Пайвандҳои дастрасӣ

Фестивали театрҳои Осиё ба Душанбе меояд


Фестивали байналмилалии театрҳои Осиё мавсум ба Наврӯз-2007 имсол дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сарвари кулли фестивал Олим Акрамов дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ин чорабинии байналмилалӣ бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон доир мешавад ва буҷаи фестивал аз сад ҳазор сомонӣ, муодили қариб 30 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар «Наврӯз-2007» ба ҷуз Тоҷикистон, инчунин Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва барои нахустин бор Русия ширкат меварзанд.

Русияро театри ба номи Тхапсаеви Осетияи Шимолӣ бо намоишномаи «Ҳамлет»-и Шекспир ва Тоҷикистонро театри опера ва балети ба номи Айнӣ бо асари «Травиата» муаррифӣ мекунанд.

Фестивали «Наврӯз-2007» рӯзи 5-уми апрел дар Душанбе шурӯъ шуда ва 10-уми апрел анҷом хоҳад ёфт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG