Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машҳуртарин занони ҷаҳон


Ҳоло занон раҳбарии 14 кишвари ҷаҳонро бар уҳда доранд. Масалан, дар Финландияву Ирландия, дар Филиппину Латвия ва дар Чилливу Либерия занон раиси ҷумҳуранд. Дар конфедератсияи Суис ва дар федератсияи Боснияву Ҳерзегувен низ занон раиси ҷумҳур мебошанд. Дар Олмону Зеланди Ҷадид, дар Мозамбику Ямайка, ва Курёи Ҷанубӣ занон мақоми нахуствазириро бар уҳда доранд.


Номҳое, аз қабили Индира Гондӣ-нахуствазири фақиди Ҳинд, Маргорет Тетчер-нахуствазири собиқи Бритонё, Беназир Бҳутто-нахуствазири собиқи Покистон, Тансу Чиллер-нахуствазири собиқи Туркия, Холида Зиё-нахуствазири собиқи Банглодеш то ҳол бар сари забонҳост ва дар сафҳаи торих сабт шудааст.


Агар ба вазъи занон дар ҷомеъаи имрузи Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки занон чандон мавқеи баде дар ҷомеъа надоранд. Масалан, тибқи як натиҷагирӣ, ки Иттиҳодияи Байнипорламонӣ анҷом додааст, дар миёни 189 порламони ҷаҳон Тоҷикистон ва Узбакистон аз лиҳози намояндагии занон дар порламонҳои худ ҷои 62-умро бо ҳам дидаанд. Дар Маҷлиси Болоии порламони Тоҷикистон аз 34 курсӣ 8 курсиро занон ишғол мекунанд. Дар Маҷлиси Поёнӣ аз 63 курсӣ 11-тоаш дар дасти занон аст.

Руондо ва Суэд аз лиҳози узвияти занон дар порламонҳояшон мақоми якум ва дуввумро доранд. Афғонистон мақоми 25-ум, яъне 37 зина болотар аз Тоҷикистон қарор дорад. Бритонё дар ҷои 52-юм, яъне 10 зина болотар аз Тоҷикистон ва Амрико дар ҷои 67-ум, яъне 5 зина поинтар аз Тоҷикистон ҷой гирифтаанд. Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шуравии собиқ баъд аз Белорус аз лиҳози намояндагии занон дар порламон ҷои дуввумро ишғол мекунад.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Руондову Перу ва Белорусу Фаронса аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки намояндагии занон дар порламонҳояшон бештар аст. Масалан, тақрибан 50 дарсади намояндагони порламони Руондоро занон ташкил медиҳанд.

Аммо дар миёни 189 порламони ҷаҳон Қирғизистон дар гуруҳи кишварҳои ахир ҷой гирифтааст. Дар порламони Қирғизистон аз 72 намояндаи порламон ҳатто як нафар зан нест. Чунин вазъ аз чашми коршиносон дур намондааст. Ҷолбор Ҷоробеков-собиқ намояндаи порламони ин кишвар аз чунин вазъ изҳори таассуф кард ва сабаби онро ин гуна тавзеҳ дод:


"Албатта, боъиси таассуф аст, ки дар порламон ягон зан нест. Дар мақомоти раҳбарӣ низ ҳузури занон хеле ночиз аст. Ман фикр мекунам, ки мо соли 2010 интихоботи порламонӣ баргузор мекунем ва номзадҳо аз феҳристи ҳизбӣ низ пешбарӣ хоҳанд шуд. Дар он сурат мо чанд нафар зан дар порламон хоҳем дошт. Ман шахсан аз гуфтани шумораи намояндагони зан дар порламони оянда худдорӣ мекунам ва наметавонам бигуям, ки онҳо бо мардон дар порламон намояндагии баробар хоҳанд дошт. Вале фикр мекунам, ки кори занон аслан тарбияи фарзандон ва ба камол расонидани насли нави арзанда мебошад. Бо ин вуҷуд доштани 10 ё 20 дарсади намояндагони зан дар порламон амри табиъӣ ба назар мерасад".


Ойчибек Эшимова-раиси Кумиссюни Марказии Интихоботии Қирғизистон мегуяд, вай саъй хоҳад кард, ки соли 2010 интихоботи озоду одилона баргузор шавад:


"Интихоботро кумиссюни интихоботӣ созмон медиҳад, на мақомоти давлатӣ. Ман ба унвони узви ин кумиссюн аз муддатҳо қабл бар зидди дахолати давлатдорон дар интихобот мубориза мекунам".


Андерс Ҷонсон-Дабири Кулли Иттиҳодияи Байнипорламонӣ мегуяд, агар занон дар порламон ҳузур дошта бошанд, ҳалли масъалаҳои ҳассос ба миён меояд ва маъмулан қонунҳои хуб ба тасвиб мерасанд:


"Мо дарк мекунем, ки занон дар порламон нисбат ба мардон масъалаҳои мухталифу ҳассоси иҷтимоъиро матраҳ мекунанд ва он ба чигунагии қонунҳо, тақсимоти будҷа ва барномаҳои ҳассоси гендерӣ ва умуман ба беҳбудии вазъ аз нуқтаи назари баробарии марду зан асар мегузорад ".

Аммо нуктаи дигаре, ки мехоҳем ёдоварӣ кунем, ин аст, ки дар остонаи иди занон 8-уми март як созмон барои таъйини сад зани машҳури ҷаҳон назархоҳӣ анҷом додааст. Ангела Маркел-нахуствазири Олмон машҳуртарин зани дунё шинохта шудааст. Кондолиза Райс-вазири умури хориҷаи Амрико дуввумин ва Ву Йӣ-муовини нахуствазири Чин севвумин зани машҳури ҷаҳон дониста шудаанд. Ҳилларӣ Клинтон, ки барои курсии раёсати ҷумҳурии ояндаи Амрико муборизаро оғоз кардааст, дар ҷои 18-ум аст.

Нуктаи дигаре, ки дар ин радиф ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, Симо Самар -раиси Кумиссюни Мустақили Ҳуқуқи Башари Афғонистон аст, ки дар миёни сад зани машҳури ҷаҳон дар ҷои 28-ум қарор дорад. Лора Буш-хонуми Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури кунунии Амрико дар мақоми 43-юм аст. Кристина Амонпур -хабарнигори иронитабори ширкати телвизюнии Си Эн-Эн-и Амрико низ ба гуруҳи сад зани машҳури ҷаҳон даромадааст ва дар ҷои 79-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG