Дар Қирғизистон ҳамоиши серҷамъияти мухолифин ҷараён дорад ва тавре ташаббускор - Ҷабҳаи муттаҳид барои ояндаи шоистаи Қирғизистон гуфтааст, ҳадафи онҳо ҷамъ овардани 50 ҳазор эътирозгарон дар маркази пойтахт, шаҳри Бишкек аст. Аммо ҳоло, хабарнигори радиои Озодӣ аз маҳалли тазоҳурот иттилоъ медиҳад, ки дар майдони Алатоо ҳудудан 5-6 ҳазор нафар мухолифони раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев гирди ҳам омадаанд ва дар миёни онҳо ҷавонон хеле зиёданд. Тазоҳургарон мегӯянд, ки аз манотиқи мухталифи кишвар, вилоятҳои Иссиқкӯл, Таалас, Норин, водии Чуй, шаҳри Бишкек ва аз Ҷалолободу Ӯш гирди ҳам омадаанд. Як нафари онҳо, Талант Дейҳанов, узви ҳизби социалистии "Отанекен", аз вилояти Норин аст. Дар сӯҳбат бо баарномаи Ояндасоз аз дохили майдони Алатоо вай гуфт:
"Бале, мо аз вилояти Норин омадем. Талаби мо баргузории ислоҳот ва истеъфои Боқиев аст. Соли дуюм аст, ки раиси ҷумҳурӣ ваъдаҳои пешазинтихоботии худро ба иҷро намерасонад. Баъди инқилоби мардумии 24 марти ду соли пеш Қурмонбек Боқиев сари қудрат омад ва тамоми қудратро дар дасти як нафар - раиси ҷумҳурӣ тамаркуз дод. Мо писар, духтар ва зани ӯро интихоб накардем, аммо имрӯз амалан давлатро онҳо идора мекунанд. Боқиев гуфта буд, ки ба ислоҳоти бунёдӣ даст мезанад, сарқонунро бознигарӣ мекунад, то ки қудрат дар дасти як нафар набошад. Аммо вақт гузашт ва шояд ба раиси ҷумҳурӣ қонуни асосии пешина писанд омад ва ваъдаҳои ба мардум додаашро ба иҷро нарасонд. Аммо ҳоло бубинед, ҳама ислоҳоте, ки ба роҳ мемонад, танҳо таҳти фишори омма, таҳти фишори мардум ба иҷро мерасонад. Президент набояд ин хел кор кунад, вай бояд пешвои миллат бошад, вай бояд аз пеш, на аз паси мардум ҳаракат кунад"
Талант гуфт, ки айнан бо ҳамин гуноҳҳо ду соли пеш дар пайи инқилоби мардумӣ Аскар Оқоев аз қудрат барканор шуда буд ва ҳоло раиси ҷумҳурӣ Боқиев иштибоҳҳои ӯро такрор мекунад.
"Ин ислоҳоти конститутсионӣ аст, яъне, сохтори ҳукуматӣ бояд тавре бунёд шавад, ки тамоми шохаҳо кори ҳамдигарро назорат кунанд. Аммо тибқи қонуни ҳозира, тамоми қудрат дар дасти як кас тамаркуз ёфтааст: низоми додгустарӣ, ҳукумати иҷроия, нахуствазир ва ҳама вазирон аз раиси ҷумҳур вобаста ҳастанд. Касеро хоҳад, таъйин ва касеро хоҳад, аз кор озод мекунад. Мо бо чунин шароит розӣ шуда наметавонем. Ин барои наслҳои ояндаи мо лозим аст, ки дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ кунанд."
