Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад С.Ҳусайнӣ: "Барномаи ман бештар иҷтимоист"


ки рӯзи 1 апрели соли равон баргузор мешавад.

Оқои Ҳусайнӣ, албатта ба ҳайси номзади интихоботӣ аз Шумо ин чиз дар қадами аввал пурсида мешавад, ки дар барномаи пешазинтихоботии Шумо чӣ нукоти муҳиме зикр ёфтааст?

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Дуруст аст, ки вақте ин ё он номзад вориди муборизаҳои сиёсӣ мешавад, ӯ барномаи хоси худро барои муаррифӣ ба интихобкунанда дорад. Ва ҳоло бархе аз нукоти ин барномаро ҳузури интихобкунандагон арз медорам. Муҳимтарин нуктаи барномаи интихоботии ман ин робита мегирад, ба масоили сиёсӣ. Аз нигоҳи банда, ки дар барномаи пеш аз интихоботиам зикр шудааст, бояд дар Тоҷикистон мансабдорони давлатӣ ба мисли вакилон интихобӣ бошанд. Бавижа, руасои вилоёт, навоҳӣ ва ҷамоатҳо. Агар мансабдорони давлатӣ аз ҷониби мардум интихоб шаванд, онҳо ҳатман худро дар назди мардум ҳисоботдиҳанда меҳисобанд ва идомаёбии умри мансаб ва вазифаи худро дар то чӣ андоза қабул кардани мардум мебинанд. Бинобар ҳамин фаъолияти худро барои хайри мардум, барои хушбахтӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум сафарбар мекунанд. Ва дигар нуктаи барнома марбут ба баланд бардоштани иқтисодиёти мардум аст. Мо дар назар дорем ҷиҳати боло бурдани сатҳи рӯзгори мардуми манотиқи куҳистонӣ фаъолияти корхонаҷоти тавлиди маҳсулоти меваҷотро ба роҳ андозем. То ба ин васила ҳам маҳсулоти ин мардум ба дохил ва хориҷи кишвар интиқол ёфта дар пешбурди рӯзгорашон кӯмак кунад. Дар барнома мо ҳамчунин афзоиши маош ва моҳонаи муаллимин, табибон, аҳли фарҳанг, бознишастагон ва донишҷӯёнро пешбинӣ кардаем. Албатта, сарчашмаи афзоиши ин маошро метавон аз коҳиши ҳаргуна идҳо ва чорабиниҳои пурхароҷот ва сермасрафе, ки ҳамасола дар кишвари мо доир мешавад, пайдо кард. Барои кишваре, ки қисмати аъзами аҳоиаш дар зери хати фақр қарор дорад, фикр мекунам, беҳтар кардани маош муҳимтар аз чунин чорабиниҳое, ки аз ҳисоби буҷа сурат мегирад.

- То чӣ андоза бар пирӯзии худ итминон доред ва умуман ба назаратон шумо чӣ қадар раъйи мардумро ба даст хоҳед овард?

- Мо аз он ки ба ин мубориза ворид шудаем, ҳатман, ки дастовард ва муваффақиятҳои худро омӯхтагӣ ҳастем. Ва хусусан дар ин минтақае, ки мо ба интихобот ворид шудем, яъне дар ноҳияи Фирдавсӣ ва қисман ноҳияи Синои Душанбе мо мутмаин ҳастем, ки аксарияти ороро ба даст хоҳем овард. Вале мутмаинем, рақибонеро, ки имрӯз дар муқобил дорем, он миқдори раъйеро, ки мо ба даст меорем , оварда наметавонанд.
Мо ба умеди он ки имрӯз не фардо натиҷаи чунин интихобот баргузоркарданҳоро, натиҷаи шуми онҳоро хоҳанд чашид ва хоҳанд дид, ашхосе, ки лаёқатманд набуданду вале вориди порлумон ё вориди яке аз вазифаҳое аз вазоифи давлатӣ мешаванд, ашхоси нолоиқ ҳастанд дер ё зуд дарк хоҳанд кард ва умуман мардум ҳам вақте ки вориди интихобот мешаванд ва онҳо овозҳои худро ба сандуқҳо мерезанд ва медонанд, ки ба кӣ овоз додаанд, вале аз сандуқ шахси дигаре эълон мешавад, як рӯз не як рӯз мардум инро дарк хоҳанд кард ва ниҳоят як рӯз ҳаққи худро талаб хоҳанд кард. Бо ин умед мо вориди ин саҳнаҳо хоҳем шуд. Дар ҳар ҷое аз он ашхос, ки ба ин интихоботҳо сарукор доштаанд ба ҳангоми мулоқот бо мо мегӯянд, ки дар ҳақиқат ин миқдори овоз аз шумо буд вале мо чунин кардем. Ин муносибатро метавон як ноҳақие аз ҷониби онҳое донист, ки интихоботҳоро ташкил мекунанд. Беҳтараш бигӯем аз ҷониби рақибони мо, хусусан аз ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастанд. Чун онҳо медонанд, ки маҳбубияте дар миёни халқ надоранд ва ба ин хотир, ки мо дар он ҷо овози хуб ба даст наоварем, бинобар ин сандуқҳои раъйро дар блокадаи худ мегиранд, ягон нафар аз намояндаи ҳизби дигарро роҳ намедиҳанд ва ин барои онҳо даст медиҳад, ки ҳар кореро, ки бихоҳанд, анҷом медиҳанд. Вагарна чун ба воқеияти пирӯзӣ, ки бовар дошта бошӣ, итминон дошта бошӣ, ки мардум ба ту маҳбубият доранд, интихоб хоҳи шуд ва сазоворат медонанд, чаро метарсӣ, ки як намояндаи ҳизби дигар биравад дар сари сандуқ бишинад.

- Бархе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба наҳваи баргузории чанд интихоботи ахир бар ин назар ҳастанд, ки ҲНИТ ба як ҳизби ҷайбӣ ва хеле хушмуомила табдил ёфтааст, зеро ки бо вуҷуди шикастҳои пайдарпай дар ҳамин гуна маъракаҳо бо иштироки худ машруъияти ҳамин гуна интихоботҳоро барои ҳизби ҳоким таъмин мекунад. Назари шумо чӣ аст?

- Дуруст аст, мо ин суханонро аз ҳар ҷое гаштаву баргашта мешунавем. Мо як ҳизби комилан мустақил, ҳизбе ҳастем бо таърихи беш аз 30-солаи фаъолият бо ҳолоти гуногун. Ҳолати ҷанг, ҳолати сулҳ , ҳолати муборизаҳои сиёсӣ, ҳолати ҳиҷрат дар хориҷу дохил хулоса ҳамаи таҷрибаҳоро доро ҳастем. Мо дидем, ки дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳури номзади худро ширкат надодем ва интихоботро машрӯъият набахшидем. Аз дидгоҳи он коршиносон, ки агар иштироки мо интихоботро машрӯъият мебахшида бошад, мо ин корро накардем. Ва ин интихоботҳои порлумонӣ, ки мо дар он ҷо ворид шудагӣ ҳастем, ҳамагӣ медонем, ки бо тамоми қувваву қудрате, ки дорем ворид мешавем, мубориза мебарем. Аслан ҳизби мо ҳизбе ҳаст, ки бо ду роҳ пеш меравад. Ҳам ба даст овардани ин дунё, яъне умури идории дунявӣ ва ҳам ба даст овардани ризои худо дар ин роҳ , ки барояш ҳарду баробар муҳим аст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки дар ин ҷо макру ҳиялу шайтанате, ки дигар аҳзоб истифода мекунанд, дидаву дониста дар ҳамин рӯзи рӯшан дигар аҳзоб истифода мекунанд, ҳизби мо ба ин корҳо даст нахоҳад зад.

- Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки як идда аз роҳбарони имрӯзаи ҲНИТ, ки ҳоло ба бизнес машғул ҳастанд ва манофеъи шахсӣ доранд ва инҳо ҳастанд, ки талошҳо барои муборизоти ҷиддитарро ҷилавгирӣ мекунанд.

- Дуруст аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо ба ҷуз аз бизнес ва дигар корҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ манбаи даромаде дигар пайдо карда намешавад. Болотарин маоше, ки раиси мо ба ҳайси узви Порлумон мегирад, намедонам, 1000 сомонӣ ё болотар аз он ба бензинпулӣ кифоят намекунад. Маҷбур ҳастем, ки ба шуғлеву коре даст бизанем. Вале ин маънои онро надорад, ки худро ва ин ҳизби ниҳоят бузурги соҳиби обрӯро ҳатман бариву дучори ин мушкилот бикунӣ. Имрӯз агар моро маҳдуд мекунанд, имрӯз агар нафарони моро ба комиссиюнҳои қитъавӣ роҳ намедиҳанд, мо ба додгоҳ даводав мекунем ва ҳама ниҳодҳое, ки фаъолият доранд ба онҳо муроҷиат мекунем. Ва имрӯз ҳам тасмим бар ин шуд, ки ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахтро ба додгоҳ бикашем, чунки вай ҳаққи моро дар ин ҷо нодида гирифтааст. Натиҷааш барои мо муҳим нест. Муҳим ин ки мо ин иқдомотро анҷом хоҳем дод.

- Гаравпулии имрӯзаи интихоботӣ чанд пул аст ва ин маблағро шахсан худи шумо ё аз буҷаи ҳизб пардохт кардаед?

- Гаравпулӣ 200 ҳадди ақали маош, ки 4000 сомонӣ мебошад ва ин маблағро ҳизб пардохт кардааст.

- Шумо каме пештар гуфтед, ки ҲНИТ таърихи беш аз 30 сола дорад ва тӯли ин таърих бисёр мароҳил, аз ҷумла давраи ҷангиро низ пушти сар шудааст. Аммо имрӯз чунин ба мушоҳида мерасад, мегӯянд коршиносон, ки фаъолияти расмии як ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон боиси миннатгузории доираҳое шудааст ва аз тарафи дигар масъулини ин ҳизб низ бо тафохур аз ин ки танҳо ҳизби исломии фаъол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст, сӯҳбат мекунанд.

- Фаъолият кардани як ҳизби сиёсии исломӣ дар кишвар аслан ин ифтихори ҳукумат аст аз он ки ифтихори мо бошад. Ва мебояд мо болои ҳукумати Тоҷикистон миннат бор кунем аз он ки онҳо болои мо миннат бор мекунанд. Ман ғайри мустақим шунидаам, ки вақте мо дар соли 1999 омода будем барои азсаргирии фаъолияти ҲНИ дар кишвар, раиси ҷумҳурӣ бисёр мехост, ки дар исми он як миқдор тағйирот ворид карда шавад ва калимаи исломияташ ҳазф шавад. Вале раиси мӯҳтарами мо, марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қонеъ кард президентро, ки имрӯз рӯзест, ки мо тоза ворид шудагӣ ҳастем ва дигару дигар нерӯҳое дорем, ки ҳассосият доранд, агар калимаи исломиро аз ҳизб бардошта кунем, онҳо мумкин ки моро зери маломати зиёд қарор диҳанд ва розӣ ҳам нашаванд. Бигзор як ду се сол биравад, баъд дар оянда сари ин масъала фикр мекунем. Вақте ки қонеъ шуданду ҳизби исломӣ бо ин ном сабти ном шуда ба фаъолият шурӯъ кард ва ин боис шуд, ки дар тамоми маҷомеъи байналмилалӣ раиси ҷумҳури мо соҳиби иззату эҳтиром шуд ва ҳама васф мекарданд, ки беҳтарин раиси ҷумҳур аст, ки дар кишвараш ҳизби исломӣ амал мекунад. Ҳамин буд, ки устоди гиромиқадри мо дар соли 2003 пеш аз он ки анҷумани дуюмамонро баргузор кунем бо раиси ҷумҳурӣ ҳам як миқдор масъаларо матраҳ карданд, ки акнун ин вақти он расидааст, ки исми ҳизбамонро тағйир бидиҳем тибқи машварати собиқ, ки раисиҷумҳурӣ гуфтааст, ки на, на на. Ҳаргиз ба исми ин кор нагиред, ки ҳамаи обрӯи мо дар хориҷ аз пушти ин ҳизб аст. Мо ҷойи миннат гузоштан ба инҳо дорем онҳо чи ҷойи миннатгузорӣ ба мо доранд?

- Чун ҳизб Наҳзати исломӣ номида мешавад, ниҳояти ҳадафи шумо чӣ аст? Оё ҳизб ормони бунёди як давлати исломиро дорад?

- Имрӯз, ки дар кишвари мо маънавиёт ва ахлоқ хело поин рафтааст фаъол шудани дин ва диндорон, кашидани онҳо дар ҷомиа, ворид кардани онҳо дар системаҳои таълимӣ дар макотиби олӣ ва миёна сабаби боло рафтани маънавиёт ва ахлоқиёти ҷомиа мешавад, ки яке аз қисматҳои барномаи мо ҳам аст. Аҳдофи ҳизби мо дар оинномаи он сабт шудааст. Ва ҳадафи мо ҳоло бунёд кардани як ҷомиаи исломӣ нишон дода нашудааст. Ва мақсади мо исломикунонии ҷомиа аст. Исломикунонии ҷомиа аз ҷомиаи исломӣ фарқ дорад ва мо мехоҳем, ки як миқдор мардумро бо тарбия бо ворид шудан ба системаҳои таълиму тарбиву бо ҷалб кардани диндорон ҳам ба ҳукумату ҳам ба системаҳои маориф тавонем, ки сатҳи маърифати динии мардумро боло бубарем. Дигар мардум медонад, ки ҷомиаи исломиашон мефорад ё ғайриисломӣ.

- Имрӯз ҲНИТ ба фарқ аз ду соли пеш ҳам раис дорад ва ҳам роҳбари рӯҳонӣ. Чаро чунин ҳолат пеш омадааст?

- Барои ҳамагон маълум аст, шахсияте, ки ҳам қобилияти идораи умури сиёсӣ ва ҳам маънавиро дар ҳизб дошт -устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ -аз дунё гузашт . Ва аз боқимондагон, ки боқӣ мондем, воқеан бисёр шахси сазовор устод Муҳамадшариф Ҳимматзода ҳастанд, ки мутаассифона бар асари маризӣ наметавонанд, ки сари кор бошанд. Дигар афроде, ки доштем ҳамагӣ ҷавонҳо ҳастему худро сазовор ба як масъулияте, ки ҳам идораи умури сиёсиро ва ҳам идораи умури маънавиро аз нигоҳи як ҳизби мо ,ки як ҳизби динист, ки дар он мақоми маънавӣ як мақоми бузургест ва ҳеҷ кадоме аз мо қобилияти амалӣ кардани онро надоштем. Бинобар он мо бародари ҷавонамон, бисёр лаёқатманд ва сиёсатмадор Муҳиддин Кабириро ба як овоз ҳамагӣ интихоб кардем ва он кас худро ба ҳамон масъулияти маънавиву пешвоии маънавӣ, ки сазовор намедид ва ӯ хоҳиш кард, ки ӯ танҳо дар сурате раёсати ҳизбро ба ӯҳда мегирад, ки нафаре аз ҷанбаи маънавиёт идора ва роҳнамоӣ кунад. Ин аз як ҷониб, аз ҷониби дигар бародар Кабирӣ ҳаргиз розӣ нашуд, ки ӯ раис бошаду устод Ҳимматзода, ки як шахси бузург аст дар симмати муовинати ӯ бошад. Ва ҳамин авомил боис шуд, ки мо аз устод Ҳимматзода хоҳиш кардем, ки агар Шумо дуруст аст, ки агар ба корҳои сиёсиву умури иҷроӣ машғул набошед, кори маънавиро , ки метавонед анҷом бидиҳед. Бинобар ҳамин биёед Шумо ҳамчун як роҳбари маънавӣ барои мо ҳидоятгар ва роҳнамо бошед. Вале раиси мо оғои Кабирӣ аст ва тамоми умур метавонад, ки дар дасти ӯ бошад ва танҳо шумо як пешвои маънавӣ як раҳбари рӯҳонӣ барои ҳизб ва раёсати имрӯзаи он буда бошед. Яъне ин ду омилро метавонем, ки сабаби аслӣ бигӯем.
XS
SM
MD
LG