Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блаттер ва Бин Ҳамом ба Тоҷикистон меоянд


шоми панҷшанбеи 29-уми март бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, раҳбарони олимақоми созмонҳои ҷаҳонию қитъавии футбол, ки акнун машғули боздид аз чаҳор кишвар - Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ ҳастанд, тибқи барномаи "Гол - 2"-и FIFA дар шаҳри Норак сохтмони ҷадид - майдони замонавии футболро расман ифтитоҳ мекунанд.

Масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон афзуд, бар асоси барномаи Гол - 1 Ҷозеф Блаттер ва Муҳаммад бин Ҳамом соли 2004, ҳангоми нахустин сафари худ ба Тоҷикистон дафтари марказии ҷадиди Федеросиюни футболи ин кишварро ифтитоҳ карда буданд.

Воқиъан, дирӯз онҳо дар шаҳри Ишқобод дафтари марказии ҷадиди Иттиҳодияи футболи Туркманистонро ифтитоҳ карданд. Бин Ҳамом дар сӯҳбатҳо бо расонаҳои маҳаллии ин кишвар иттилоъ дод, ки Блаттер барои ҳифзи курсиаш дар FIFA ниёзе ба интихоботи хос надорад. Зеро то 30 март, ки охирин мӯҳлати сабти номи номзадҳои раёсати FIFA аст, замони зиёде боқӣ намондааст. Дар ҳоли ҳозир Блаттер танҳо номзадест, ки ҳама асноди худро ҷиҳати ҳифзи мақомаш пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи масъулини Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 30-юми март мулоқоти раиси FIFA Ҷозеф Блаттер ва раиси AFC Муҳаммад бин Ҳамом бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар назар аст.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG