Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи ронандае, ки гаҳворасоз шуд


Рашт

Дар водии Рашти Тоҷикистон, ки замони ҷанги шаҳрванди саҳнаи набардҳои шадид буд ва бисёре аз ҷавонони он барои кор пайваста ба Русия муҳоҷират мекунанд, пайдо кардани ҷойи кор дар воқеъ сахт аст, агар корҳои кишоварзиро истисно кунем.

Ин водӣ минтақаи умдатан кишоварзист ва корхонаҳои санъатӣ ҳам надорад. Ба ҳамин хотир он сокинони водӣ, ки чандон майли муҳоҷират надоранд, саъй мекунанд, машғулиятҳои муносиб пайдо кунанд ва барои зиндагии хеш дастмузди кофӣ биёбанд.

Яке аз чунин сокинони минтақа Азизбеки Наим низ тағйири машғулият карда ва ҳоло ба гавҳорасозӣ машғул аст. Чун дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам таввалуд зиёд аст, ҳунари ӯ ҳамеша харидор дорад. Азизбеки Наим доир ба ҳунари худ ва қиммати гавҳораҳои худ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Вобаста

XS
SM
MD
LG