Пажӯҳишгарон дар Донишгоҳи тиббии Ҳарварди Амрико бо анҷоми як таҳқиқот собит кардаанд, ки ташхиси тиббии наврасону ҷавонони мӯътдоди маводи мухаддир на ҳамеша натиҷаҳои дуруст медиҳад.
Онҳо 110 ҷавони мӯътодро дар зарфи се сол 710 маротиба ташхис кардаанд, ки аз ин миён натиҷаҳои ташхиси 85 нафар нодуруст баромадааст. Ин ҷавонон, ки бояд аз истифодаи маводи мухаддир худдорӣ мекардаанд, барои фиреби табибон пеш аз ташхиси тиббӣ миқдори зиёди об менушидаанд ва ё моддаҳои шошарон, ки дар Интернет ба таври густурда таблиғ мешавад.
Танҳо баъди маротибаи дуввуми ташхис маълум шудааст, ки дувоздаҳ дар сад аз он мӯътодон маводи мухаддир истеъмол мекунанд, ва бахусус доруи оксикодон, ки доруи фуру нишонандаи дард аст ва таъсири ҳероинро медиҳад. Аммо ташхиси ин дору дар таркиби хун ва ё идрори мӯътод ба осонӣ муяссар намешудааст.
Баъзе дигар аз мӯътодон аз навъҳои дигари маводи мухаддир бо роҳи нафас гирифтан истифода мекардаанд, ки ошкор кардани таъсири он ба ҷисми инсонро мушкил месохтааст.
Дигар аз мӯътодон доруҳои тавсиядодаи табибон масалан амфитамин беш аз ҳад истеъмол мекардаанд. Шарон Левӣ яке аз муаллифони пажӯҳиши мазкур навиштааст, ки мӯътодони маводи мухаддир баъзе аз навъҳои махсуси ин маводро истифода мекунанд, ки бо вуҷуди чанд маротиба ташхиси тиббии онҳо ошкор намешаванд.
Роҳҳои гумроҳкунандаи ташхис ба гуфтаи ин табиби амрикоӣ метавонад сабаби он шавад, ки баъзе аз мӯътодони маводи мухаддир, ки одати бади худро канор гузоштаанд, ҳамчун мӯътод шинохта шаванд. Ва дигар мӯътодон бо ошкор нашудани бемориашон ҳамчунон ба истеъмоли маводи мухаддир идома бидиҳанд.