Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бону ба кӣ смс фиристод?


аксари ҷуфтҳои бритониёӣ ба ҳамдигар эътимод надоштаанд Бино бар як пажӯҳиши Осорхонаи улуми табиатшиносии Лондон

Беш аз нисфи пурсидашудаҳо иқрор шудаанд, ки аз паси ҳамхонаи худ назорат кардаанд, аксари онҳо пинҳонӣ смс- пайғомҳои телефонии маҳбуб ва ё ҳамсарони худро мехондаанд.

Мардум ташнаи донистани он будаанд, ки рафиқони ҳаётияшон чӣ мегӯянду чӣ кор мекунанду бо кӣ ҳамсӯҳбатанд.

Олимон тасдиқ кардаанд, ки ин хислати нобоварӣ на танҳо хоси мардуми Бритониё будааст. Дар Кениё, як кишвари африқоӣ низ ин амал густариш ёфта будааст. Як ҷавони кениёӣ мегӯяд, ба дӯстдухтараш бовар надоштааст ва боре, вақте духтар мобилашро рӯи миз фаромӯш карда будааст, ин ҷавон пайғомҳои смс-ии духтарро хабар гирифта он ҷо чандин навиштаҳои ишқии духтар ба дигар ҷавононро дидааст.

Тавре пажӯҳишот нишон додааст, ҳамсарон ва дилдодаҳо почтаи электронии ҳамдигарро пинҳонӣ мехондаанд ва даҳ дар сади пурсидашудаҳо бошанд, иқрор шудаанд, ки аз паси ҳамсафари ҳаёти худ «ҷосусӣ» мекунанд.
Як зани сокини Ню Йорк нақл кардааст, ки бо марде дӯстӣ доштааст ва баъдан, ҳамсари он мард аз шавҳараш бадгумон шуда аз пасаш детектив мегузорад. Дар охир, ҳамин хел мешавад, ки ҳамсари он мард дар бораи ин зани ню йоркӣ маълумоти бештар аз он мардро дармеёбад.

Кӣ бадгумонтар? Мард ё зан ?

Бештар зан. Ин посухи пажӯҳишгарон аст, ки бар пажӯҳишоташон бино ёфтааст. Ҳудуди шаст дар сади занон гуфтаанд, ки бо роҳе талош кардаанд, то аз ягон сирри мардони худ хабар биёбанд. Ин гуна «ҷосус»-иро танҳо каме камтар аз чил дар сади мардон карда будаанд.

Филипп Ҳодсон, равоншинос мегӯяд, фикрронии занон аз мардон кмае фарқ мекунад. Онҳо бештар шубҳа мекунанд ва бештар бадгумонанд. Аммо ба гуфтаи равоншинос, иллат дар он будааст, ки худи мардон ба оташи бадгумонии зан ба истилоҳ равған мерехтаанд. Ва дар маҷмӯъ, мардон бештар хиёнат мекунанд, гуфтаанд равоншиносон.
XS
SM
MD
LG