Рӯзи 10 апрел ҳукумат тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистонро муаррифӣ кард. Аммо Талант Дейҳанов мегӯяд:
"Ин тарҳи конститутсия як чашмфиребии дигар аст. Дар он гуфта мешавад, ки гӯё як давлати гузор ташкил мешавад, ки онро парлумон таъйин хоҳад кард. Аммо дар асл, ҷилави идораи давлат дар дасти раиси ҷумҳур боқӣ мемонад. Мо шабона бо ин тарҳ шинос шудем ва бори дигар мегӯям, ки ин як фиреби навбатӣ аст"
Аммо дар ҳамин ҳол, дар атрофи тазоҳургарон ҷавонони зиёди дигар низ буданд, ки аз ақоиди мухолифин пуштибонӣ намекарданд. Зиёуддин Носирови 28 сола, сокини Бишкек аст ва ӯ чунин гуфт:
"Мо вазъро назорат мекунем, дар тазоҳурот иштирок намекунем. Албатта хоҳиши мо ин аст, ки ҳама чиз аз рӯи қонун ва тартиб бошад, тазоҳурот накунанд. Бигзоранд, президент ором кор кунад. Пайи ҳам ҳамоишҳо доир мешавад, аммо ҳеҷ не онҳо кор кунанд. Раиси ҷумҳурӣ имкони кор кардан надорад "
Алишер Абдулқосимови 25 сола, ки зодаи Иссиқкӯл аст, ҳамчунин мухолифи тағйироти бунёдӣ аст ва имрӯз намоиши эътирозиро аз канор мушоҳида мекунад:
"Дар шаҳр ҳама ҷо ором аст, фақат дар марказ тазоҳурот аст. Назари ман ин ки ин ҷо як бозии сиёсӣ ҷараён дорад. Фикри мардуми осоиштаро тағйир доданд ва ин ҷо оварданд. Назари ман ин аст, ки лозим нест ин корҳо. Ин фақат мубориза барои қудрат аст. Ман ҳамчун шаҳрванд ба раиси ҷумҳурӣ эътимод дорам"
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони рӯйдодҳои Қирғизистон мегӯянд, ки ҳатто дар сурати ноком шудани мухолифин дар барканоршавии раиси ҷумҳурӣ, вазъи имрӯза далели он аст, шароити сиёсии ин кишвар рӯ ба ваҳомат оварда, тавони раҳбарии Боқиевро зери суол мебарад. Ҳафтаи гузашта дар Бишкек бахши мӯътадили мухолифин гирдиҳамоӣ доштанд, ҳамакнун, ҳамоишҳои ҷудогона дар манотиқу рустои кишвар идома мекунанд, аз ҷумла дар зодгоҳи раиси ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии ин кишвар. Мухолифин аз хатари бархӯрди ҷонибдорони ин ҷабҳаҳо ҳушдор медиҳанд.

Ин артиши камбағалон аст. Дар артиши Британия шоҳзода Гаррӣ дар артиш хидмат карда буд. Кадом писар ё духтари президент ё поёнтараш дар артиш ҳамчун сарбоз хидмат кардааст. Баччаҳои онҳо хидмат нокарда рутбаи генералӣ мегиранд, ё тавба.... Генерал бояд хидмати ҳарбиро аз рутбаи сарбози оддӣ сар кна!!!!
БАЪЗЕХО БА ФИКРАМ АЗ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ДАР ГАЗАБАНД. БАЛЕ ДАР ХОЛЕ, КИ ДАР КИШВАРХОИ АВРУПОЙИ АЗ МАВЧИ ЧОРУМ ГАП МЕЗАНАД, АЛБАТТА, КИ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ИН ГАЛАБА ВА РАХМИ БУЗУРГИ АЛЛОХ БАРОИ ИН МИЛЛАТ АСТ, ШОКИР БУДАН ЛОЗИМ. ДИГАР ИН, КИ БАЪДИ СЕВЕРНИЙ КОРЕЯЮ ТУРКМАНИСТОН НЕЮ, ВОКЕИЯТ АСТ, КИ НЕСТ ШУД. НАБОШАД КАНИ ПАНИКАШ, КАНИ НАВБАТХО ДАР АПТЕКАХО ВА ГАЙРА??? НАХОД, КИ ИН КАДАР ИФЛОС БОШЕМ, КИ ХАМИН ЧИЗА НОДИДА ГИРЕМ, ОХИР ПИНХОН, КИ КАРДА НАМЕШАВАД!!!!
Як чизро бояд донист ки ин ярокхо дигар барои тарсонидани мардум аст армияи Дуне чунон пеш рафтааст ки Хатто сарбоз лозим несть. Вакт ки омад мефахмен. Лекин сабаб дар як чост системаи тоталитаризм бояд аз Байн равад. Вакте рафт хама хуб мешавад
Ин созмон Global Fire Power назар дод дар бораи доштаҳои ҷангии кишварҳо, ва инҳоро ҷойҳои якум дувум дод. Агар мо бо меъёри санҷиши ин назар диҳем ончи ин кишварҳо доран аз (пул, силоҳ, ва масрафи пули ва силоҳи) дар ҷои якум меистад. Амрико,Хитой, Арабистони Саъуди, Русия ҳаст. Аммо дар майдони ҷанги воқеъи шумо бубинед инҳо чи ҷойгоҳе доран. Амрико зидди як гуруҳаки ба номи (Толибон, Алқоида) чандсол шуд меҷангад бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта, натиҷа баъди тақрибан бист сол мехоҳад сулҳ кунад. Арабистони Саъудӣ ба муддати панҷ сол бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта ва пулу ва кумаки лоҷестики дигар кишварҳои ғарби ва Амрико натавонист (Ҳувсиҳои Яманро) пируз шавад. Ин назари оқилон ҳаст бо санадҳои воқеъи майдони ва хабарҳои рост. Тоҷик миллати ҷанговар ҳаст. Касе қабул накунад ин мушкили худаш ҳаст зеро у бо худаш миллатро месанҷад. Тоҷикони родиои озодӣ илтимос барои шуҷоати миллат инро чоп кунед.
Аҷаб бесавод буди дия, уко! О раҳмат ба чиликот намебиед ми, а?? О ҳамон клавиатурая азоб нате!