Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи ҳиҷоб сиёсист ё ҳуқуқӣ?


Раисони донишгоҳҳо дар иҷрои фармони вазири маориф иштироки духтарони ҳиҷобдор дар дасрҳоро мамнӯъ кардаанд. Ва ин иқдом ба шиддати баҳсҳо дар ин замина афзудааст.

Аммо заминаи нигаронии давлат аз рафтани духтарони бо ҳиҷоб ба донишгоҳsо чист? Фаррух Умаров, коршиноси Маркази таҳқиқоти стротежики Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом дар ҷиҳати риояи қавонини низоми дунявӣ сурат гирифта ҳадафи дигаре надорад.

Аммо бархе аз таҳлилгарон ин иқдоми давлатро пайомади нигаронӣ аз афзоиши нуфузи гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ҷомеа медонанд. Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲНИТ мегӯяд, ин масъала тақрибан ба як мушкили ҷомеа бадал шуда, мақомот онро сиёсӣ мекунанд.

Исмоил Раҳматов, устоди улуми сиёсӣ дар донишгоҳи Русияву Тоҷикистон мегӯяд, ин масъала як қазияи ҳуқуқист ва иртиботе ба афзоиши нуфузи исломгароён надорад.

Вале Фаррух Умаров ба ин назар аст, ки дар воқеъ ин масъала ба як мушкил табдил шуда, барои он бояд роҳи ҳалле пайдо шавад. Ба назари ӯ, қавонини кишвар ба сурати мушаххас ин масъаларо рӯшан накардаанд.

Аммо дар ҳар сурат, ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад ва бо гузашти ҳар рӯз бештар шиддат пайдо мекунад. Ахиран ҷамъе аз донишҷӯёне, ки ба далели пӯшидани ҳиҷоб аз рафтан ба донишгоҳҳо манъ шудаанд, ба вакилони маҷлис муроҷиат карда ва бо раисони донишгоҳҳо мулоқот кардаанд. Мақомоти донишгоҳҳо ба иҷрои ҳатмии дастури низоми дунявӣ ва донишҷӯдухтарони ҳиҷобдор ба иҷрои ҳатмии ба гуфтаи онҳо сатри исломӣ таъкид мекунанд. Касе аз мавзеъи худ ақиб рафтанӣ нест. Пас роҳи ҳал кадом аст. Ва донишҷӯёни ҳиҷобдор кай пушти мизи донишгоҳ бар хоҳанд гашт?
XS
SM
MD
LG