Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё пули миллии сомонӣ шикаст хоҳад хӯрд?


Аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон рисолати худро анҷом намедиҳанд - мегуяд Гремм Лотен Сафири Бритониё дар Душанбе. Оқои Лотен дар суҳбат бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» бардоштҳои худро роҷеъ ба интихоботҳои миӣндаврии рузи якшанбеи гузашта баён дошта мегуяд агар тақаллубу суъистифода аз овозҳо ҳангоми раъй додан дар қитъаҳо аз замони Шуравӣ дар ин кишвар боқӣ монда бошад, ҳоло 15 сол аз фурупошии Шуравӣ мегузарад ва бояд ба ин ҳама хотима дод.



Аммо ҳафтаномаи «Зиндагӣ» таҳти унвони «Чаро номзадҳои Ҳизби наҳзат аз интихобот даст кашиданд?» як мақола навишта, вале ба ин суол посухи рушан надода бо интишори ин хабар иктифо кардааст.
Пас аз ин нокомӣ ҲНИТ ба рузномаи «Аргументи и Фактий» гуфтааст порлумон аслан як трамплин ё нардбоне барои шуҳратхоҳон аст.Тақрибан нашрияҳои дигар ба ҳавлу ҳоли интихоботи гузаштаи миёндаврӣ дар се ҳавза таваҷҷӯҳи хосе зоҳир накардаанд.



Беш аз 40 нафар модарони тоҷик аз тариқи ҳафтаномаи «Миллат» нашрияи мустақили чопи Душанбе аз раиси ҷумҳури Имомалии Раҳмон хоҳиш кардаанд ба муносибати 10 солагии сулҳу оштии миллӣ афви сартосарӣ эълон кунад то ин ки фарзандони онҳо аз зиндонҳо раҳо шаванд.

Ҳамин нашрия ба ҷои сармақолаи таҳти унвони «Барқ набошад миллат ҳам нест» б о нигаронии шадид таъкид мекунад, ки 229 корхонаи масрафкунанадаи барқ, ки то понздаҳ соли пеш кор мекарданд дар ҳоли ҳозир аз фаъолият бозмондаанд. Агар дар замони Шӯравӣ 13 миллиард киловатт соат басанда буд, ҳоло бо вуҷуди чанд корхонае, ки боқӣ мондааст аҳолии кишвар моҳҳо аз барқ маҳрум мешавад.


Ҳафтаномаи русизабони «Собития» низ ба ҳамин мавзуъ таваҷуҳ намуда, таҳти унвони «Чӣ гуна мешавад аз бунбасти енержӣ раҳо шуд» як мақола ба чоп расондааст. Дар он омадааст тибқи маълумоти нақшаи ҷаҳонии захоири обу енержии дунё Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор доштааст.



Ҳатаномаи русизабони «Азия плюс» низ бо изҳори ташвиш аз як паёмади хатарзо дар баробари пули миллии сомонӣ хабар дода, таҳти унвони «Шабаҳи таваррум ё сешанбеи тира» менависад, ки иқтисоддонҳои тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки дар ру ба рӯи асъори миллӣ як озмош қарор дорад ва агар муваффақ наанҷомад, пас дар як ду соли оянда ба тамом сомонӣ хоҳад шикаст.
Ин ҳафтанома беқурбшавии сомонӣ дар баробари доллар, қарздории рузафзуни корхонаҳо,рақобатнопазирии саноъати Тоҷикистон дар баробари ҳатто моли Узбакистон аз омилҳои шикасти пули миллӣ медонад.




Амммо ҳафтаномаи дигар ки «Бидуни сиёсат» ном дорад, вале дохилаш пур аз сиёсат аст, роҷеъ ба сарнавишти муҳоҷирини корӣ дар ноҳияи Ашти шимоли Тоҷикистон матлабе ба чоп расондааст. Ин нашрия мегуяд 80 дар сади аҳолии ин ноҳия аз ҳисоби мардикороне, ки дар Русия ба сар мебаранд, зиндагӣ доранд.
15 фоизи дигар аз ҳисоби замину боғҳои зардолу ва 5 дар сади боқимонда бо таксисаворию савдои хурд рузашонро кур мекунанд.




Сафар Ҳақдодов коргардони кинои тоҷик ба "Миллат" гуфтааст,ки синамои Тоҷикистон дар ҳолати сукут аст. Агар дар Афғонистон барои як филми синамоӣ 280 ҳазор доллар дарёфт карда бошанд, дар Тоҷикистон бо маблағи 500 дуллор филми ҳиндиро намехаранд.



Ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба ҷараёни баргузории озмуни консерти «Суруди сол» дар Душанбе чашмандозе дошта ва суол кардааст,ки "Суруди сол ё дуруғи сол?" Ҳафтанома навиштааст ки ин консерт он чунон сурат гирифт,ки фикр мекардед ё дар Маскав ва ё дар Ландан баргузор шудаст,зеро ба забони давлатӣ,яъне тоҷикӣ аслан эҳтиром зоҳир намешуд.
XS
SM
MD
LG