Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои мубориза бо ришватхорӣ дар мактабҳо


Дар як пурсиши ҳамагонӣ, ки ҳафтаномаи «Нигоҳ» анҷом додааст,бештари мусоҳибон бозгашт ба номгузории аҷдодиро иқдоми зарурӣ хонда, ҳамзамон таъкид намудаанд, ки барои дуруст пиёда сохтани он ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ин иқдом пуштибонии молӣ бикунад.





Ҳафтаномаи «Фараж» ба таври намуна шакли тоҷикии ному насаби бархе аз вазирону мансабдорони кишварро пешкаши хонандагон кардааст. Дар ин мавод аз ҷумла тарзи тоҷикии ному насаби Ҳамроҳхон Зарифов, вазири корҳои хориҷӣ ба сурати Ҳамроҳхон Зарифзода ё Ҳамроҳхони Зариф, Ғуломҷон Бобоев, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат Ғуломҷони Бобо ё Ғуломҷони Ҷӯразода, Абдумаҷид Достиев, муовини райиси Маҷлиси намояндагон Абдумаҷид Салимпур ё Салимзода ва Шералӣ Гулов, вазири энержӣ ва саноат Шералии Гулзод оварда шудааст.





Ҳафтаномаҳои «Азия Плюс», "Факти и комментарий" ва «Миллат» муроҷиатномаи сардабирони нашрияҳои кишварро, ки аз фаъолияти ширкати давлатии «Барқи тоҷик»изҳори норизоят кардаанд, нашр кардаанд. Дар ин муроҷиатнома омадааст, ки дар тамоми мӯҳлати бӯҳрони энергетикӣ, роҳбарияти ин соҳа натавонистааст ба намояндагони воситаҳои ахбори умум маълумоти дақиқ бидиҳад. Ва ҳамчунин аз мушкилоти дигари ин соҳа, аз ҷумлаи риоя нагардидиани меъёри эълоншудаи тақсими нерӯи барқ, набуди рӯйхати иншоотҳои муҳиме, ки набояд бидуни барқ монанд, поймол гардидани ҳуқуқи масрафкунандагон, ёдрас шуда, аз ҳукумати кишвар дархост кардаанд, то ба вазъи пешомада дар ин соҳа таваҷҷӯҳ намояд.




Ҳафтаномаи «Нигоҳ» тайи як матлаб нигоштааст, ки ширкати танҳо ду ҳизб - халқӣ демократӣ ва наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи миёндаврии парлумонӣ дуқутба шудани фазои сиёсии кишварро ба дунбол дорад. Ҳафтанома навиштааст, пиёдашавии модели дуқутбагии фазои сиёси дар Тоҷикистон оқибатҳои нохуш дар пай хоҳад дошт. Ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз қавли Абдуғафори Камол, коршинос дар масоили сиёсӣ фаъолияти аксари аҳзоби сиёсии кишварро ба «хоби хирсона» арзёбӣ мекунад.



Ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» бо нашри як матлаб роҳҳои мубориза бо ришвахориро дар макотиби кишвар ба баррасӣ гирифтааст. Ба назари муаллифи матлаб омӯзгорон дар ҳоли ҳозир ба кӯмаки молии волидон ниёз доранд. Вале агар ин маблағ таъкид менамояд муаллиф ба ҷои хариди туҳфа расман барои таъмиру сохтмони биноҳои мактабҳо сарф гардад, нуран ало нур мегардид.
Ҳафтанома зикр кардааст, ки Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан таҷлили идҳои мактабӣ аз қабили Иди Алифбо ва Занги охиринро дар макотиби кишвар манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG