Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалли сулаймонии Қонуни афви Афғонистон


Ҳазрати Сулаймон баҳси ду модарро, ки ҳарду мегуфтанд, фарзанд аз онҳост чӣ гуна ҳал кард? Вай ҳукм кард, кӯдак ду порча шавад ва ҳар пора ба модаре дода.

Қонуни афви Афғонистон пас аз бознигарӣ як андоза тағйир хӯрд. Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай онро напазируфт ва бозпас ба порлумон баргардонд, то такмил шавад. Аммо таҳрири нави қонун низ посухи рӯшан намедиҳад, ки оё айбдоршавандагони ҷиноятҳои ҷангӣ афв хоҳанд шуд ё на.

Тибқи қонуни таҳриршуда, айбдоршавандагони ҷиноятҳои ҷангӣ афв мешаванд, вале ба шарте агар ҷабрдидагони ин ҷиноятҳо ба онҳо даъво надошта бошанд. Аммо агар ҷабрдидагон даъво ҳам карданд, талоши исботи ин даъво на дар дӯши додситонҳо, балки дар дӯши худи муддаъиён хоҳад буд.

Шӯрои уламои дини Афғонистон пешнависи қонунро танқид кард ва гуфт, порлумон ҳақ надорад, танҳо дар заминаи онки ҷабрдидагони муҷримонро бахшидаанд, ҷинояткорони ҷангро афв кунад.

Аммо Мавлавӣ Муҳаммад Мӯсо, олими фиқҳ аз вилояти Нуристони Афғонистон мегӯяд, афв метавонад ояндаи оштии миллиро дар кишвар тахриб кунад: "Ба фикри мо, ин ба миллат мадад намекунад. Ин ба суди онҳоест, ки дар ҷанг ҷиноят кардаанд ва дигаронро ба чунин ҷиноятҳо илҳом мебахшад. Мо президент Карзай ва порлумонро интихоб кардем, то аз ҳаққи мо ҳимоят кунанд. Аммо баракс онҳо афродеро мебахшанд, ки ҳаққи моро поймол кардаанд."

Вадир Сафӣ устоди ҳуқуқ ва улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Кобул аст. Вай мегӯяд, афғонҳо аз қонуни афв дар хашманд, зеро бисёре аз аъзои порлумон худ дар ҷиноятҳои ҷанг айбдор мешаванд: "Иҷоза диҳед, бигӯем, ки тасвиби чунин қонун дар салоҳияти палатаи поёнии порлумон набуд. Ба он маъно ки намояндагони палатаи поёнии порлумон набояд аъмоли худро қазоват кунанд."

Таҳрири нави қонун на ба афроди алоҳида, балки ба ҳамаи гурӯҳҳо, онҳое ки дар солҳои 80-ум ба муқовимати зидди шӯравӣ раҳбарӣ карданд ва онҳое ки баъдтар кишварро ба ҷанги хонагӣ кашиданду дар онҳ даҳҳо ҳазор нафар кушта шуд, афви умумиро раво мебинад.

Мушкаборонҳои Кобул дар солҳои 1992 то 1995 ва ҳалокати ҳазорон нафар аз аҳолии Кобул низ яке аз айбномаи ҷиноятҳои ҷангист.

Ҳатто бархе аз аъзои ҳукумати Карзай низ дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мешаванд.

Созмони Дидабони ҳуқуқи башар, марказаш дар ИМ, мегӯяд, ноиб-президент Карими Халилӣ ва раиси ситоди артиш Абдулрашиди Дӯстум аз онҳое ҳастанд, ки бояд дар додгоҳи махсуси ҷиноятҳои ҷанг ҷавоб диҳанд.

Дар гузориши соли гузаштаи худ Ҳюман райст Увотч инчунин вазири инержӣ Исмоилхон, мушовири амниятии Карзай Муҳаммадқасими Фаҳим, узви маҷлис Абдулрасули сайёф ва президенти пешин Бурҳонуддини Раббониро дар ҷумлаи "бадтаринҳо" ном бурдааст.

Бо вуҷуди ин қонуни афв тарафдорони худро дорад. Дар моҳи феврал даҳҳо ҳазор нафар дар варзишгоҳи Кобул, дар як ҳамоиш бо сарпарастии намояндагони порлумон ширкат карда.

Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон бар инанд, ки қонуни афв беҳтарин роҳи пешрафт дар оштии миллист, ки аз лағжидани кишвар ба як ҷанги дохилии бесарусомон нигаҳ медорад. Чунончи, Ҳафизуллоҳ, пизишке аз Кобул мегӯяд: "Ҳамаи шаҳрвандон медонанд, ки оштии миллӣ ба манфиати кишвар аст. Ин ҳам рӯшан аст, ки тамоми миллат аз бахшоиш ва оштӣ истиқбол мекунад."

Аммо Сайид Зайнобидин, сокини Маймана дар шимолуғарби Афғонистон, мегӯяд, чунин қонун беҳтар буд мавриди назархоҳии умумӣ қарор мегирифт: "Бояд назари мардумро гирифт ва онро иҷро кард."

Дар ин байн зиндониёни маҳбаси Ҳирот ба нишони эътироз аз қонуни афв гуруснашинӣ эълон карданд.
Ғулом Набии Ҳаккок, раиси дафтари Кумисюни мустақили ҳуқуқи инсон дар Ҳирот бо маҳбусон мулоқот кард ва мегӯяд, маҳбусон асосан бенавоёне ҳастанд, ки аз додгоҳи одилона ва ҳатто вакили мудофиа маҳрум буда, ҳукм гирифтаанд. Ҳаккок гуфт, як маҳбус ҳатто ба нишони эътироз аз қонуни афв лабони худро дӯхтааст.
XS
SM
MD
LG