Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат дар Бағдод коҳиш хоҳад ёфт?


бунгоҳи хабарии Радиои Озодӣ Генерал Дэвид Петреус - фармондеҳи нави неруҳои низомии Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ изҳор кард, ки татбиқи тарҳи таъмини амният дар Бағдод ва хунсо кардани гурӯҳҳои ошубгар шояд чанд моҳро дарбар гирад. Ӯ ҳамчунин идомаи ҳамлаҳои пурсару садои ошубгаронро ногузир арзёбӣ кард.

Генерал Петреус, ки аз моҳи гузашта фармондеҳии неруҳои амрикоӣ дар Ироқро бар дӯш дорад, дар нахустин нишасти хабарии худ гуфт, аз нигоҳи ӯ, ҳафтаҳои аввали татбиқи амалиёти таъмини амнияти Бағдод ошубгарон ба ҳамлаҳои худ тақвият хоҳанд бахшид:

Мутаассифона, иддае аз гурӯҳҳои терррористӣ амалҳои ваҳшиёнаи худро қатъ нахоҳад кард. Дар воқеъ, мо тахмин мезанем, ки ҳафтаҳои наздик онҳо ҳамлаҳои худро густариш медиҳанд то низоъи байнимазҳабиву қавмиро барангезанд ва аз амалиёти нави мо Фард Ал Қонун ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳамзамон генерал Петреус гуфт, ки баъзе падидаҳои хушбинона низ ба чашм мехуранд, аз ҷумла тайи чанд ҳафтаи ахир хушунати мазҳабӣ дар Бағдод коҳиш ёфтааст.
Рӯзи чаҳоршанбе вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида дархости генерал Дэвид Петреус барои ба Бағдод фиристодани 2 ҳазору 200 пулиси низомии амрикоӣ ба изофаи 21 ҳазору 500 низомӣ ва 2 400 тан аз неруҳои кумакрасони мустақар дар пойтахти Ироқро пазируфт. Пентагон интиқоли неруҳои иловагии пулиси низомиро бо имкони афзоиши теъдоди боздоштшудагон дар ҷараёни амалиёти таъмини амният дар Бағдод марбут мекунад.
Генерал Дэвид Петреус гуфт, ки, аз нигоҳи ӯ, татбиқи нақшаи таъмини амният дар Бағдод шояд то моҳи июн идома ёбад. Ба ин хотир нӯҳ баталёни ироқӣ ва ду бригадаи амрикоӣ вориди Бағдод мешаванд ва таҳкими неруҳо ҳафтаҳои наздик идома хоҳад кард.
Генерал Петреус ҳамчунин ҳамлаҳо болои зоирини шиамазҳабро, ки барои анҷоми маросимҳои мазҳабӣ вориди Карбало мешаванд, шадидан маҳкум кард. Тайи се рӯзи ахир бар асари ин ҳамлаҳо беш аз 150 нафар кушта шуданд ва мақомоти Ироқ дар ин ҳаводис ошубгарони суннимазҳабро муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG