Саймӯъмин Ятимов, муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз меъёри таърихият ба Русия менигарад ва ин кишвар то ва баъди инқилоби октяр дар эҷоди давлатдории тоҷикон саҳми бузург дорад. Оқои Ятимов гуфт, дар шароити кунунӣ стратегӣ будани равобити ду кишвар масъулияти бештарро тақозо мекунад: «Ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон бояд барои хунсо кардани натоиҷи манфии ҷаҳонишавӣ муштаракан мубориза баранд ва ба таҳдидҳои наву кӯҳнаи ҷаҳони муосир муштаракан посухҳои мусбат пайдо намоянд. Воқеияти мазкур равобити стратегии Тоҷикистону Русияро комилан боэътимод ва дарозмуддат хоҳад кард»
Тибқи иттилоъи расмӣ, гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон соли гузашта ба 600 млн доллар расидааст. Русия ҳамкори умдатарини Тоҷикистон дар соҳаи низомӣ ба ҳисоб меравад. Кӯмаки бебозгашти ин кишвар ба Тоҷикистон дар соли 2006 26 млн долларо ташкил дода, 500 афсари вазорати дифоъи кишвар хатмкардаҳои макотиби низомии Русия мебошанд.
15 соли ахир, ки ба даврони истиқлолияти Русияву Тоҷикистон рост меояд, Маскав ягона қудрати муассир дар сиёсатҳои Душанбе маҳсуб мегардад. Рӯйи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо кӯмаки Маскав дар соли 1992 ҳузури Русияро дар Осиёи Марказӣ ба даврони ҷадид ворид сохт. Коршиносон мегӯянд, соли 2003 вақте ки Тоҷикистон хориҷ кардани нирӯҳои марзбони Русияро тақозо кард, як давраи бӯҳронӣ дар равобити ду кишвар ба миён омад. Музаффар Олимов, сарвари маркази мустақили таҳқиқотии «Шарқ» гуфт, азбаски Русия як барномаи тарҳрезишудаи сиёсатҳояшро дар Осиёи Марказӣ, минҷумла Тоҷикистон надорад, таҳаввулоти ҷаҳониро саривақт натавонист баҳо диҳад ва ин гуна бӯҳрон пеш омад, ки ба зудӣ ислоҳ шуд. Оқои Олимов гуфт, дар марҳалаи кунунӣ иҷро нашудани созишномаҳои октябри соли 2004 ягона мушкили миёни ду кишвар боқӣ мондааст.
Бархеи дигар аз коршиносон мегӯянд, сафари Путин ва марҳалаи нави равобит натавонистанд холигоҳҳои пайдошуда дар ҳузури Русияро пур кунанд ва дар Тоҷикистон ин холигоҳҳоро ИМА, Эрон ва беш аз ҳама Чин аз худ карданд. Ҳодӣ Абдулҷаббор, коршинос дар умури сиёсӣ гуфт, истиқлолият мантиқан ҳаққи интихоб барои кишварҳои собиқ шӯравиро низ фароҳам сохт ва дар баробари Русия онҳо тавонистанд бо қудратҳои дигар низ равобити худро барпо кунанд. Коршиносон марҳалаи кунунии равобити Русияву Тоҷикистонро низ як гуна бӯҳронӣ арзёбӣ мекунанд.
Онҳо мегӯянд, се сол пеш Русия ҳамкори аслии Тоҷикистон дар пружаҳои энергетикӣ маҳсуб мегардид. Акнун Тоҷикистон пружаҳои энергетикиашро ба дигар кишварҳо низ пешниҳод мекунад, зеро Русия ба ҷуз сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда 1 натавонист сарнавишти дигар пружаҳои энержӣ, минҷумла нирӯгоҳи Роғунро ба даст гирад. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон рушди соҳаи энержиро маҳаки рушд ва таҳкими истиқлолияти хеш медонад ва агар Русия натавонад дар ин ҷода саҳм бигирад, бешак, нуфузи худро бештар ба коҳиш мувоҷеҳ хоҳад кард.