Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо зани дуввум нахостанд


Парлумони Қирғизистон ахиран зидди қонунӣ шудани бисёрҳамсарӣ раъй дод. Дар миёни пуштибонони қонун вазири адлия Мурод Каипов буд, ки хоҳони аз Кодекси ҷинойӣ бардоштани банди марбут ба муҷозоти бисёрҳамсарӣ шуд. Аммо дирӯз, баъди қабул нашудани пешниҳоди вазири адлия, дар сӯҳбат ба бахши қирғизии радиои Озодӣ ӯ гуфт:

"Вакилони парлумон сиёсати раиси ҷумҳурӣ оид ба полигамиро тақрибан пурра пуштибонӣ карданд. Банди 153-юми Кодекси ҷинойӣ нигоҳ дошта мешавад. Мисли пешин ҳам, мардони соҳиби ду зан ва бештар аз он ба ҷавобгарии ҷинойӣ кашида хоҳанд шуд"

Тибқи қонунҳои Қирғизистон, мардони соҳиби беш аз як зан то ду сол равонаи зиндон мешаванд. Масъалаи бисёрҳамсарӣ барои Тоҷикистон ҳам хеле хуб ошно аст ва солҳои 90-ум парлумони кишвар масъалаи қонунӣ кардани ин зуҳуротро ба раъйдиҳӣ гузошта буд. Аммо айнан мисли Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин тарҳ пуштибонии аксариятро пайдо накард. Дар ҳоле, ки дар ҳамаи ин ҷомеаҳо, мардони соҳиби чанд зан хеле зиёданд, онҳоро дар миёни соҳибкорон, аъзои ҳукумат, вазирон, ходимони дин дидан мумкин аст. Дар як сӯҳбате бо ҳамкорамон аз бахши қирғизии радиои Озодӣ бо ин савол муроҷиат кардем, ки чаро имрӯз парлумони Қирғизистон ба баррасии ин мавзӯъ дубора муроҷиат кардааст? Венера Ҷумъатаева мегӯяд:

"Ташаббускори аввали қабули ин қонун вазири адлия буд, ки дар асли худ беназир аст. Ин барои аввалин бор аст, ки як мақоми баландпояи давлатӣ бо пуштибонӣ аз бисёрҳамсарӣ садо баланд мекунад. Вай мегуяд, ки "чӣ тавр мешавад мардеро ба зиндон андохт, ки дар ҳақи ду ё се зан ва фарзандони онҳо ғамхорӣ мекунад? Дар ин сурат давлат бояд масъулияти ғамхорӣ дар ҳақи ин хонаводаҳоро ба дӯш гирад". Вай инчунин гуфт, ки хоҳони аз Кодекси ҷинойӣ бардоштани банди 153-юм аст, чунки аз нигоҳи вай, дар тӯли беш аз 80 соли мавҷудияти ин қонун ягон мард барои бисёрҳамсарӣ муҷозот нашудааст. Аммо фаъолони ҳуқуқи занон ин фактро пайдо карданд, ки тӯли солҳои мавҷудияти қонун, як мард барои доштани беш аз як зан ба зиндон андохта шудааст. Айни замон ҳарчанд ин созмонҳои ҷамъиятӣ мухолифати худро ба қонунӣ шудани полигамия баён мекунанд, аммо дар ҷомеа қонунҳои маънавии худ мавҷуданд, ки бисёрҳамсариро таҳаммул мекунанд"

Вақте фарз кардем дар Тоҷикистон мехостанд ба ин масъала рӯшанӣ андозанд, маълум шуд, ки оморгирии он хеле душвор аст, бо ҳамон далел, ки тибқи қонунҳо, на зан ва на мард наметавонанд дар як вақт бо чанд ҳамсар ақди никоҳ бандад. Ҳеҷ оморе дар ин замина дар Қирғизистон мавҷуд аст, Венера?

"Ин масъаларо таҳқиқ кардан бисёр душвор аст. Мо чандин бор бо ин саволҳо ба созмонҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кардем ва онҳо ҳам гуфтанд, ки азбаски қонун ақди никоҳи як мардро бо чандин зан иҷозат намедиҳад, додани омор дар ин замина кори чандон осон нест. Аксари чунин издивоҷҳо аз рӯи қавонини шариат, яъне тавассути никоҳи мусулмонӣ сурат мегираду тамом. Аммо масъалаи бисёрҳамсарӣ дар саросари Қирғизистон доман паҳн кардааст ва ин мушкил воқеан вуҷуд дорад. Ба бовари нашрияҳои маҳаллӣ, имрӯз ҳатто дар миёни аъзои ҳукумат мардонеро дидан мумкин аст, ки дар канори ҳамсарҳои қонунии худ занони ҷавонро нигоҳ медоранд"

Дар Тоҷикистон баъзе вазирони давлатӣ беш аз яку ду зан доранд ва гоҳо занҳои онҳо ҳам аз хонаводаҳои бомаърифату бофарҳанг ҳастанд. Ва аксар мардум ҳам инро медонанд. Дар Қирғизистон ҳам чунин вазирон ҳастанд?

"На, дар Қирғизистон чунин нест. Аммо, боз ҳам тавре нашрияҳои мо менависанд, дар таърихи Қирғизистон ҳеҷ як нахуствазире набуд, ки баъди ба ин вазифа таъйин шуданаш зани нав нагирифта бошад. Худи Қулов ҳам, бубинед, баъди ошӯбҳову аз зиндон озод шуданаш дафъатан зани нав гирифт. Парлумони Қирғизистон масъалаи қонунмандии бисёрҳамасариро соли 1991 ҳам ба баррасӣ гузошта буд, аммо он сол, хушбахтона танҳо як садои ҷонибдор нарасида буд, ки ин қонун қабул шавад. Дар ҳайати парлумони имрӯза ягон зан нест, дар сатҳи вазирон ҳам дар Қирғизистон ягон нафари зан нест. Намедонам, шояд дар оянда талошҳои онҳо барои қонунӣ кардани бисёрҳамсарӣ натиҷа диҳад"

Пуштибонони қонунӣ шудани бисёрҳамсарӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, бо ин роҳ занони нодору бекор аз роҳи каҷ баргашта дар муҳити хонаводагӣ ба тарбияи фарзанд машғул мешаванд. Мухолифин мегӯянд, ки бисёрҳамсарӣ як шакли дигари хушунати хонаводагӣ аст, ки занҳоро аз ҳуқуқи зиёди онҳо маҳрум мекунад.
XS
SM
MD
LG