Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сояи тираи дуди Андиҷон


Эндрю Туллӣ Мусоҳиба бо Эрика Баркс-Рагглз, ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар бораи гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон дар соли 2006.

Озодӣ: Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои сармоягузориҳои ғарбӣ хеле бозанд, аз Ғарб кӯмакҳои зиёде ҳам мегиранд. Оё ин кӯмакҳо ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар ин мамолик мусоъадат кардаанд?

Эрика Баркс-Рагглз: "Дар Қазоқистон, бо вуҷуди пешрафтҳои мӯътадил, ки мо масалан, дар муборизаи зидди қочоқи инсон мебинем, вазъи ҳуқуқи инсон дар он ҷо ҳамонон бад аст. Зидди матбуот маҳдудиятҳои наве пайдо шуд, ҳамлаҳо ба мухолифон идома дорад ва чизе ки на танҳо дар ин ҷо, балки дар ҳамаи Осиёи Марказӣ ва инчунин Русия ҳарчи бештар моро нигарон мекунад, ин фишори рӯзафзун ба созмонҳои ғайридавлатии ҷомеаи шаҳрвандист. Ин ниҳодҳо талош доранд, дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо роҳҳои беҳбуди масъулиятҳои худ ва беҳбуди ташкилоти худро пайдо кунанд."

Озодӣ: Туркманистон тайи муддати мадиде як давлати баста ё пӯшида унвон мешуд. Оё ин чунин маънӣ дорад, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар бад буд ва оё дар як соли охир тағйире дар ин вазъ буд, мусбат ё манфӣ?

Эрика Баркс-Рагглз: "Туркманистон то моҳи декабри соли гузашта, то марги президент Ниёзов, пушидатарин ҷомеаи минтақа буд. Ҳукумати нав аз баъзе ислоҳот аломат медиҳад. Онҳо махсусан ба ислоҳи риштаи маъориф таъкид мекунанд, ки арзандаи таҳсини мост. Ин як зарурат аст. Вале, албатта, мо мехоҳем, бубинем, ин ҳукумати нав, ки танҳо дар моҳи феврал сари кор омад, оё мақсад хоҳад дошт, ки вазъи бениҳоят бади ҳуқуқи инсонро низ дар назар гирад. Мехоҳем бубинем, масалан, озодии бештари матбуот ва имкони таъсиси созмонҳои ғайридавлатии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки қаблан набуд дода мешавад? Оё фазои сиёсӣ боз мегардад, то гуногунфикрӣ ва назарҳои мухолиф садо диҳад? Оё масъулияти маҳбусоне, ки режими пешина ба зиндон афканд, чӣ хоҳад шуд? Оё Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ба ин маҳбасҳо роҳ хоҳад ёфт?

Озодӣ: Аз хунрезиҳои Андиҷон дар шарқи Ӯзбакистон қариб ду сол мегузарад. Дар ин байн вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар чӣ гуна буд?

Эрика Баркс-Рагглз: "Дар бораи Ӯзбакистон бояд гуфт, ки ин кишвар ба андозаи Туркманистон баставу пӯшида набуд. Аммо вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ҳамчунон бад буд ва дар соли гузашта бадтар шуд. Онҳо даъвати ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳқиқи мустақилонаи байнулмилалии рӯйдодҳои моҳи майи соли 2005 дар Андиҷонро рад карданд. Фишор ба созмонҳои ғайридавлатии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ӯзбакистон дар ин байн идома кард ва қавитар шуд. Онҳо дар ду соли гузашта зиёда аз 200 чунин созмонро, ки бештарашон маҳаллӣ буданд, аз байн бурданд. Ва саркӯбии оппозисюни сиёсиву матбуоти мустақил ҳамоно идома дорад. Мо аз онҳо даъват мекунем, қадами ақиб гузоранд ва ҳамкориро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки чунин даъватро мекунад, шурӯъ намоянд. Мо умедворем, ки дар соли оянда баъзе пешрафтҳоеро хоҳем дид, вале имсол, мутаассифона, на."

Озодӣ: Оё вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ин кишварҳо фарқ дорад, дигаргун аст, зеро дар Душанбе одат доранд, худро бо Туркманистону Ӯзбакистон қиёс кунанд ва фахр намоянд, ки вазъи онҳо беҳтар аст.

Эрика Баркс-Рагглз: "Онҳо баъзе мушкилиҳои ҷиддии марбут ба коррупсия доранд, ки ба ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ мумониат мекунад. Вале ин кишвари пушидае нест, онгуна ки Туркманистон буд. Созмонҳои ғайридавлатии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фаъоланд, ҳарчанд онҳо низ дар соли гузашта зери фишори афзоянда қарор доштанд ва мо умедорем дар соли нав ин фишор коҳиш ёбад. Ба таври вижа, мушкилиҳое буд, ки ба баъзе созмонҳои ғайридавлатӣ имкону иҷозаи кор дода намешуд ва ҳамингуна ба баъзе аз расонаҳои мустақили ахбори ом. Ва боз ҳам, умедворем, дар соли навбатӣ пешрафте ҳосил гардад. Аммо ин кишвар дар сафи Туркманистони замони гузашта қарор надорад."

Озодӣ: Ва ниҳоят, Қирғизистон. Дар ин ҷо ҳам аз шӯриши оммавӣ, ки президент Аскар Оқоевро аз кишвар ронд, ду сол мегузарад. Оё вазъи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон дар соли 2006 чӣ гуна буд?

Эрика Баркс-Рагглз: "Қирғизистон дар соли гузашта воқеъан як манзараи омехта дошт. Вазъият, албатта, аз ончи дар давраи Оқоев буд, беҳтар аст, вале мо ин ҷо ҳам афзоиши маҳдудиятҳои зидди матбуот ва созмонҳои ғайридавлатиро мебинем. Ин ҷо пешрафту пасрафтҳое буд дар гуфтушунидҳои ислоҳи қонуни асосӣ дар моҳи декабр, ки мутаассифона, на бо беҳбудиҳое анҷом ёфт, ки мо мехостем, бубинем. Мо мехоҳем, дар байни қудратҳои иҷроия ва қонунгузор мувозанати бештаре бошад, аммо манзара ҳамоно омехта боқӣ мемонад.
Бо вуҷуди ин Қирғизистон матбуоти ҷасури мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандии фаъол дорад ва мо умедворем, дар соли нав ҳукумат ин рукнҳоро тақвият дода, ислоҳти қонуни асосиро беҳтар мекунад."
XS
SM
MD
LG