҳи духтарони сатрпӯш ҳангоми аз синфхона берун омаданашон дида мешуд. Онҳо гуфтанд, ки феълан, касе ба онҳо кор надорад ва барояшон як моҳ мӯҳлат додаанд, ки оиди ба қавли мақомот "тағйири сарбандҳояшон аз мазҳабӣ ба миллӣ" мулоҳиза кунанд. Зеро ин тарзи либоспӯшӣ ба гуфтаи мақомоти Донишгоҳ, тақлид ба либосҳои кишварҳои исломӣ, на пайравӣ аз мӯди миллӣ будааст. Духтарон гуфтанд:

«Албатта, дониш на ба сару либос, балки ба ақлу фаросати мо кор дорад. Баъди ин ҷаласа мо метавонем озодона бо ин либосҳоямон дар дарсҳо ширкат кунем.»

«То андозае мушкилиҳои мо ҳалли худро ёфтанд ва озодона ба донишгоҳ меоем.»


Ҳамин тавр, ҳанӯз ҳам баҳси донишҷӯён ва садорати донишгоҳҳо бар сари намуди зоҳирии духтарон идома дорад.
XS
SM
MD
LG