Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирон моликият доранд?


Мо аз беруни дар шуда мағрури сад фиреб
То худ даруни парда чи тадбир мекунанд.

Воқеан, чанде қабл ҳукуматамон созишномаеро ба тасвиб расонда буд, ки ҳар як корманди ҳукумат, дар поёни сол моликият (воридоту содирот)-и худро ба самъи дигарон бирасонад. То он ҷое ки ба назар мерасад, хеле раванди хубе буд дар баробари ғосибон ва ришватситонон дар Тоҷикистони азизамон.

Чунон ки маълум аст, дере нагузашта Муҳиддини Кабирӣ он чизе ки доштто як андоза рӯшан кард.

Мутаассифона, сол ҳам тамом шуд ва аз соли нав ҳам дорад 3 моҳ мегузарад, локин касе то ҳол сафҳаҳои ин созишномаро варақе назадааст.

Агарчи он санад роҳе буд, барои ҷилавгирӣ аз даромадҳои аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф, локин чунон ки мегӯянд, "чоҳкан зери чоҳ".
Азбаски як идда афроди "бузург"-и ҳукуматамон олудаи чунин фасод мебошанд, нахостанд, ки боре ҳам ба он сафҳа назар андозанд. Вале банда ҳамин қадар медонам, ки музди кам, баракаташ (моликият) зиёд.

Аз бухл касе ки мекунад ваъдаи дурӯғ
Бигрез аз ӯ, ки об дорад дар дуғ.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
---------------------------------------
Не, албатта. Мо инро ба чашм мебинем, вале то ҳол дар матбуот во нахӯрдаем.

Даврон
---------------------------------------
Агар мансабдоронамон дар бораи дороии худ иттилоъи комил диҳанд, магарам ҳамаашон бояд мустақиман ба зиндонҳо мунтақил гарданд. Барои он ки ҳамаашон қасру манзилҳои боҳашамат, мошинҳои охирзамон доранд ва парвои номи неку парвои фардоро намекунанд.

Сарчашм
---------------------------------------
Ман, росташ, ин хабарро аз сомонаи радиои Озодӣ хондам, барои он ки ман дар хориҷ аз кишвар ҳастам. Ва баъд ин ки фикр намекунам, вазирон моликияти худро ба давлат намоён кунанд, барои он ки ин моликият аз роҳи дуруст ба даст наомадааст. ва онҳо аз чунин оқибат метарсанд, ки мавриди пурсиш қарор гиранд ва дар бораи музди моҳонаи онҳо медонам, ки зиёд нест. Барои ҳамин онҳо ба роҳҳои дигари дарёфти пул даст мезананд.

Донишҷӯ
---------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG